БУЗУРГТАРИН БОРГОҲИ ТАЪЛИМИИ САМАРҚАНД

Ҳоло дар шаҳри бостонӣ қариб 10 мактаби олӣ арзи вуҷуд дошта, яке аз бузургтарин ва қадима Донишгоҳи давлатии Самарқанд аст, ки дар ин боргоҳи таълим қариб 30 ҳазор нафар ҷавонон аз рӯйи 37 ихтисос сабақ мегиранд.

Аз 20-уми июни соли равон қабули ҳуҷҷатҳои довталабон оғоз ёфт. Бо ҳамин муносибат анҷумани матбуотӣ бо ноиб-ректори таълимгоҳи мазкур, доктори фанҳои физика-математика профессор Аҳмадҷон СОЛЕЕВ ба вуқӯъ пайваст.
– Январи соли гузашта бо қарори сарвари давлат «Доир ба боз ҳам рушди фаъолияти Донишгоҳи давлатии Самарқанд» ба имзо расид, ки барои таъсиси чанд донишкада дар назди мактаби олии мо заминаи мусоид фароҳам овард, – гуфт Аҳмадҷон Солеевич, – воқеан Президент дар Муроҷиатномаи хеш ба Олий Маҷлис ва халқи Ӯзбекистон таъкид намудаанд, ки рушди соҳаи таълиму тарбия ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва ҳукумати мамлакат аст.
Боиси хурсандист, ки соли 2022 қабули донишҷӯён ба таълимгоҳи мо ду баробар афзуд. Ҳоло дар назди Донишгоҳ институти агробиотехнология ва беҳтарин маводи озуқа дар ноҳияи Ҷомбой, Донишкадаи тайёр кардани кадрҳои педагогӣ ва технологияи ахбор дар ноҳияи Ургут, инчунин Институти физикаи муҳандисӣ таъсис ёфта, барои тайёр кардани мутахассисони баландихтисос саҳми арзанда мегузоранд.
– Аҳмадҷон Солеевич, доир ба робитаи хориҷӣ маълумот медодед.
– Донишгоҳ қариб бо 50 мактаби олии дунё шартномаи ҳамкорӣ дорад. Танҳо соли гузашта раёсати робитаҳои хориҷии донишгоҳ бо Донишгоҳи Ситии Малайзия, бо як қатор донишгоҳҳои Русия, инчунин Тоҷикистон, Англия, Амрико, Фаронса, Куриёи Ҷанубӣ, Хитой ва дигар кишварҳои ҷаҳон риштаҳои ҳамкорӣ баст. Дар асоси шартнома табодули академии донишҷӯён ва такмили ихтисоси омӯзгорон ба вуқӯъ пайваст. Ташрифи шарикони хориҷӣ ба Самарқанд хеле афзуд. Лозим ба ёдоварист, ки Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ба таълимгоҳ ва сӯҳбати ӯ бо ректорамон, сенатор Рустам Холмуродов хотирнишин буд. 
Чанде пеш дар донишгоҳ бо иштироки тамоми ректорҳои мактабҳои олии Русия бо сарварии академик Д.Садовничий анҷумани бошукӯҳ баргузор гардид. Ташрифи вакилони Қазоқистон, Малайзия, Ҷопон, Хитой ва дигар кишварҳои олам пурсамар буд.
Имрӯзҳо дар донишгоҳи мо омӯзгорон аз Ҳиндустон, Италия, Хитой сабақ медиҳанд. Беш аз сад нафар талабаҳои хориҷӣ низ дорем.
– Таъминот бо хобгоҳ чӣ хел аст?
– Дар назди донишгоҳ панҷ хобгоҳи замонавӣ вуҷуд дорад. Яке аз онҳо барои хориҷиён пешбинӣ шуда, шароиташ чун меҳмонхонаҳои хусусӣ ва давлатӣ кам нест. Имрӯзҳо боз як хобгоҳ барои 120 нафар қад афрохта истодааст, ки дар арафаи соли хониши нав ба истифодабарӣ супурда мешавад.
– Доир ба нақшаҳои оянда низ ҳарф мезадед?
– Ҳар гоҳ сарвари давлатамон ба Самарқанд ташриф оваранд, дар самти тарбияи кадрҳои баландихтисос таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда, ба донишгоҳи мо ҳаматарафа кумаки беғараз медиҳанд. Бинобар ҳамин ҷамоаи донишгоҳ дар назди худ вазифа гузоштаанд, ки дар рӯйхати 1000 мактаби олии ҷаҳон дохил шуда, исбот намоянд, ки бузургтарин боргоҳи таълимӣ на танҳо дар Самарқанд, инчунин Осиёи Миёна аст.
– Муштариёни рӯзномаи «Овози тоҷик» аз ҷумҳурии ҳамҷавори Тоҷикистон ва маҳалҳои тоҷикнишини Қазоқистон, Қирғизистон ва ғайра мепурсанд, ки оё хориҷиён ба Самарқанд омада таҳсил гирифта метавонанд?
– Бо сиёсати хирадмандона ва сулҳпарваронаи Президент сарҳадҳо боз шуд. Бинобар ҳамин марҳамат, мо интизори хориҷиён. Таъкид кардан ба маврид аст, ки дар назди донишгоҳ факултаи филологияи тоҷик вуҷуд дошта, қабули довталабони хориҷӣ ба тарзи сӯҳбат аст. Мо даст сари сина гузошта мегӯем «Марҳабо, ба таҳсил!».

Суҳбатороён 
Муродулло ТИЛЛОЕВ, сарвари шуъбаи маркетинг ва кор бо ҷавонони донишгоҳ,
Зоҳир ҲАСАНЗОДА, хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.
Аксбардор: Баҳодури ЗОҲИР.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: