Дар Рим муаррифии китоби нав ба забони италиёӣ «Низоми Ӯзбекистон. Италия ва Ӯзбекистон: мероси робитаҳои бисёрасрина» («Sistema Uzbekistan. L’Italia eL’Uzbekistan: L’Eridita di in Legame Secolare») ба амал омад.
Нашри китоб ба 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатии байни Италия ва Ӯзбекистон бахшида шуд, ки кишварҳо онро 24 марти соли 2022 қайд мекунанд. Китоб дар таърихи муносибатҳои тарафайни Ӯзбекистон ва Италия аввалин чунин баёз гардид. Ташаббускори интишори он президенти ширкати «Fondazione Omnia»-и Италия Паоло де Анҷелис ва муовини аввали директори Оҷонсии мероси фарҳангии назди Вазорати сайёҳӣ ва варзиш, Арбоби шоистаи санъати Ӯзбекистон Турсуналӣ Қӯзиев, бо дастгирии сафорати Ӯзбекистон дар Рим ва сафорати Италия дар Тошканд гардиданд.
Китоб аз ҷониби нашриёти «Eurlimk University Press»-и назди Донишгоҳи Рим «Link Campus University» чоп шуд. Теъдоди аввалини он 2 ҳазор адад мебошад. Вай дар китобхонаҳои университети «Link Campus University» ва клуби бонуфузи «Circolo degli Estrei» нигоҳдорӣ мешавад, ки намояндагони шинохтаи ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва доираҳои иқтисодӣ, арбобони фарҳанг ва санъат, ҳамчунин роҳбарияти ВКХ Италия, ҳамчунин сафирони хориҷие, ки дар мамлакат кор мекунанд, аъзои он ба шумор мераванд. Ғайр аз ин, китоб ба реестри электронии китобҳои наве, ки дар Италия интишор мешаванду аз онҳо дуконҳои китобфурӯшӣ ва китобхонаҳои тамоми ҳудуди мамлакат ҳангоми навсозӣ ва пуркунии фондҳои худ истифода мебаранд, дохил карда хоҳад шуд.
Дар саҳифаҳои китоб қайд мегардад, Ӯзбекистон ҷумҳурии ҷавонест, ки таъриху маданияти ҳазорсола дорад, дар бораи онҳо осори нодире, ки аз ҷониби ЮНЕСКО сарвати инсоният эълон шудаанд, ҳикоя мекунанд.
Бинобар ақидаи муаллифон, бо вуҷуди маҳрум будан аз роҳи баромад ба баҳр Ӯзбекистон ба шарофати мавқеи марказии худ дар Осиё ва инфрасохтори хуб платформаи муҳими савдо ба шумор меравад ва чорроҳаи табиии қисмати зиёди Шоҳроҳи абрешим маҳсуб меёбад.
«Президент Шавкат Мирзиёев бо кафолати озодии афкор ислоҳоти бемисл ба амал овард ва ташаббусҳои муҳиму ҷараёни бозсозии мамлакатро ба миён гузошт. Ба шарофати озодтабодулии асъори мамлакат Ӯзбекистон ҳамчунин барои сармояҳои хориҷӣ кишвари ҷолиб гардид», менависанд муаллифон.
Сарсухани китобро арбоби бонуфузи сиёсии Италия, профессор Венчинсо Скотти навиштааст, ки чандин бор роҳбари вазоратҳои мамлакат буд ва баҳри бунёди Донишгоҳи Рим «Link Campus University» саҳми бузург гузоштааст.
Ӯ аз ҷумла аҳамияти дипломатияи байнидавлатиро, ки ба зиммаи он аз тариқи ба роҳ мондани мулоқот роҳи қаринсозии байни ҷомеаҳо ва фарҳангҳои мухталиф имконпазир аст, таъкид мекунад. «Тӯли сӣ соли охир мо чандин ҳамкориҳои маданӣ, илмӣ, тиҷоратӣ ва варзиширо мушоҳида кардем, бахусус дониши амиқ ва тарафайни таърихҳо, анъанаҳо, иқтисодиёт ва ҷомеаи мамлакат метавонанд монеаҳоро аз миён бардоранд ва роҳҳои навро боз кунанд».
Сафири Италия дар Ӯзбекистон Агостино Пинна низ ба хонандагони китоб бо сухани табрикӣ муроҷиат кардааст, вай қайд менамояд, ки «ба ман аз тобистони соли 2020-ум бахти дар ин кишвари муҳими Осиёи Марказӣ кор кардан насиб кард, ин даврони барномаҳои ислоҳоти бемисли сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ буданд, ки Ӯзбекистонро дар сатҳи байналхалқӣ хеле шаффоф мекунанд ва ба мулоқоти мунтазам бо Италия мусоидат менамоянд».
Дипломат аҳамияти «муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии байни ду мамлакатро, ки ҳоли ҳозир инкишоф меёбад ва минбаъд метавонад бинобар ҷиҳати мутаносиби иқтисодиёти ду мамлакат даромади иловагӣ оварад, махсус таъкид кард. Хоҳишҳое, ки аз ширкатҳои италиёвӣ мерасанд, дар ин бобат хеле мусбӣ мебошанд, ҳатто мушкилоти ба сабаби пандемия бамиёномада низ натавонистанд орзуҳои онҳоро барои фаъолона ворид шудан ба бозори Ӯзбекистон пойбаст кунанд». Дар китоб ҳамчунин мақолаи сафири Ӯзбекистон дар Италия Отабек Акбаров ҷой дорад. Дар он зикр мегардад, ки Тошканд Италияро ба сифати шарики муътамади худ дар Аврупо яке аз марказҳои муҳими сиёсат, иқтисод ва маданияти ҷаҳонӣ баррасӣ мекунад. Дар тӯли 30 соли пас аз истиқрори муносибатҳои дипломатии ду мамлакат таҷрибаи зиёди мусбати кори тарафайн ба миён омад. Ҷонибҳо ният доранд, ки дар асоси он солҳои наздик ҳамкориҳои бисёрҷанбаи худро вусъат диҳанд, фаъолтар кунанд, ба он сифати нав бахшанд.
Дар мақола таъкид мешавад, ки солҳои охир дар муносибатҳои ӯзбекистониву италиёвӣ ҷараёни нав инкишоф меёбад, ки он дар робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиву инсондӯстӣ зоҳир мегардад. Ин ба мулоқоти дараҷаҳои оливу баланд, робитаҳои байнипарлумонӣ бинобар хатти гурӯҳи дӯстӣ тааллуқ дорад.
Дар муаррифии китоб муовини аввали директори Оҷонсии мероси фарҳангии назди Вазорати сайёҳӣ ва варзиш, Арбоби шоистаи санъати Ӯзбекистон Турсуналӣ Қӯзиев баромад кард.
Вай қайд намуд, ки китоби мазкур дар таърихи муносибатҳои тарафайни Ӯзбекистон ва Италия саҳифаи нав боз мекунад. Изҳори бовар кард, ки ҷомеаи Италия китобро хонда, аз фарҳанг, таърихи Ӯзбекистон хабардор мешавад, рушди кунунии сиёсӣ ва иқтисодии вай, санадҳои бисёру мароқоварро дарк менамояд. Хонандагон ҳамчунин барои худ уфуқҳои наверо пайдо мекунанд, ки ду кишварро ба ҳам, бахусус дар соҳаҳои анъанаҳо, менталитет, таърих, фарҳанг ва меъморӣ мепайванданд, муттаҳид мекунанд.
Яке аз таҳиягарони китоб, президенти ширкати «Fondazione Omnia»-и Италия Паоло де Анҷелис дар баромади худ аз хусуси ислоҳоти васеъмиқёси Ӯзбекистон ва суръати баланди рушди иқтисодии мамлакат маълумот дод.
АИ «Дунё»,
шаҳри Рим.