ТАБРИК БА ХАЛҚИ ӮЗБЕКИСТОН БА МУНОСИБАТИ ИДИ РАМАЗОН

Ҳамватанони муҳтарам!

Шумо, тамоми мусулмонони мамлакат, халқи Ӯзбекистонро, ки бо дили пок ва эътиқод дар қалб моҳи шарифи Рамазонро бо риояи тамоми таомул ва ибодат, тавре ки дар дини муқаддасамон муайян шудааст, пушти сар намуда ва имрӯз бо хушии зиёд ва шавқмандӣ Иди Рамазонро истиқбол менамоянд, самимона табрик менамоям. Барои ҳамаатон эҳтироми амиқ ва беҳтарин таманноҳоро изҳор менамоям. 
Мо барои ин лаҳзаҳои гуворо шукри Аллоҳ менамоем. 
Бигузор Худованд ибодат ва ниятҳои некамонро, ки аз таҳти дил анҷом дода шудааст, иҷобат намояд!
Бигузор корҳои некамон ба хотири арзиши баланд – ба хотири номи инсон идома дошта бошад! 
Ҳамватанони азиз! 
Тавре ки маълум, ислом дини сулҳ, накӯӣ ва инсонпарварӣ аст. Инро гуфтаҳои китоби муқаддасамон собит менамояд: «Барои мусулмони ҳақиқӣ азми дар сулҳ, дӯстӣ ва мусолиҳа зистан хос аст». 
Соли ҷорӣ дар рӯзҳои шарифи Рамазон чунин арзишҳо дар ҳаётамон боз ҳам дурахшон зоҳир гардиданд. Ҳамаи мо бори дигар ҳамоҳангии ислоҳоти доманфарохи дар мамлакатамон татбиқгардандаро бо моҳияти аслӣ ва ғояҳои баланди динамон эҳсос намудем. 
Тамоми шароит фароҳам оварда шудааст, ки дар ин моҳи афкор ва умедҳои пок мусулмонҳо тавонистанд таомулҳои диниро озодона анҷом диҳанд. Эътибор ва ғамхорӣ дар бобати беморон, ногироён ва солхурдагон, хонаводаҳои камтаъмин пурзӯр карда шудааст. Ҳамин тариқ, барои эҳтиёҷмандон ба дастгирӣ мадади моддӣ ба миқдори беш аз 20 миллиард сӯм расонда шуд, маҳаллаҳо ва ташкилотҳои хайрия дар тамоми минтақаҳо дар рӯзҳои рамазон маросимҳои рӯзакушоӣ – ифтор ва амалҳои хайрия анҷом доданд. 
Боз як таҷассуми анъанаҳои неки моҳи шариф маросими ифтор бо иштироки намояндагони ҷамъияти се вилояти водии Фарғона гардид, ки шоми 25 март дар Намангон баргузор гардид, ин ташаббуси нек маҳаллаҳои тамоми мамлакатамонро фаро гирифт, мисле ки дар атрофи як дастархон тамоми мардуми бисёрмиллати Ӯзбекистон ҷамъ омад. 
Алоҳида бояд таъкид кард, ки дар рӯзҳои муқаддаси Рамазон гурӯҳи уламо аз мамлакатҳои хориҷӣ боздид намуданд, ба ҳамватанонамон паёмҳои самимӣ ва таманноҳои неки халқамонро расонда, суҳбатҳои орифона баргузор намуданд. 
Дӯстони муҳтарам!
Дар Ӯзбекистони Нав барои таъмини озодии виҷдон ва эътиқоди намояндагони тамоми миллат ва динҳои мамлакат, рушди забон, маданият ва анъанаҳои онҳо тамоми шароити ногузир фароҳам оварда мешаванд. Масҷидҳои нав ба вуҷуд меоянд, маконҳои зиёратии мутафаккир ва илоҳиётшиносони бузургамон обод гардида, арзишҳои миллӣ ва динӣ эҳё мегарданд. Барои анҷом додани Ҳаҷ ва Умраи муқаддас имконоти васеъ ба вуҷуд меояд. 
Соли ҷорӣ бинобар иди Рамазон дар мамлакатамон се рӯз рӯзҳои истироҳат эълон гардиданд. Ин, бешубҳа, барои боз ҳам пурмазмунтар баргузор намудани Ид, дар ҷамъият собит гардидани фазои некӣ ва шафқат хидмат менамояд. 
Бешубҳа, чунин кор идома хоҳад ёфт. Фикр мекунам, ки ҳамаи мо хуб медонем, ки дар чунин вазъияти фавқулодда мураккаб ва фазои пуршиддат дар ҷаҳон барои ин зарур аст, ки мисли гавҳараки чашм сулҳ ва суботи дар сарзаминамон ҳукмронро ҳифз намоем, боз мустаҳкамтар муттаҳид гардем ва ислоҳотамонро дар бобати таъмини манфиатҳои халқамон ба дараҷаи нав бардорем. 
Мо намунаи ҳамкорие, ки собиқадоронамон, намояндагони соҳаи дину маърифат, ҷамъиятҳои дӯстии бисёрмиллат ва иштироки фаъолонаи онҳо дар лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» нишон медиҳанд, олӣ арзёбӣ менамоем. 
Мо ҳақ надорем фаромӯш намоем, ки тарбияи фарзандонамон дар рӯҳи арзишҳои миллӣ чун шахсиятҳои дуруст рушднамуда, ки дониш ва касбҳои замонавиро амиқ аз худ намудаанд, Ватанро қадр менамоянд ва дӯст медоранд, қарзи асосии мо ба шумор меравад. Аз он ҷумла, мо кори тарбиявиро дар муассисаҳои таълимӣ ва маҳаллаҳо дар асоси ғояи «Инсонпарварӣ – мақсади мо, маърифат – қувваи мо» бояд пурзӯр намоем.
Ташаббуси ҳамватанонамонро, ки зиёрати Ҳаҷ ва Умраро анҷом дода ба кор дар ин самт ҳамроҳ шуданро якҷоя бо «ҳатгона» ва фаъолони маҳалла хостаанд, дастгирӣ менамоем. 
Дар ин лаҳзаҳои шарафнок мо ба муносибати Иди Рамазон ҳамватанонамонро дар хориҷ аз кишвар, тамоми уммати исломи мамлакатҳои хориҷии дур ва наздикро самимона табрик менамоем. 
Ҳамватанони азиз!
Дар ин рӯзи аҷиб, вақте ки қалбҳоямон аз хушии хос лабрез аст, бори дигар аз таҳти дил шуморо бо иди дурахшони Рамазон табрик менамоям, бароятон тансиҳатӣ, бахт ва ба хонаводаҳоятон фараҳмандӣ орзу менамоям. 
Бигузор тамоми орзуву омолҳои некамон ҷомаи амал пӯшад!
Бигузор Ватанамон шукуфон бошад! 
Иди Рамазон муборак бошад!

Шавкат МИРЗИЁЕВ, 
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон.     

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: