БАРТАРИЯТҲОИ ҲАМКОРИИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ВА ИМА МУАЙЯН ГАРДИДАНД

19 сентябр мувофиқи барномаи буду бош дар шаҳри Ню-Йорк Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳамоиши нахустини сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар шакли «С5+1» иштирок кард.

Дар чорабинӣ Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷозеф Байден, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Ҷапаров, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов ширкат карданд.
Мувофиқи барномаи ҷамъомад пешомади вусъат додани ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, рушди «сабз», таъмин кардани амнияти энергетикӣ ва ҷорӣ намудани манбаъҳои нави энергия, ҳамкорӣ дар масъалаҳои таъмин сохтани амнияти минтақавӣ, мубориза ба муқобили терроризм ва ҷинояткории наздисарҳадӣ баррасӣ шуданд.


Дар ҳамоиш қайд гардид, ки шакли мулоқоти «С5+1», ки ҳашт сол муқаддам дар шаҳри Самарқанд таъсис ёфта буд, барои гуфтугузори ошкорову пурмуҳтаво, инкишоф додани ҳамкориҳои пурмаҳсули тарафайн дар тамоми соҳаҳои байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷамъомади манфиатбахш гардид.
Роҳбари давлати мо ба мустаҳкамшавии муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни тафоҳум ва шарикӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ки барои ҳамкории васеъ имкониятҳои нави муҳим фароҳам меоварад, баҳои баланд дод.
Самтҳои бартариноки ҳамкорӣ, ки барои рушди тамоми минтақа аҳамияти стратегӣ доранд, аз ҷумла пурзӯр кардани фаъолияти тиҷоративу сармоявӣ, ба роҳ мондани ҳамкориҳои лоиҳавӣ, инкишоф додани гузаргоҳҳои нақлиётии минтақа, пешбурди «рӯзномаи сабз», таъмин сохтани ҳуқуқи инсон ва баробарии гендерӣ, вусъат додани барномаҳои таълимӣ, кумак барои танзими сулҳ дар Афғонистон мушаххас карда шуданд.
Бинобар натиҷаи мулоқот оид ба минбаъд амиқсозии ҳусни тафоҳум ва вусъат додани шарикии амалии байни кишварҳои минтақа ва ИМА муоҳида ба имзо расид.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: