Шахсони шинохтаи ҳар як халқу миллат дар ибтидо ифтихори ҳамон халқу миллатанд, сипас боиси тафохури дигар мардуми гуногунзабону гуногуннаҷод.
Онҳо муаррифгарони мардуми хеш дар арсаи ҷаҳон мебошанд. Дар ин ҷараён намояндагони адабиёт ва санъат ва дар замони мо варзиш саҳми бештар доранд. Шиори «Дӯстии адабиётҳо – дӯстии халқҳо» дар ҳамин замина вирди забонҳо гардидааст.
Эътирофи одилонаи комёбиҳоии фарҳангиву мадании як халқ аз ҷониби намояндаи қавми дигар низ нишонаи дӯстӣ ва адолати таърихист. Ин таҷриба дар адабиёти мумтози Шарқ хеле равшан зуҳур кардааст, ки метавонад ба намояндагони адабиёт ва санъати мардуми минтақа сабақ гардад. Ҳар боре «Қутадғу билиг»-ро варақгардон мекунам, нисбати муаллифи он Юсуф Хос Ҳоҷиб эҳтиромам меафзояд. Дар осори ӯ маданияту маърифати мардуми тоҷик оқилонаву одилона эътироф ва васф гардидааст. Ин эътироф аз қадимияти таърих, дорои маънавияту маърифати ғанӣ ва пешоҳанг будани мардуми тоҷик дар Варорӯд дарак медиҳад.
Тожиклар китобда битишган
буни,
Битигда бӯлмаса, ким ӯқар уни?
(«Қутадғу билиг», Тошканд, «Ӯзбекистон», 2019, саҳ. 20.)
Яъне, тоҷикон инро дар китоб навиштаанд, агар навишта намешуд, онро кӣ мехонд?
Бешубҳа, муаллиф арзишҳои олӣ чун дӯстию рафоқат, ҳурмату эҳтиром, некию накӯкорӣ, созандагию бунёдкориро, ки порсизабонҳо тӯли таърих дар китобҳо сабт кардаанду он ба ташаккули маънавияту маърифати халқҳои дигар замина гардидааст, дар назар дорад. Дар такомулёбӣ ва ташаккули арзишҳои олӣ саҳми чеҳраҳои шинохтаи ҳар қавму қабила бузург аст. Эъломияи таърихии Куруши Кабирро пеши назар биёред, ки мардуми ҷаҳонро ба ҳамдилию бародарӣ, дӯстию ҳамзистии осоишта даъват менамояд. Ё худ ин сатрҳои машҳури саромади адабиёти форсиву тоҷикӣ Одамушшуаро Рӯдакиро:
Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,
Бартар аз дидори рӯйи дӯстон.
Чун ин байтро ба забон мебарам, симои ду чеҳраи тобони асрҳои миёна, намояндагони машҳури адабиёти тоҷику ӯзбек Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ пеши назарам ҷилвагар мегардад. Хушбахт будаанд онҳое, ки дар суҳбати ин ду тан ҳузур доштаанд. Дар суҳбатҳои самимию фараҳбахш.
Академики Академияи илмҳои миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода барҳақ менависад: «... ҳамкориҳои эҷодию адабии онҳо (Ҷомиву Навоӣ) намунаи беназири дӯстии халқҳо ба шумор меравад. Ин ду мутафаккир дар таҳкими робитаҳои адабӣ нақши арзишманд гузошта, дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбекро ба сатҳи комилан нав бардоштанд ва бо осори гаронбаҳои худ хазинаи адабиёти ин ду халқро ғанӣ гардониданд. Ихлосу эҳтиром ва муҳаббату самимият миёни ин шахсиятҳои ирфонию адабии садаи ХV ба ҳадде сабақомӯз будааст, ки сарчашмаҳои таърихии замонашон на танҳо бо ифтихор, балки бо ҳайрат аз ин муоширату муносибат ёдоварӣ кардаанд». (А. Раҳмонзода. Робитаҳои адабию фарҳангии халқҳои тоҷику ӯзбек. Душанбе, «Шарқи озод», 2018, саҳ. 5).
Ин ду шахсияти барҷастаи таърих ба пули дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек асоси мустаҳкам гузоштаанд. Ин дӯстӣ дар тӯли таърих боз ҳам ташаккул ва такомул ёфт.
Алҳол дар рушди робитаҳои санъати сарояндагии тоҷику ӯзбек хидмати ду симои барҷастаи олами санъат Ҷӯрабек Муродов ва Шералӣ Ҷӯраев шоистаи таҳсин аст. Аз муносибатҳои дӯстонаи онҳо ҳамаро ҳавас меояду дилҳо масрур мегардад. Рафоқати дӯстонаи ин ду сарояндаи мумтоз сабақест ба ҳамзамонон ва пасовандон. Борҳо мушоҳида кардаем, ки ҳангоми ҳунарнамоии онҳо аҳли толор ба ваҷд меоянд, кафкӯбиҳои бепоён шаҳодати ҳол мебошанд.
Роҳбарони давлат ҳам дар таҳкими дӯстиву бародарӣ мақоми хос доранд. Назари некбинонаву дурандешонаи Президенти Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дӯстиву бародарии тоҷикону ӯзбекон рӯҳи тоза гирифт ва дар ин самт марҳилаи нави таърихӣ оғоз ёфт Дӯстӣ пару боли тоза пайдо кард. Робитаҳои фарҳангиву маданӣ, илмиву эҷодӣ вусъати бештару беҳтар касб намуданд.
Ӯзбакбойи РАҲМОН,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти НАВОӢ.