ҲАР КӢ ДАР МЕҲНАТ БИЁБАД ОБУТОБ...

Бо Кибор Ҳусаинови фермер бори нахуст чаҳор сол пеш дар анҷумане рӯ ба рӯ шудаву мулоқот карда будам, ки дар шаҳри Фарғона ба вуқӯъ пайваст.

Чорабинӣ  бо ширкати ҳокимони се вилояти водии Фарғона, шаҳру ноҳияҳои он, инчунин ҳузури соҳибкорону роҳбарони хоҷагиҳои фермерӣ баргузор гардид. 
Шояд тавассути телефон ба забони тоҷикӣ суҳбат кардани ман таваҷҷӯҳи Кибори фермерро бар худ кашида бошад, ки вай ба ман оҳиста наздик шуд ва хоксорона худро муаррифӣ кард. Ин фермер зодаи деҳаи Тоҷикқишлоқи ноҳияи Қува буд, ки мардуми он, чун аз номаш ҳувайдост, саросар тоҷиктабор мебошанд.  
Ба гуфтаи Кибор Ҳусаинов  теъдоди аҳолии деҳаи онҳо ҳудуди 3 ҳазору 700 нафарро ташкил мекунад. Даҳ хоҷагии фермерӣ мавҷуд аст, ки ҳамасола дар бештар аз 430 гектар пунбадона ва дар 400 гектар кишти гандум коштаву парвариш мекунанд. Инчунин деҳқонони он парвариши 100 гектар боғи мевазорро низ бар дӯш доранд.
Вақте ки бо Кибор Ҳусаинов аз боби таҳсили фарзандони онҳо пурсон шудам, вай гуфт:
– Дар деҳаи мо як мактаби таҳсилоти умумӣ ва як кӯдакистон ба фарзандони мардум таълиму тарбия медиҳанд. Чанд сол муқаддам мактаб забони таҳсилро тағйир додаву аз ҳамон вақт онҳо ба забони ӯзбекӣ таҳсил мекунанд. Дар кӯдакистон низ аҳвол ба чунин ранг давом дорад.  
Вай ба дунболи ин афзуд, ки то аввали солҳои навадум бархе аз ҷавонони деҳаи Тоҷикқишлоқ дар баробари факултаҳои гуногуни мактабҳои олии мамлакат, дар донишгоҳҳои шаҳрҳои Хуҷанд ва Душанбе таҳсил мекарданд. Вале ба далели рӯи кор омадани вазъияти ногувори ҳамон солҳо дар Тоҷикистони ҳамҷавор онҳо таҳсил дар макотиби олии ин кишварро мутаваққиф сохтанд. Ин раванд суръати ба забони ӯзбекӣ табдил ёфтани мактаби деҳро ба карат афзуд. 
– Солҳост, ки ягон нафар зодаи Тоҷикқишлоқ ба факулта ё гурӯҳҳои тоҷикии донишгоҳҳои Самарқанду Тирмиз ва Фарғона дохил нашудаанд. Дар ин миён, танқисии кадрҳо ба вуҷуд омад ва забони таълиму тарбия пурра дар мактаби Тоҷикқишлоқ ва кӯдакистони он ба ӯзбекӣ табдил ёфт, – гуфта буд бо таассуф Кибор.
Се сол муқаддам ӯ бо ду нафар ҳамдеҳаи худ ба Тошканд омад. Вай баъди аҳволпурсӣ гуфт, ки писараш бо ду ҳамтои худ ҳуҷҷатҳояшонро ба гурӯҳи тоҷикии факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Бухоро супурдаанд.  
– Ин иқдоми хеле наҷиб аст. Бигзор ин ҷавонон баҳри амалӣ намудани орзуҳои худ ба Бухоро бираванд ва аз пайи супурдани имтиҳонҳои дохилшавӣ шаванд, – гуфтам бехабар аз мақсади ташрифи меҳмонони қувагӣ.
– Медонед, иллат дар чист? Ин ҷавонон тайи ёздаҳ сол ба забони ӯзбекӣ таҳсил кардаанд. Онҳо мисли ҷавононе, ки фориғуттаҳсилони мактабҳои тоҷикии ҷумҳурӣ мебошанд, наметавонанд ба забони модариашон имтиҳон супоранд. Аммо агар маъмурияти донишгоҳ мусоидат намояд, ки онҳо шомили он шаванд, он гоҳ умед аст, ки дар оянда ҳуввияти миллии онҳо боло меравад ва дар пайи он мактаби деҳ оҳиста бо муаллимони забон ва адабиёти тоҷик таъмин мегардад, – ҳайрати маро афзуда гуфт Кибор Ҳусаинов.
Матлаби ӯро ба хубӣ дарк намудам. Ҳарчанд ба ҷараёни имтиҳонгирӣ ягон рабте надоштам, ҳамон бегоҳ ҳамроҳи онҳо озими Бухоро шудем. Барои имтиҳонҳои дохилшавӣ ҳамагӣ ду рӯзи дигар боқӣ монда буд. 
Вақте ки бо Кибор Ҳусаинов ба қабули ректори Донишгоҳи давлатии Бухоро даромадем, масъаларо ба ӯ фаҳмонидам. Гуфтам, ки ифтитоҳи гурӯҳҳои тоҷикӣ дар бархе аз донишгоҳҳои мамлакат, мисли Донишгоҳи давлатии Бухоро ғайр аз он ки коҳиши ниёз ба муаллимони забон ва адабиёти тоҷик дар мактабҳои таҳсилоти умумии тоҷикиро мадди назар дорад, ҳамзамон як қатор мактабҳои дигарро низ бо омӯзгорон таъмин хоҳанд кард. Баъд илова намудам, мактабе, ки ин се нафар дар он фориғуттаҳсил шудаанд, аз шумори чунин мактабҳо мебошад.
Ректор бо диққат ба ин ҳарфҳоям гӯш дод, баъд гуфт, ки ҳамаи даъвогарон, новобаста аз он ки аз кадом вилоят ё шаҳру ноҳия меоянд, дар як саф имтиҳони дохилшавиро месупоранд ва ба касе имтиёз дода намешавад. Баъд аз рӯи натиҷагирии аъзои комиссияи қабул шомили донишгоҳ мешаванд. 
– Бо вуҷуди ин, шуморо бо шахсоне рӯ ба рӯ мекунем, ки маҳз ба масъалаи имтиҳони ин гурӯҳи навтаъсиси тоҷикӣ машғул хоҳанд шуд, – иброз дошт якбора ректор ва ҳувайдо буд, ки аз ин ҳарфҳо дар дили Кибор Ҳусаинов шуълаи умед пайдо шуд. 
Ректор аз ёвари худ хоҳиш кард, ки моро ба назди яке аз профессорон роҳнамоӣ кунад.
Дар натиҷа, ба рӯи ҳар се ҷавони қувагӣ бахт хандид ва онҳо дар асоси шартнома ба гурӯҳи тоҷикӣ дохил шуданд. 
– Ин се ҷавон мисли донишҷӯёни дигар ташнаи илму маърифат ҳастанд. Танҳо онҳоро дурӣ аз забони адабӣ ва муддати дароз мутолиа накардани мероси адибони классикиву муосири тоҷик ба чунин ҳоли ногувор мувоҷеҳ кардааст. Аммо агар онҳо мисли ҳамтоёни дигари худ  вақташонро ба омӯзишу мутолиа сарф кунанд, дар андак вақт аз дигарон ақиб нахоҳанд монд – гуфт яке аз устодони донишгоҳ.
Дафъаи дигар бо Ҳусаинов зимни бозгашти ӯву писараш боз дар Тошканд вохӯрдам. 
– Писарам Шукрулло баъди анҷоми курси дувум таҳсилро ба Донишгоҳи давлатии Фарғона интиқол дод, то ки дар вақтҳои фориғ аз дарс ба корҳои фермериам кумак расонад, вагарна дасти танҳоӣ мекашам, – гуфт Кибор. 
Ин дам хаёлот маро ба ёдоварии ҳодисае бурд, ки шояд баёни он барои муштариёни рӯзнома низ қобили таваҷҷуҳ бошад. Соли 1974 котиби ҳизби коммунисти вилояти Фарғона Фахриддин Шамсиддинов (равонаш шод бод) ба минтақаи Сӯхи ноҳияи Риштон  меояд. Дар ҷамъомади фаъолон як қатор масъалаҳо баррасӣ ва ҳаллу фасл мешаванд. Қабл аз парокандашавӣ як гурӯҳ духтарон хоҳиш мекунанд, ки котиби обком ба гуфтаи онҳо гӯш диҳад. Шамсиддинов ба ҷои он ки аз ин ҷуръати духтарон ибрози норизоӣ кунад, ба ваҷд меояд ва мегӯяд: «Ҳар дархосте дошта бошед, барои шунидани он тайёр ҳастам!». 
– Мо имсол мактаби тоҷикиро хатм мекунем. Ҳамаи имтиҳонҳои дохилшавӣ дар донишгоҳҳо ба забони ӯзбекӣ сурат мегиранд, аммо мо забони ӯзбекиро дуруст намедонем. Духтароне, ки пеш аз мо мактабро тамом кардаанд, ба ҷои идомаи таҳсил дар макотиби олӣ аллакай соҳиби шавҳар ва хонаву дар шудаанд. Агар мо низ ба мактаби олӣ дохил нашавем, падару модарон иҷборан моро ба шавҳар медиҳанд ва тамоми орзуву умедҳоямон барбод мераванд. Аз шумо хоҳиш мекунем, ки барои дохилшавӣ ба мактаби олӣ мусоидат намоед, – мегӯянд бо як овоз духтарони сӯхӣ.
Ҳамон сол бо мусоидати котиби обком Ф.Шамсиддинов бисту панҷ нафар духтарони деҳоти Сӯх ба чанд факултаи Донишкадаи омӯзгории Фарғона дохил мешаванд. Аксарияти онҳо ин донишкадаро бо баҳоҳои хубу аъло ва ахлоқи намунавӣ ба охир расонида, баъди фаъолият дар мактабҳо ба нафақа баромадаанд... 
– Имсол хоҷагии фермерии «Қува–диёри тиллоӣ»-и мо аз аввалинҳо шуда нақшаи шартномавии ғалла ва пахтасупориро фатҳ намуд, – гуфтани Кибор маро аз банди ин хаёлот берун кашид.
Вай афзуд, ки дар 20 гектари майдони хоҷагӣ ғалла коштанд. Аз ҳар гектар ба ҷои 65 сентнерӣ 83 сентнерӣ ҳосил ба даст оварданд.
–Дар хоҷагии фермерии шумо чанд нафар коргарони доимӣ ба кор банд ҳастанд?
–Имсол теъдоди ин коргаронро ба панҷ нафар афзоиш додем ва ҳоло 36 нафар ба таври доимӣ дар хоҷагии фермерии мо ба кор ҷалб шудаанд. Дар радифи онҳо аз 20 нафар коргарони мавсимӣ низ истифода мекунем. Онҳо зимни чиниши пахта ба мо ёрӣ мерасонанд. Чи барои коргарони доимӣ ва чи барои коргарони мавсимӣ шароити хуб фароҳам оварда шудаанд.
– Кадом навъи пахта мекоред?
– Дар шароити мо навъи «Намангон-77»-и он хеле мувофиқ афтод. Ҳосилаш ҳам бад нест. Дар ҳар сурат гап дар сари меҳнати пурсамар ва сари вақт аз об сер кардани ниҳолҳои пахта мебошад. Гузаронидани корҳои агротехникӣ низ барои нашъунамои ниҳолҳои пахта хеле мусоидат менамояд. Мо аз техника фаровон истифода мебарем. Барои нарм кардани бехи ниҳолҳо низ воситаҳои техникии хоҷагии фермериамон корбаст мегарданд. Дар вақташ доруҳои зарурӣ мепошем. Аммо ғалларо бо комбайни кироя медаравем, зеро барои танҳо як хоҷагӣ харидани комбайн гаронӣ мекунад. 
– Метавон гуфт, ки фарқи ҳосилнокии пахтаву гандум нисбат ба натиҷагирии соли гузашта чанд фоизиро ташкил мекунад?
– Аз ҳосили ғалла фарқ 5 сентнериро ташкил дод. Ҳосилнокии пахта ба ду фоиз афзуд ва аз 38 ба 40 сентнерӣ боло рафт, ки дар маҷмӯъ он даромади хеле зиёдро ташкил медиҳад.      
–Падари шумо амаки Саъдулло Ҳусаинов солҳои зиёд ба ҳайси сардори бригада фаъолият кардааст. Дар ин бора боз чиҳо метавон илова кард?
– Он кас беш аз 25 соли ҳаёташонро дар домани саҳроҳои васеъ ва бепоёни собиқ колхозамон сипарӣ кардаанд. Дар солҳои истиқлолият дар идораҳои гуногун низ ба сифати маъмур кор кардаанд. Ман касбу кори деҳқониро аз падар омӯхтаам. Соле, ки мактабро хатм намудам, бо исрори падар ба техникуми кишоварзии Ёзёвон дохил шудам. Соли 1997 ба ташкили хоҷагие партохтам, ки ҳоло «Қува – диёри тиллоӣ» ном гирифтааст. Модарам Зуҳрохон то хонадоршавиам ҳамеша хоми маро мепухтанд ва намегузоштанд, ки дар сари кор шикамам гушна бошад. Баъд ин масъулият ба дӯши завҷаам Моҳичеҳра афтод. Ману вай як писару ду духтарро ба воя расонидем ва ҳоло соҳиби набераҳо ҳастем. 
– Раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Тоҷикқишлоқ» Абдуҳаким Ҳусаинов дар таърифи шумо ҳарфҳои хуб гуфт. Шумо ягон қаробати хешутаборӣ доред бо ӯ?
– Бале, вай ҷиян ё бародарзодаи падарам мебошад. Кори ҷамоати шаҳрвандонро хеле хуб ба ҷо меорад. Ба хоҷагиҳои фермерӣ дар вақти зарурӣ кумак мерасонад. Масъулияти бар дӯш доштаашро ҳамеша бо сарбаландӣ иҷро мекунад. Мардуми деҳ аз вай розӣ ҳастанд. 
– Нисбат ба синну солатон ҷавон метобед.
– Наход? Маро хушҳол кардед. Воқеият ин аст, ки аз оғози мавсим то ҷамъоварии ғаллаву пахта як лаҳза оромӣ надорем. Баъзан як рӯз дер монӣ, чи сифати ғалла ва чи сифати пахта метавонад аз боду борон коҳиш бинад. Барои ҳамин намегузорем, ки ҳосили меҳнати бо арақи ҷабин рӯёндаамон дар дами ҷамъоварӣ бо сифати паст ба хирманҳо интиқол ёбад. Гуфтагӣ барин, як шоир шояд ин байтро маҳз барои мо барин мардони кор гуфтааст:
Ҳаркӣ дар меҳнат биёбад 
обутоб,
Вай намояд пеши дида 
чун шубоб! 
– бо табассум ба забон овард фермери тоҷик. 
Ногуфта намонад, ки чанд хонаводаи камбизоати деҳаи Тоҷикқишлоқ дар заминҳои аз гандум тахлияшудаи хоҷагии фермерии «Қува – диёри тиллоӣ» сабзӣ ва маҳсулоти дигари кишоварзӣ коштаву аз он ҳосили хуб рӯёнидаанд. Онҳо ҳоло дар тараддуди ҷамъоварии ин ҳосил мебошанд. Кибор бошад, бо коргаронаш дар тараддуди аз ғӯза тозакунӣ ва шудгори заминҳои пахта аст, то ки ба ҳосили соли оянда заминаи мусоид фароҳам оварад.  

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори
 «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: