Аз 21 феврал то 3 марти соли равон дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия аввалин мусобиқаи байналмилалии маҷмӯии «Бозиҳои оянда» баргузор мешавад.
Дар ин чорабинии варзишӣ, ки ҳудуди ду ҳазор варзишгар аз беш аз 100 кишвари ҷаҳон ширкат мекунанд, ҳайати Ӯзбекистон низ намояндагӣ мекунад.
Дар даврони рушди босуръати имрӯза фанҳои нав кушода мешаванд, ки барои дӯстдорони варзиш имкониятҳои нав фароҳам меоранд. Тааҷҷубовар нест, ки ин Бозиҳои бисёрҷабҳаи формати нав мебошад, ки мусобиқаҳои ҷисмонӣ ва рақамиро муттаҳид мекунанд, дар варзиши ҷаҳонӣ давраи навро оғоз месозанд. Дар ин рӯзҳо пойтахти Тотористон дар маркази диққати варзишгарони ҷавони тамоми ҷаҳон хохад буд.
Озмунҳои байналмилалӣ аз рӯи 21 фанни инноватсионӣ (16-то дар барномаи асосӣ ва 5-то дар барномаи васеъ) баргузор мешаванд. Ҳар яки онҳо мафҳуми “фиджитал” (physical+digital)-ро ифода мекунад, яъне тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши киберро дар бар мегирад. Ғолиб аз рӯи ҷамъи натиҷаҳои варзишгарон дар ҳар ду барнома муайян карда мешавад.
Қобили зикр аст, ки шарафи кишвари моро дар ин мусобиқаи байналмилалӣ намояндагони чаҳор намуди варзиш: велосипедронии виртуалӣ, барномасозии варзишӣ, хоккейи фиджиталӣ ва пойгаи фиджиталӣ ҳимоя хоҳанд кард.
Ҳамватанони мо ба ин мусобиқаҳо дар кишварҳои гуногун омодагӣ мебинанд. Аз ҷумла, хоккейбозон дар Русия ва велосипедронҳо дар Туркия ҷамъомадҳои тамринӣ мегузаронанд.
Ба иттилои дафтари матбуоти КМО, тими хоккейи фиджиталии Ӯзбекистон, ки аввалин шуда ширкаташро дар ин мусобиқа оғоз мекунад, рӯзи 14 феврал ба Қазон меравад. Ва бахши аслии ҳайат рӯзи 20 феврал дар Тотористон ҷамъ омада, дар маросими ифтитоҳи он, ки 21 феврал пешбинӣ шудааст, ширкат хоҳанд кард.
Дастаи велосипедронии ватании фиджиталӣ, ки дертар мусобиқот оғоз мекунад, рӯзи 22 феврал мустақиман аз Туркия ба Қазон парвоз мекунад.