ҶАРАЁНҲОИ ОБОДГАРДОНӢ ДАР МАВЗЕЪҲОИ БУХОРО

Чун анъана бо баробари оғози баҳор дар сарзамини бостонии мо корҳои ободгардонӣ, сабзу хуррамсозии ҷойи зист, табъи дил пешвозгирии Наврӯзи навбаҳорон ҷӯш мезанад.

 Ин тадбир ҳоло дар ноҳияи ҷанубии вилояти Бухоро – Олот бо рӯҳбаландии ба худ хос ба амал меояд. 

Дар маҳаллаҳои ноҳия таҳти шиори «Маҳаллаи обод ва зебои ман» ҳашарҳои халқӣ баргузор мегарданд. Пиру ҷавон ба ин тадбир иштирок намуда, ба зодгоҳ ва ҷойи зист муҳаббати беандоза доштани худро зоҳир мекунанд. Мардуми ноҳия азму кӯшиш доранд, ки фаслҳои тирамоҳу баҳор дар ҷойҳои бекорхобида, соҳили ҷӯю рудҳо, ҳар як ваҷаб ҷое, ки имконияти ғунҷоиш дорад, қариб 600 ҳазор бех ниҳолҳои мевадору манзаравӣ, инчунин, кӯчатҳои буттадор шинонда, гирду атрофро ба кабудизор – макони сабз табдил диҳанд. Ин ҷараён хусусан дар ҷойҳои аҳолинишини 38 маҳаллаи ноҳия, гузару кӯчаҳо, корхонаю ташкилот бо рӯҳбаландӣ сурат мегиранд. Аз ҷумла, ҷӯшу хурӯши корҳо дар маҳаллаи «Арабхона»-и ноҳия ибратбахш аст. Дар ин ҷо хонаю ҷойҳо ба тартиб дароварда шуда, бобати аз қитъаҳои наздиҳавлӣ истифодабарии самаранок чораю тадбирҳо дида мешаванд. Ҷӯю заҳбурҳо тоза карда шуда, дарахтон ороиш меёбанд. Ин қабил тадбирҳо бо иштироки ҳокими ноҳия Наргиза Неъматова дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳои «Асаҷам», «Усмоншайх», «Наврӯз», инчунин, дар атрофи шоҳроҳи автомобилии «М-37», ки тавассути ноҳия гузаштааст, вусъат меёбад. 
***
Дар ноҳияи Рометан низ маъракаи ниҳолшинонӣ ва сабзу хуррамгардонии атрофи қитъаҳо бо рӯҳбаландӣ сурат мегирад. 
Ҷараёни корҳо бо услуби маҳаллабай мардумро ба ҳамҷиҳатӣ, меҳру оқибат водор намуда, боиси тозаю озода, ободу дилкаш, сабзу хуррам шудани маҳалли зист, гирду атроф ва кӯчаю гузарҳо мегардад. Самараи ин гуна корҳо ба дили ҳар як сокини ҳудуд фараҳ мебахшад. Чанд рӯзест, ки атрофи роҳҳо, канори киштзорҳо, ҷойҳои аз назар дур мондаи заминҳо, лаби ҷӯй ва рӯдҳоро дарахтони оянда – ниҳолҳои тут, бед, сафедор, санҷид, ток ва ғайра зеб медиҳанд. 
Дар айни замон хавозакунии токҳо вусъат меёбад. Ин ҳолат хусусан дар хоҷагиҳои фермерии «Мустақимбобо замини», «Аминобод», «Ҳикматобод», атрофи киштзорҳои ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «ВСТ кластер», инчунин хоҷагиҳои фермерии «Баҳодир Тоғай», «Фирдавс, Зебуннисо, Акобир», «Файз-2000», «Кенҷабобо» ва ғайра бо ҷӯшу хурӯш ба амал меояд. Ба туфайли саъю кӯшиш ва корҳои тарғиботии ҷонишини ҳокими ноҳия оиди масъалаҳои хоҷагии об ва кишоварзӣ Аброр Раҳматов, масъулони кор, фаъолони маҳалла ва роҳбарони ҳудуд  аллакай ҳазорҳо бех ниҳол шинонда шуданд.
Гӯё шиори «Бо ту, Наврӯз, ҷаҳон аз нур мунаввар гардад!» мардумро ба ҷунбиш овардааст.

 

 

«РОҲБАР ВА ҶАВОНОН»

Дар Бухоро таҳти роҳбарии сардорони секторҳо бо унвони «Роҳбар ва ҷавонон» вохӯрии ҳокими вилояти Бухоро Ботир Зарифов, сардори садорати корҳои дохилии вилояти Бухоро, полковник Мирҷамол Миралимов, сардори садорати давлатии андози вилояти Бухоро Дилшод Юлдошев, инчунин масъулони Академияи Вазорати корҳои дохилӣ бо иштироккунандагон – ҷавонони курси таълимии «Ҷавонони ватандӯсти Ӯзбекистон» ба амал омад.
Дар ҷараёни чорабинӣ масъалаву мушкилоти ҷойдошта омӯхта шуд. Аз бонк гирифтани кредитҳои имтиёзнок, кумак ба дастраскунии замин бо мақсади соҳибкорӣ, бо шуғл фарогирӣ, ёфтани кор вобаста ба мутахассисӣ, истифодабарӣ аз имтиёзҳо барои васеътар намудани фаъолияти соҳибкорӣ, ба тарзи шартӣ озодшавӣ аз ҷазои муқарраргардида аз ҷумлаи онҳо буд. Ба фавран ҳал намудани муроҷиатҳо эътибори аввалиндараҷа дода шуда, оиди таклифҳое, ки омӯхтан ва вақти иловагиро мехоҳанд, чораю тадбирҳо андешида шуданд.
Ин қабил вохӯриҳо бобати ватандӯстӣ, эҳсоси дахлдорӣ ба диёр, дарки қонунҳо, омӯхтани касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ, фаъолияти иҷтимоӣ дар рӯзгор ва ғайра барои ҷавонон аҳамияти ҷудогона дорад.

А. АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: