ЛӮЛИЗАН

(Ҳикояи воқеӣ)

(Ҳикояи воқеӣ)
Ҳамсояамон чор писар дошт. Писари хурдиаш Носирҷон ба бародаронаш он қадар монандӣ надошт. Ҷуссааш хурдакак ва гандумранг буд. Бо онҳо якҷоя бозӣ мекардем, ҳезуму хорчӯб мечиндем, бузу гӯсфанд мечаронидем. Бачагӣ-дия, боре хоҳарам аз хоҳари Носирҷон пурсид, ки барои чӣ додарат ба шумоён монанд нест? Хоҳараш гуфт, ки назар ба нақли момоям ӯро аз лӯлиҳо «харида» будаем. Мо ба ин суханони момои ӯ, то ақламонро шинохтан, бовар мекардем. Зеро ин гап ҷон дошт. 
Чун фасли баҳор медаромад, лӯлиён дар домани деҳаамон чодар зада моҳҳои дароз зиндагӣ мекарданд. Ба баландии кӯҳи паси хонаамон баромада онҳоро тамошо мекардем. Тӯда-тӯда менишастанд, кӯдаконашон пойлучу урён дар атрофашон даву тоз доштанд. Рӯзҳои аввал мо аз онҳо меҳаросидем, дертар оҳиста-оҳиста унс гирифтем. Рӯзона хӯрҷинҳояшонро ба китф партофта, дар даст асо ба деҳаҳои атроф мебаромаданд ва дари ҳар як хонаро кӯфта чизе металабиданд. Яке нон, дигаре чойи хушк, қандалоту сабзавот ва ду-се танга медод. Баъзе лӯлиҳои «корчаллон» соҳибхоназанҳои соддаро «фол» дида, даромади хуб ба даст медароварданд. Модарам ба онҳо меҳрубонӣ мекард, ба хӯрҷинашон меваҳои хушк, талқону тутмавиз, нони гарм ва баъзан равғани зард меандохт. Ёд дорам, модарам бо як лӯлизани қоматбаланди ситорагарм дугона шуда буд. Дугонааш гоҳо дар хонаи мо хоб мекард. Момоям гоҳо ба ин рафтори модарам эътироз мекард: «Ғами лӯлизанро мехӯрӣ, ғами туро кӣ хӯрад?» 
Ман бисёр китоб мехондам, бар асари бисёр хондан гоҳо худ ба худ гап мезадаам. Рӯзе модарам дар танӯр нон пухт. Бӯйи хуши нон ҳавлиро фаро гирифта буд. Додарчаам чӯби дарозеро «хар» карда «чуҳ-чуҳ» гӯён ба ҳар сӯйи ҳавлӣ метохт. Чун ҳамеша дар гӯшае нишаста китоб мехондам – идомаи қиссаи «Фарҳод ва Ширин»...
Модарам ба рӯйи кулчаҳои гарм обпошон гуфт:
– Боз худ ба худ гап заданро сар кардӣ? Туро ба ягон дуохон бурдан лозим.
Ин суханҳои модарамро бисёр шунида будам, бинобар ин худро ба нодонӣ зада боз бо «Фарҳоду Ширин» суҳбатро давом додам...
Ногоҳ ба рӯйи ҳавлӣ коғазпораи бо санг басташудае афтид. Модарам пайхас накард. Медонам, ин кори писари ҳамсоя Мардон буд. Ӯ гоҳ-гоҳ нома менавишт. Агар номаи Фарҳод мебуд, шояд ман ҳам ҷавоб менавиштам...
Рӯзе суҳбати падару модарамро шунидам: 
– Додош, духтарамон ғалатӣ шудааст, як корро даҳ маротиба фармоям ҳам, аз ҷояш базӯр меҷунбад, хотираш парешон. Ба болои ин, худ ба худ гап мезадагӣ шудааст. Камтар китоб харида диҳед. Девона шавад, чӣ кор мекунем?
– Занак, ин қадар воҳима чӣ лозим?
– Охир, намебинед, худро аз хоҳаронаш канор мегирад, доимо дар дасташ китоб.
– Ҳозир ӯ дар чунин синну сол,– беэътиборона гуфт падарам.
Очаам рӯймоли калонашро аз сар гирифту мӯйҳояшро ба тартиб дароварда, аз нав баст. Ӯ ҳар гоҳе, ки асабонӣ мешуд, чунин рафтор мекард. 
Аз суҳбати онҳо дур шудам. Ба боғ фаромада дар таги дарахти себ нишастам. Себро меваи ҷаннат мегӯянд...
***
Рӯзе тараддуди мактабравӣ доштам, ки очаам ҷузвдонамро аз дастам кашида гирифт.
– Имрӯз ба мактаб намеравӣ. Дуямон як ҷо рафта меоем. Ба муаллимат худам мефаҳмонам.
Бо очаам ба поёни деҳа – назди лӯлиҳо рафтем. Зани сиёҳҷурдаи бузургҷуссае, ки дар рӯяш холи калони безеб дошт, моро пешвоз гирифт. Баъд аз фаҳмидани мақсади модарам, ӯ ба даруни чодар хонд. 
– Канӣ-канӣ, ба боло гузаред.
Даруни чодар торик ва бадбӯй буд. Сарам ба дард даромад. 
– Ба ман наздиктар шин, – гуфт лӯлизан ва аз дастам дошта ба сӯяш кашид. Ба китфонам бо муштҳояш сахт-сахт зад. Бо ду даст сарамро пахш кард, баъд даҳонашро калон кушода, дуру дароз хамёза кашид. «Куф-суф, куф-суф» гӯён маро канортар тела дода, ба очаам рӯ овард:
– Ба духтарат ҷину аҷинаҳои китобҳои хондааш асар кардаанд. Онҳо ниҳоят бисёр.
Модарам мисли шохи дарахте, ки аз шамоли сабуке меларзад, ларзида ба зорӣ даромад:
– Чӣ бояд кард?
Ду чашми лӯлизан ба ангуштарини очаам буд. Ниҳоят гуфт:
– Ҳамин хелашро мекофтам...
Модарам ангуштаринашро зуд кашиду ба дасти ӯ дод.
– Ҳамин аз они шумо. Фақат илоҷи дардро кунед.
Лӯлизан ангуштариро ба ангушташ гузаронда садо баланд кард:
– Роҳи ин осон, агар ҳамаи китобҳои духтаратро ба оташ занӣ, аз дасти ҷинҳо раҳоӣ меёбад.
Ин гапро шунида модарам андак хотирҷамъ шуд. Аммо вуҷуди маро гӯё торҳои тортанаке печонда гирифта буданд.
– Не, не, китобҳоямро намедиҳам! – фарёд задам. 
– Дидӣ, духтаратро ҷинҳо ором намегузоранд, – гуфт лӯлизан, ки ба назарам чун деви афсонаҳо менамуд. Ба хона омада ҳамаи китобҳоямро пинҳон кардам. Саҳарии рӯзи дигар номаълум ба ҷойи пинҳонкардаам рафтам. Китобҳоям дар ҷояш набуд.
– Очаҷон, китобҳоямро намеёбам?
Хоҳари нозпарварам, қиқир-қиқир хандида гуфт:
– Китобҳоят дар танӯр!
Ҷонҳавл ба сӯйи танӯр давидам, аммо китобҳоям аллакай ба хокистар табдил ёфта буданд. Бахусус, ба қиссаи «Фарҳод ва Ширин», ки то охир нахонда будам, дилам сӯхт. Лӯлизанро дуои бад кардам: «Илоҳо, саратро тешаи Фарҳод дупора кунад!»
Баъди ин воқеа як ҳафта бо таби баланд хоб кардам. Додом очаамро сарзаниш карда мегуфт:
– Ақли ту кай медарояд, оқибати кори кардаатро бин?
Очаам оби дидагонашро бо нӯги сарбандаш поккунон гуфт:
– Духтарҷон, зудтар сиҳат шав, ҳоло додоят китоби бисёре мехарад.
Аз очаам рӯ гардондам:
– Ту ва танӯратро чашми дидан надорам.
***
Падарам рӯзи дигар китоби бисёре харид. Аммо дар байни онҳо қиссаи «Фарҳод ва Ширин» набуд. Модарам аз танӯр хокистари китобҳои сӯхтаашро бо хокандоз гирифта ба таги дарахти себ рехт. 
Рӯзҳои боронии фасли баҳор ва сарди зимистон гӯё аз даруни танӯр наъраи Фарҳод ва садои гиряи Ширин ба гӯшам мерасид... 

Саодат РӮЗИЕВА.        

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: