Президенти Ӯзбекистон нақшаҳои густариши фаъолияти ширкати Indorama Corporation-ро дар кишварамон дастгирӣ намуд

  • Президенти Ӯзбекистон нақшаҳои густариши фаъолияти ширкати Indorama Corporation-ро дар кишварамон  дастгирӣ намуд
  • Президенти Ӯзбекистон нақшаҳои густариши фаъолияти ширкати Indorama Corporation-ро дар кишварамон  дастгирӣ намуд
  • Президенти Ӯзбекистон нақшаҳои густариши фаъолияти ширкати Indorama Corporation-ро дар кишварамон  дастгирӣ намуд

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 11 октябр ҳайати вакилони ширкати сингапурии «Indorama Corporation» -ро бо сардории асосгузор ва раиси он Шри Пракаш Лохия қабул кард.

Масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо ширкати пешрафтаи сингапурӣ, ки сармоягузори асосӣ ва шарики муҳими технологӣ дар рушди бахшҳои кимиё, нассоҷӣ ва кишоварзии иқтисодиёти Ӯзбекистон мебошад, баррасӣ шуданд, Қобили зикр аст, ки дар кишвари мо «Indorama Corporation» лоиҳаҳои бузурги сармоягузориро амалӣ менамояд, ки ба парвариш ва коркарди амиқи нахи пахта нигаронида шудааст. Заводи суперфосфати Қӯқанд модернизация карда мешавад.

Сарвари давлатамон нақшаҳои сармоягузори сингапуриро оид ба татбиқи лоиҳаҳои нав дар Ӯзбекистон,  аз ҷумла лоиҳаҳои васеъ кардани иқтидори «Фаргонаазот», хусусигардонии корхонаҳои соҳа, ташкили иқтидорҳои ҳозиразамони истеҳсолӣ дар соҳаҳои бофандагӣ ва хоҷагии қишлоқ дастгирӣ намуд.

Дар натиҷаи татбиқи ин лоиҳаҳо ҳаҷми умумии сармоягузории мустақими ширкат дар кишвари мо аз 600 миллион доллари феълӣ ба 850 миллион доллар афзоиш хоҳад ёфт.

Аҳамияти қабули «харитаи роҳ»-и муштарак барои пешбурди лоиҳаҳои афзалиятноки ҳамкориҳои сармоягузорӣ қайд карда шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: