Маълум аст, ки дар сарзамини муқаддаси мо тӯли асрҳо бисёр сарчашмаҳои таърихӣ, илмӣ ва динӣ маҳфуз мондаанд.
Яке аз онҳо дастнависи нодири бостонӣ бо номи «Қуръони Катта Лангар» дар олами ислом маъруф аст, ки аз мӯътабартарин нусхаҳои Қуръони карим маҳсуб мешавад. Саҳифаҳои он дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ва ҳамчунин дар шаҳрҳои Тошканду Бухоро маҳфузанд.
Агар дар бораи таърих ва сарнавишти ин дастнавис дар кишвари мо мухтасар сухан ронем, бояд гуфт, ки онҳо ба деҳаи Катта Лангари ноҳияи Қамашии вилояти Қашқадарё иртибот доранд. Китоби муқаддас аввал дар масҷиди назди мақбара, ки дар соли 1520 сохта шуда, миёни мардум бо номи «Лангарота зиёратгоҳи» маъруф мебошад, нигоҳ дошта шудааст. Дар замони подшоҳӣ аксари саҳифаҳои Қуръонро ба Русия бурдаанд.
Тибқи маълумот, дар солҳои 30-юми қарни гузашта олимони маҳаллӣ пеш аз таъқиб шудан, варақаҳои боқимондаи дастнависро ба Абдуллоҳ ном устои оҳангари ин деҳа додаанд. Ин шахси фидокор саҳифаҳои китобро дар хонаи яке аз ҳамдеҳагонаш — модари Кулфӣ, зани бефарзанд пинҳон кард, то ки саҳифаҳои китоб ба дасти ходимони махсуси советӣ наафтанд.
Баъдтар саҳифаҳои дастхатҳо дар хонаи Тӯхтабобо Раҷабови катталангарӣ муддати тӯлонӣ нигоҳ дошта шуданд. Кормандони КБД баъди кӯшишҳои зиёд соли 1983 бо таҳдиду зулмҳои гуногун як қисми дастнависро гирифта мебаранд. Дар солҳои 90-ум маълум шуд, ки дар масҷид 12 саҳифаи «Қуръони Катта Лангар» боқӣ мондааст. Имрӯз ин саҳифаҳо дар Тошканд, дар китобхонаи Идораи мусулмонони Ӯзбекистон нигоҳ дошта мешаванд.
Саҳифаи дигари ин дастхат дар Мамнӯъгоҳи давлатии Бухоро, ду саҳифааш дар Китобхонаи вилоятии Бухоро ба номи Абуалӣ ибни Сино ва саҳифаи дигар дар Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои Ӯзбекистон маҳфузанд. Ҳамин тариқ, дар маҷмӯъ 97 саҳифаи ин дастнавис маҳфуз аст (81 саҳифа дар Пажӯҳишгоҳи дастхатҳои шарқии Академияи илмҳои Русия дар Санкт-Петербург ва 16 саҳифа дар Ӯзбекистон).
Ба андешаи ховаршиноси рус Ефим Резван, ки ин китобро мавриди таҳқиқ қарор додааст, таърихи офариниши дастхат ба чоряки охири асри VIII, ки қоидаҳои грамматикаи забони арабӣ ташаккул ёфта буд, рост меояд. Ин пажӯҳишгар соли 1998 дар журнали илмии байналхалқӣ мақолае дар бораи ин дастнавис нашр мекунад. Дере нагузашта олими фаронсавӣ Ф. Дерош бо Э. Резван дар тамос шуда, хабар дод, ки саҳифаҳои дигари дастнавис дар Ӯзбекистон маҳфузанд. Бо саъю кӯшиши Ҳукумати мамлакати мо соли 1999 экспедитсияи махсуси илмӣ оид ба омӯзиши «Қуръони Катта Лангар» ташкил карда мешавад. Аъзоёни экспедитсия, ки аз олимони ӯзбек, рус, франсуз ва дигари хориҷӣ иборатанд, дар рафти тадқиқот муяссар гардиданд, ки як қатор маълумотҳои ҷолиб пайдо кунанд. Қисмати дастхате, ки дар Пажӯҳишгоҳи дастхатҳои шарқии Санкт-Петербург таҳти рақами инвентарии Е-20 маҳфуз аст, аз 81 саҳифа иборат буда, матнҳои он дар рӯйи пергаменти чармии сайқалдида бо хати куфии ҳиҷозии арабӣ навишта шудаанд. Муқоваи чармии дастнавис ба асри XIV тааллуқ дошта, дар миёнаҳои асри XVII таъмир шудааст.
Дар ин саҳифаҳо оятҳои 44 сураи Қуръони карим ҷой гирифтааст. Бинобар тафовут дар навиштаҷот, ин дастнависҳо аз ҷониби ду нафар котиб рӯбардор карда шудааст. Дар натиҷаи ҷустуҷӯҳо олимон муайян намуданд, ки саҳифаҳои Қуръон, ки дар Ӯзбекистон ва Русия нигоҳ дошта шудаанд, айнан ба як дастхат тааллуқ доранд. Дар натиҷаи ҷустуҷӯҳои олимони Русия ва Нидерландия моҳи майи соли 2000 дар Маркази тадқиқотии Изотопи Донишгоҳи Гронинген (Нидерландия) намунаҳои пергаментии дастхати мазкур бо кумаки техникаи замонавӣ аз таҳлили радиокарбон гузаронда шуд. Бино ба ин санҷишҳо, дақиқан 95,4 фоиз хулоса дода шудааст, ки ин дастхат байни солҳои 775-995 кӯчонда шудааст. Олимон ба ин хулоса такя намуда, қарор мекунанд, ки дастхат ба чоряки охири асри VIII тааллуқ дорад. Шарқшиноси франсуз Ф. Дерош низ ин хулосаро тасдиқ намудааст.
Солҳои охир бо ташаббуси роҳбари давлат чун ҳамаи соҳаҳо, дар самти дину маърифат, барқарор намудани таърих, ба халқ расондан ва тарғиб намудани он аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад ва дар ин ҷабҳа корҳои зиёд иҷро шуда истодаанд. Аз ҷумла, дар мамлакат наздик ба 900 масҷид бунёд, таҷдид ва таъмир карда шуд. Имкониятҳо барои зиёрати Ҳаҷ ва Умра зиёд гардид, қадамҷойҳои мубораки авлиёҳо ҳаматарафа обод гардид. Марказҳои илмии байналхалқии Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ ва Имом Мотурудӣ, инчунин, Маркази тамаддуни ислом дар Ӯзбекистон созмон дода шуд. Манбаъҳо дар самти дину маърифат нашр мегарданд.
Қобили зикр аст, ки саҳифаҳои мавҷудаи «Қуръони Катта Лангар» дар шакли як китоб гирдоварӣ шуда, нусхаи факсимели он дар шаҳри Вена – пойтахти Австрия бо сифати баланди чоп омода карда шудааст.
Бино ба супориши Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 17 апрел дар ноҳияи Зомини вилояти Ҷиззах маросими супурдани нусхаи ноёби Қуръон ба масҷиди ҷомеи «Маърифатли» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ доир ба рушди ин соҳа, барқарор ва тарғиб намудани мероси ғаниамон, ба авлоди оянда расонда додани он, аҳамияти динӣ, илмӣ ва таърихии китоби «Қуръони Катта Лангар» ҳарф заданд.
Нусхаи Қуръони карим ба масҷиди ҷомеи «Маърифатли» супурда шуд. Саримом-хатиби вилояти Ҷиззах М. Ҷабборов туҳфаи ноёбро қабул карда, аз номи шаҳрвандони вилоят ба роҳбари давлат миннатдории худро изҳор намуд.
Дар чорабинӣ мушовирони Президент Х. Султонов, М. Комилов, ҳокими вилояти Ҷиззах Э. Солиев ва дигарон иштирок намуданд.
ӮзА.