Сафари корӣ ба Бишкек анҷом ёфт

  • Сафари корӣ ба Бишкек анҷом ёфт
  • Сафари корӣ ба Бишкек анҷом ёфт
  • Сафари корӣ ба Бишкек анҷом ёфт
  • Сафари корӣ ба Бишкек анҷом ёфт

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба шаҳри Бишкек ҷиҳати иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба поён расид. Сарвари давлатамон ба Тошканд рафт.

Дар фурудгоҳи байналмилалии «Манас» Сарвари давлатамонро Раиси Девони Вазирон – роҳбари Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Оқилбек Жапаров ва дигар шахсони расмӣ гусел карданд.

Президенти Ӯзбекистон имрӯз дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ ширкат варзида, як қатор ташаббусҳои муҳимро ҷиҳати тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар доираи Иттиҳод ба миён гузошт.

Барои саҳми барҷастааш дар таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкориҳои гуногунҷанба ба роҳбари Ӯзбекистон мукофоти олии ин созмон – Нишони фахрии ИДМ супурда шуд.

Дар ҳошияи нишаст Президенти мо бо Президенти Белорус Александр Лукашенко мулоқот кард.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: