Дар як ҳамоиши байналмилалии сатҳи баланд, ки дар шаҳри Тошканд бо ибтикори Бонки ҷаҳонӣ ва дастгирии молии Вазорати корҳои хориҷии Британияи Кабир оид ба иттиҳод ва рушди байналмилалӣ баргузор гардид, масъалаи “Идоракунии босамар барои рушди иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ”-ро мавриди баррасӣ қарор додааст.
Қобили зикр аст, ки дар чаҳорчӯби ин ҳамоиш иштирокчиёни он маълумотҳои соҳаҳои гуногунро меомӯзанд, ки аз таҷрибаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ маншаъ гирифтаанд ва истифодаи он барои тарҳрезӣ ва татбиқи барномаҳои сиёсати давлатӣ корбаст мегарданд.
Дар ҳамоиш он нукта таъкид гардид, ки масъалаи камбизоатӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва берун аз фазои он низ тавъам мебошад. Аз ин рӯ самара ва шаффофияти иқтисодиёт дар ҷамъи ин ҷумҳуриҳо маҳз бо кумаки молии ниҳодҳои молиявии бонуфуз бояд беш аз пеш баланд бардошта шавад. Ғайр аз ин, тақозо мегардад, ки барномарезии тадобири сиёсати давлатӣ, ислоҳоти иқтисодиёт, беҳбуд ёфтани ҳамоҳангӣ дар байни идораву вазоратҳо ва ҳамкорӣ бо шаҳрвандон таъмин гардад.
Вазири шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ӯзбекистон Нозим Ҳусанов дар бораи он ҳарф зад, ки Ӯзбекистон дар мавриди таҳлил ва истифодаи маълумотҳо то чӣ андоза таҷрибаи ғанӣ ҳосил кардааст. Ба гуфтаи ӯ сиёсати давлатӣ дар бахши таъмини шуғли аҳолӣ гомҳои ҷиддӣ мебардорад. Инчунин, дар кишвар бори нахуст базаи миллии ҷойҳои холии кор ва системаи ягонаи миллии меҳнат ҷорӣ карда шуд.
Дар ҷараёни ҳамоиши байналмилалӣ намояндагони Тоҷикистон, Қирғизистон, ва Қазоқистон низ роҷеъ ба он суханронӣ карданд, ки ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ ва Вазорати корҳои хориҷии Британияи Кабир оид ба корҳои иттиҳод ва рушди байналмилалӣ то чӣ андоза судманд мебошад.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири
“Овози тоҷик”.