МАКТУБИ ОХИРИН...

(Ёди аскари шаҳид)

Шаҳодат ба ҳавлӣ баромад, шамолаки тирамоҳ гӯшаҳои сарбандашро алвонҷ дода, гӯё аз сараш бурданӣ мешуд. “Ҳа, тирамоҳ низ аллакай ба охир расид, зимистон дар мекӯбад. Боз ҳамон сардиҳои тоқатфарсо, қабат-қабат пӯшидану кунҷи хонаро ихтиёр кардан”, аз дил гузаронд ӯ. “Либосҳои гармро ба рӯй баровардан лозим”, инро гуфту баргашта хона даромад. 
– Чаро зуд баргаштӣ, падарамро хабаргирӣ меравам гуфта будӣ-ку? – пурсид шавҳараш. 
– Тунук пӯшидаам, берун аёс, камзӯламро мепӯшам, – гуфт Шаҳодат. 
Кӯрпаю болиштҳои болои сандуқро як-як гирифта ба рӯйи гилем гузошт. Сандуқро кушод ва либосҳои ғафси худашу шавҳарашро гирифта ба ҷевони либосҳо овехт. Ногоҳ чашмаш ба албоми суратҳо афтод, ки онро аз дасти набераҳои кунҷков ба сандуқ ҷой карда буд. Оҳиста онро варақ зад, сурати бобою момо, падару модар, додарону хоҳарон...
Ба сурати додараки зардина, фарбеҳаки лунҷҳояш овезон, ки бо табассуми кӯдакона ба ӯ нигоҳ мекард, назар андохту дилаш озурда гашт. Беихтиёр аз дидагонаш ашк ҷорӣ шуд, ашки чун заҳр талх, ашки ҷудоӣ аз ҷигарбанд...
Додараш Фарҳодҷон 21 марти соли 1965 дида ба дунё кушода буд. Аҳли оила ӯро, ки баъди духтарҳо нахустписар буд, нозпарвар калон карданд. Дар дараю пастхамии кӯҳҳои осмонбӯси деҳааш бо ҳамсолонаш аз паси гӯсолаву барраю бузғола медавид, ҳезуму алаф мекашонд, бачаи шӯху беқарор буд ва бехабар аз қисмати талхи худ ба остонаи мактаб қадам гузошт. Тозаву озода мегашт, боодобу аълохон буд. Падари омӯзгораш Бурҳон Ҳайдаров таъкид мекард, ки фарзанди омӯзгор аз ҳама ҷиҳат бояд намуна бошад. 
Фарҳодҷон баъди хатми мактаби миёна соли 1982 ба Омӯзишгоҳи стоматологии Тошканд дохил шуд. Моҳи майи соли 1984 ӯро ба хоки Афғонистон ба хидмати ҳарбӣ даъват намуданд. Ҳамагӣ шаш моҳ хидмат кард...
– Яке аз рӯзҳои баҳории соли 1984, ки дар шаҳри Ашқобод дар қисми тайёрӣ хидмат мекардам, маро ба пункти қабул ҷеғ зада гуфтанд, ки хешат омадааст, туро диданӣ. Гӯё болу пар бароварда бошам, ҷониби қабулгоҳ давидам. Маро бо рӯйи кушоду лабони пур аз табассум Фарҳодҷони ҳамсинфам бо падару хоҳараш пешвоз гирифтанд. Фарҳод дар қисми дигар хидмат мекарду падару хоҳараш – Шарофат дидорбинӣ рафта буданд. Аз ин вохӯрии ғайричашмдошт ҳар ду ниҳоят хурсанд будем, аз ҳар хусус гап задем,– боре хотираҳояшро нақл карда буд ҳамсинф ва ҳамхидмати Фарҳодҷон – омӯзгори мактаби миёнаи рақами 43-юми деҳаи Эҷ Элмурод Рӯзиев. – Моҳи октябри ҳамон сол баъди хатми қисми тайёрӣ маро дар қатори рафиқонам барои идомаи хидмат ба Афғонистон сафарбар намуданд. Аз Кобул моро бо тайёраҳо ба деҳаи Рухаи дараи Панҷшер оварданд ва ҳамон лаҳза хабар ёфтам, ки Фарҳод низ дар ҳамин деҳа хидмат мекардаасту як ҳафта пеш аз омадани мо ба минаи душман бархӯрда таркидааст ва дар бемористони ҳарбии Кобул дили пур аз орзуҳои ширини ӯ аз тапидан мемонад. Ин хабари мудҳишро шунида, гӯё ба сарам оби сард рехта бошанд, шах шуда мондам. Назар ба гуфтаи ҳамяроқонаш ҳангоми машқи ҷангӣ бо гурӯҳи чанднафара аз боғҳои сердолу дарахти деҳае мегузаштанд. Дарахтони чормағз ғарқ пухта ба тагаш рехта буданд. Фарҳодҷон бачагӣ, чорбоғи мевазори падарро ба ёд оварда, аз саф баромада, чормағзҳоро чида ба кисаҳояш ҷой мекунад ва тозон ба саф баргаштанӣ мешавад, аммо ба мина бармехӯрад...
Ҷасади Фарҳодҷонро дар сандуқи оҳанин ба деҳа оварданд. Фиғони падару модар, аҳли байт ва ҳамдеҳагон ба фалак печид...
Шаҳодат бо дастони ларзон мактуби ҷигарбандашро, ки даруни суратҳо гузошта буд, гирифту бӯсид ва ба хондан шурӯъ кард: 
“Мактуби саломатӣ. Ассалому алейкум апаи азиз, Шаҳодат, чӣ хел, соқу саломат кори духтуриро давом дода гаштаедмӣ? Муборак шавад, тӯятон ҳам шуда гузаштааст. Ҳаминаш нағз нашуд, ки ман дар тӯятон нашудам, ду соли хидмат гузашта меравад. Аҳволи холоки Анбар, тағои Низом, янгаи Ҷиҳонгул ҳамаашон нағз гаштаандмӣ? Аҳволи хонангиҳои худамон, дигар ҳамқишлоқиҳо, тағоёну амакон чӣ хел?
Ман хати шуморо дар числои 9.07.84 гирифтам, хонда хурсанд шудам. Агар аз ман аҳвол пурсед, аҳволам нағз, хидматро бо ҳамроҳии дӯстонам давом дода гаштаам. Ҳозирча моёнба ягон кор нест, дар класамон дарс мехонем, ҳафтаба як рӯз мошин ҳай мекунем. Дар ҷойи мо ягон навигарӣ нест, ҳаво ҷудо ҳам гарм мебошад. Аз Нор хат гирифтам бо расмаш. Аз Одил ҳам хат омада истодаастмӣ? Апаи Шаҳодат, дар қишлоқҳои худамон чӣ хел навигариҳо шуда истодааст? Аз хона ман армия омадам, шумо баромада рафтед, оилаамон ким-чӣ хел зиқ будагист, хона тез-тез равед, ба апа ёрдам теед. Хайр боз чӣ менависам, агар хатоҳош бошад, мегузоред. Ба ҷавобаш интизорам. Бо салом додари шумо Фарҳод.(Адреси Дилмуродро аз хонашон гирифта фиристонед)”.
Шаҳодат ба мактуби охирини додараш дуру дароз нигоҳ карда, зери лаб пичиррос зад: “Додарҷони нокомам, ғӯрамаргам, агар ҳаёт мебудӣ, 58-сола мешудӣ. Соҳиби оила, зану фарзанду набераҳо мешудӣ. Ҳамсолонатро дида ҷигарам месӯзад. “Марги падару модар мерос, марги фарзанд теғи алмос” гуфтаанд. Доғи фарзанд модари меҳрубонро аз по афтонд, паҳлуят ба хок супурдем. Падари 90 солаамон дар ғами ту пири дардманд шуд. Ёдат бахайр, азизакам!” ва мактубро миёни суратҳо гузошт...
 
Саодат БЕКНАЗАРОВА.               

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: