ТАМОЮЛИ «ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ – ДАВЛАТИ ИҶТИМОӢ» ДАР АМАЛ

Дар таҳрири нави Қонуни Асосии мо, ки ба сифати Сарқонуни халқ эътироф шудааст, он ҳамчун тамоюли «Ӯзбекистони Нав – давлати иҷтимоӣ» муайян гардидааст, ки беҳуда нест.

 Зеро дар пояи «давлати иҷтимоӣ» ғояи «Гиромидошти қадри инсон» нуҳуфтааст ва он маънои кафолати ҳуқуқ ва озодии ҳар як шаҳрванд, манфиатҳои қонунии ӯ, баланд бардоштани сифати таълим ва хидмати тиббӣ, аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ намудани  кӯдакон, занону духтарон, пирон ва ашхосе, ки ногиро мебошанд, таъмин сохтани ниёзмандон бо шуғл, хонаву ҷой, шароити бехавфи меҳнатро дорад.
Бояд таъкид намуд, ки солҳои охир барои таъмин сохтани иҷрои вазифаҳои дар ҳуҷҷатҳои қонунӣ, дастурҳои иҷтимоӣ муайяншуда хароҷот нисбати маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 2 баробар афзуда, фарогирии оилаҳое, ки нафақа мегиранд, 5 баробар зиёд гардид. Имконияти бо дарназардошти эҳтиёҷи воқеии ҳар як шахси ниёзманд кумакрасонӣ ба вуҷуд омад ва дар ин самт низоми куллан наву хосе офарида шуд. Аз ҷумла «Дафтари оҳанин», «Дафтари бонувон», «Дафтари ҷавонон» ташкил гардиданд, усулҳои кори «маҳаллабайъ» ва «хонадонбайъ» маҳз барои ин мақсадҳо ҷорӣ карда шуданд, мушкилот ва камбудиҳои занону духтарон, ҷавонон, умуман, онҳое, ки ба кумак ниёз доранд, дар ҷойҳо омӯхта, чораҳои саривақт ва самарабахш ҳаллу фасл кардани онҳо андешида мешаванд. 
Равшан аст, ки ба пирону ниёзмандон, оилаҳои камтаъмин кумак кардану меҳру мурувват зоҳир намудан аз ҷумлаи ҳуввиятҳои ҷовидони халқамон ба шумор мераванд ва имрӯз чунин саъю ҳаракатҳои нек мазмуну маънии нав пайдо карда, дар ин бобат кӯшишҳои амалӣ беш аз пеш мукаммалтар мешаванд. Бояд махсус эътироф намуд, ки барномаҳои «Панҷ ташаббуси муҳим», «Ҳар як оила – соҳибкор», «Маҳаллаи обод», «Ҷавонон – ояндаи мо», «Деҳаи обод» барои ин мақсадҳо хидмат мекунанд.
Тасбити ин фикрро метавон дар рақамҳои зерин мушоҳида кард: аз соли 2016 то соли 2022-юм маблағҳое, ки барои нафақаи иҷтимоӣ ҷудо карда мешаванд, 10 баробар зиёд гардида, ба 11 триллион сӯм расид. Дар натиҷаи ин миқдори оилаҳое, ки нафақаи иҷтимоӣ мегиранд, аз 2,1 миллион афзуд, ки ин 23,3 фоизи оилаҳои мамлакатро ташкил медиҳад. 
Ҳамчунин аз оғози соли 2021 аз тариқи реестери ягонаи Ҳифзи иҷтимоӣ низоми ба тарзи автоматикӣ таъин кардани чунин нафақаҳо ҷорӣ карда шуд. Ин дар навбати худ имконияти таъмин намудани шаффофиятро фароҳам овард. Дар нимсолаи аввали соли равон аз тариқи низоми мазкур ба шаҳрвандон 278,4 миллион сӯмина «маҷмӯи аввалини кумакҳои моддиву иҷтимоӣ» пардохта шуд. Аз ҷумла, аз тариқи ин низом ба бонувоне, ки дар сектори хусусӣ машғуланд, тартиби дар шакли проактив таъин кардан ва пардохтани нафақаҳои ҳомила ва таваллуд ба роҳ монда шуд.  
Ба хусус, ба соҳаҳои таълим ва тиббиёт, ки хоси давлати иҷтимоӣ мебошад, эътибори алоҳида дода мешавад. Чунончи, бинобар мунтазам такмил додани низоми таълими муттасил ислоҳоти бемисл татбиқ гардиданд, дар натиҷа фарогирии таълими томактабӣ аз 27,7 ба 67 фоиз, дараҷаи фарогирии ҷавонон ба таълими олӣ бошад, аз 9 ба 38 фоиз расид. Маблағе, ки барои нигаҳдории тандурустӣ аз буҷа ҷудо мешавад, аз 7,3 триллион сӯм ба 24,7 триллион сӯм зиёд карда шуд. 
Ба мақсади баланд бардоштани фаровонҳолии аҳолӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва дастгирии моддӣ бо дарназардошти дараҷаи муфлисшавии даромади онҳо миқдори нафақаҳо аз 1 апрели соли равон 7 фоиз зиёд карда шуд, миқдори нафақаи 4,4 миллион шаҳрванд аз нав ҳисобу китоб гардид. Барои дастгирии шахсони маъюб миқдори нафақаҳои камтарини ногироӣ ба 747,0 ҳазор сӯм расид, ки ин нисбати соли 2017-ум 5,1 баробар зиёд мебошад. 
Баробари ин мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои маҷмӯӣ бобати ба роҳ мондани низоми назорати самарабахши хидмати босифати иҷтимоӣ ва кумак ба аҳолӣ» Оҷонсии миллии ҳифзи иҷтимоӣ, дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд раёсатҳо, дар ноҳия (шаҳр)-ҳо бошад, марказҳои хидмати иҷтимоии «Инсон» ташкил карда шуданд. 
Оҷонсӣ барои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва соҳаи хидматрасонии иҷтимоӣ ҳамчун мақомоти ваколатдори давлатӣ баҳри коркарди сиёсати ягонаи давлатӣ ва ба амал татбиқ сохтани он муайян гардид. Баробари ин стратегияи аз ҷиҳати иҷтимоӣ ҳифз кардани аҳолии Ӯзбекистон қабул шуд. Кори он аз таъминоти иҷтимоии аҳолии қобили меҳнат, зина ба зина ҷорӣ намудани низоми суғуртаи иҷтимоӣ, мустаҳкам кардани барномаҳои кумаки иҷтимоӣ, мунтазам такмил додани низоми таъинкунии кумаки иҷтимоӣ иборат мебошад. 
Ин гуна рақамҳои омориро метавон зиёд зикр кард. Аз ҳама муҳимаш, дар Ӯзбекистон, ки асоси ҳуқуқии бунёди давлати иҷтимоӣ фароҳам омадааст, меъёрҳои ӯҳдадориҳои иҷтимоии давлат тақрибан се баробар зиёд гардида, тамоюли «Ӯзбекистони Нав – давлати иҷтимоӣ» амалан собит мегардад. 

Ҷамшед ҚОСИМОВ,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, узви Кумитаи буҷа ва ислоҳоти иқтисодӣ.  

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: