Тошканд боз мизбони марҳилаи Ҷоми ҷаҳон оид ба шамшербозӣ

20-21 январ мавсими нави марҳилаҳои Ҷоми ҷаҳон оид ба шамшербозӣ байни ҷавонон оғоз мешавад.

Ҷолиби диққат аст, ки дар Тошканд мусобиқаи духтарони шамшербоз барпо мегардад.

Барои ширкат дар ин мусобиқа ҳудуди 50 варзишгар аз 8 кишвар сабти ном шудаанд.

Бояд гуфт, ки дар ин рӯзҳо Сеговия (Испания) ба мусобиқаи байни занҳои шамшербоз ва Манама (Баҳрайн) байни мардони шамшербоз, ки низ ба марҳилаҳои Ҷоми ҷаҳон шомил шудаанд, мизбонӣ мекунанд.

Барои маълумот, баромади шамшербозон дар Тошканд дар маркази шамшербозии “Пахтакор” баргузор мегардад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: