Чемпиони секаратаи ҷаҳон оид ба гимнастикаи бадеӣ, соҳиби Ҷоми ҷаҳон Оксана Чусовитина ифтихори мамлакати мост. Вай ба Китоби рекордҳои Гиннес ҳамчун гимнасти ягона, ки дар 8 Бозиҳои олимпӣ ширкат кардааст, ворид шудааст.
Муваффақият ва азми варзишгар ҳамчун намуна ва ҳавасмандӣ барои кӯдакон хидмат мекунад. Қарори Президент аз 14 марти соли 2022 дар бораи ташкил кардани мактаби маҳорати варзишии оид ба гимнастикаи Оксана Чусовитина барои ба рӯйи об баровардани иқтидори ҷавонон имкониятҳоро боз ҳам густариш дод.
Сарвари давлат имрӯз аз ин мактаби варзишӣ дидан карда, бо шароит ва ҷараёни машғулот шинос шуд.
Муассисаи таълимӣ ба омода кардани варзишгарони сатҳи байналмилалӣ барои дастаҳои мунтахаби миллӣ, ташкили раванди таълиму тамрин дар сатҳи меъёрҳои байналмилалӣ бо ҷалби мутахассисони баландихтисос, пайваста такмил додани ихтисоси мураббиёну гимнастҳо нигаронда шудааст. Барои ин дар бинои сеошёнаи замонавӣ тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.
Дар ошёнаи якум толори асосӣ ва толори машғулот, майдончаи тренажёр, утоқи тиббӣ ва ошхона мавҷуд аст. Дар ошёнаи болоӣ хобгоҳи дорои 165 ҷой, меҳмонхона, синфҳои информатика ва маънавиёт ҷойгиранд. Мактаб бо таҷҳизоти Олмон муҷҷаҳаз гардонда шудааст.
Мактаб барои 105 хонандаи синфҳои 1-11 пешбинӣ шудааст. Имрӯзҳо дар ин ҷо 91 нафар бачагон таҳсил мекунанд. Ба онҳо ду забони хориҷӣ таълим дода мешавад. Гимнастҳои ҷавон сабақҳои таълими умумиро дар мактаби ҳамсояи рақами 175-ум мегиранд.
Пайравони Чусовитина соли гузашта дар мусобиқаҳои байналхалқӣ оид ба гимнастикаи варзишӣ ва бадеӣ 4 медал, дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ 6 медал, дар мусобиқаҳои байни мактабҳои варзишӣ 24 медал ба даст овардаанд.
Аз ҳама муҳимаш он аст, ки гимнастҳои ҷавон дар ин ҷо зиндагӣ мекунанд, таҳсил мегиранд ва машқ мекунанд. Умуман ин мактаби варзишӣ дар ҷумҳурӣ базаи ягонаи таълимию тамринии гимнастҳо мегардад.
Ҳамчунин дар ин ҷо бо иштироки шахсони масъули соҳаи варзиш ва роҳбарони минтақаҳо тавассути алоқаи видеоӣ мулоқот баргузор гардид.
– Чаро мо ба ин соҳа таваҷҷуҳи калон дода, мактабҳо ташкил мекунем? Гимнастика асоси ҳамаи намудҳои варзиш мебошад. Ҳам футболбозу ҳам боксчӣ ва ҳам ҳар инсоне, ки солим шудан мехоҳад, бояд бо гимнастика шуғл варзад. Агар дар баробари рушди иқтисодиёт ва таълим додан ба ҷавонон онҳоро ба шуғлварзӣ бо варзиш ҷалб карда тавонем дар кишвари мо насли солим, миллати солим ба воя мерасанд, – таъкид намуд Президент.
Ба ин муносибат масъалаҳои аз кӯдакистон сар карда ба таври васеъ ҷорӣ намудани гимнастика ва ташкили интихоби варзишгарони боистеъдод аз ин марҳала, созмон додани ду мактаби гимнастика дар ҳар як вилоят баррасӣ шуданд.
Дастур дода шуд, ки барои омодагии муносиби варзишгарон ва мураббиёни онҳо, ки имсол дар Бозиҳои олимпии Фаронса ширкат мекунанд, тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шавад.