29 сентябр дар чаҳорчӯбаи барномаи сафари корӣ ба Олмон Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев дар мулоқоти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Президенти Федералии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер ширкат дошт.
Дар чорабинӣ инчунин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Пешвои Миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслаҳати Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов иштирок доштанд.
Дар мулоқот масъалаҳои таҳкими муколамаи созандаи сиёсӣ, тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиёту коммуникатсия ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ шуданд.
Инчунин оид ба ҷанбаҳои кунунии таъмини амнияти минтақавӣ ва рушди устувор, аз он ҷумла дар доираи барномаи Иттиҳоди Аврупо табодули афкор сурат гирифт.
Сарвари давлатамон зимни суханронии худ ба дурнамои ҳамкориҳои мутақобила дар формати «Кишварҳои Осиёи Марказӣ — Олмон» махсусан таваҷҷуҳ кард. Ба самтҳои афзалиятноки шарикии амалӣ, пеш аз ҳама дар соҳаи технологияҳои олӣ ва рушди инноватсионӣ, коммуникатсияҳои нақлиётӣ, энергетикаи "сабз", таҳсилоти касбӣ, табодули фаъоли фарҳангӣ ва академӣ эътибори хосса дода шуд.
Вусъати ҳузури ширкатҳо ва бонкҳои пешрафтаи Олмон дар Ӯзбекистон бо қаноатмандии амиқ қайд карда шуд. Шавқу ҳаваси ҷавонони мо ба омӯхтани забони немисӣ зиёд шуд — имрӯз қариб 300 ҳазор нафар мактаббачагон ва донишҷӯён онро меомӯзанд.
Дар рафти суҳбат Президенти Федералии Олмон роҳбари Ӯзбекистонро бо баргузории бомуваффақияти намоишгоҳи беназири мероси фарҳангӣ ва таърихӣ дар Галереяи машҳури Ҷеймс Саймон дар Берлин табрик намуд. Дар давоми якчанд моҳ намоишгоҳро зиёда аз 200 ҳазор нафар сокинон ва меҳмонони пойтахти Олмон тамошо карданд.