Дар Ӯзбекистон Низоми ягонаи зеҳнии идоракунии нақлиёти автомобилӣ ҷорӣ карда мешавад

Қарори Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон "Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба такмили низоми маблағгузории нақлиёти ҷамъиятӣ" (ҚП № 139 аз 25 марти соли 2024) қабул шуд.

Тибқи қарор, барои ҳисоббаробаркуниҳо бо интиқолдиҳандагон ва ҷамъоварии пардохтҳо аз пардохти маблағ барои роҳкиро фондҳои махсус, ки дар дар идораҳои нақлиёт дар маҳалҳо бидуни ташаккули шахси ҳуқуқӣ созмон дода шудаанд, ба низоми раёсати ҳудудии Вазорати иқтисод ва молия гузаронида мешаванд.

Дар маҳалҳо  "Гурӯҳҳо оид ба идоракунии маблағҳои фонди махсус, таҳлили кори хатсайрҳо ва мониторинги мадохилоти пулӣ" дар шакли муассисаи давлатӣ дар назди шуъбаҳои  иқтисодиёт ва молия созмон дода мешаванд.

То 1 июни соли 2024:

ҷорӣ намудани тарифҳои ҳавасмандкунанда ҳангоми истифодаи низомҳои пардохтии электронӣ барои сафар дар нақлиёти ҷамъиятӣ таъмин карда мешавад;

оид ба ҳисоби шумораи мусофирон дар хатсайрҳои мунтазами автобусии  шаҳри Тошканд, назорати кори ронандагон ва мадохилоти пулӣ, пеш бурдани мониторинги ҳолати техникии автобусҳо ва қайди вайронкунии қоидаҳои ҳаракати роҳ дар хаттҳои ҷудошуда Низоми ягонаи зеҳнии идоракунии нақлиёти ҷамъиятӣ ҷорӣ карда хоҳад шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: