ПОДОШИ САБР

Дар ҳаёт роҳи васеву ҳамворе нест ва танҳо касе ба қуллаи мурод мерасад, ки аз пайроҳаҳои пурпечу тоби он натарсидаву наҳаросида ба пеш ҳаракат намояд.

Дар ҳаёт роҳи васеву ҳамворе нест ва танҳо касе ба қуллаи мурод мерасад, ки аз пайроҳаҳои пурпечу тоби он натарсидаву наҳаросида ба пеш ҳаракат намояд. 
Мирзобадал Мираҳмадов ҷавонест ҳалиму хоксор, дидадаро ва чеҳрааш мудом шукуфон. Ӯ аз хурдӣ ба варзиш таваҷҷуҳи хосса дошт. Баъди синфҳои ибтидоӣ узви дастаи гӯштини камарбандӣ гардид. Аз рӯзҳои аввал устодаш Надирмаҳмад Сангинов фаҳмид, ки вай ба ин навъи варзиш муносибати ҷиддӣ дорад ва соҳиби маҳорати хуб низ мебошад. Аз ин рӯ устоду шогирд пайваста ранҷ бурданд. Мураббӣ бо падари шогирди худ Мирмаҳмад мудом дар алоқа буд. Падар барои машқу тамринҳои писари худ тамоми шароитҳоро муҳайё сохт. Ҳамдигарфаҳмии мураббии сахтгиру шогирди чусту чолок ва падари ғамхор натиҷаи дилхоҳ дод.
Баҳори соли 2016-ум дар Қароқалпоқистон чемпионати Ӯзбекистон оид ба гӯштини камарбандӣ гузашт. Мирзобадал дар он соҳиби ҷойи сеюм гардид. Ин натиҷа ӯро водор сохт, ки ҷиддитар меҳнат кунад ва натиҷаи баландтарро ба даст орад. Соли 2017-ум озмуни навбатӣ дар вилояти Сирдарё гузашт, Мирзобадал боз ҷойи 3-юмро ишғол кард.
Ин комёбиҳо боиси ба мактаби варзишии ҷумҳуриявии шаҳри Чирчиқ даъват шуданаш гардиданд. Инак, якуним сол боз дар ин ҷо ҳам мехонаду ҳам маҳорати худро баланд мебардорад.
Дар даҳаи аввали моҳи ҷорӣ дар Намангон чемпионати ҷумҳурӣ доир ба гӯштини камарбандӣ ба амал омад. Мирзобадал баъди мағлуб кардани ҳарифони худ соҳиби ҷойи якум ва ғолиби мутлақ гардид.
Аҳли мактаб ва мардуми деҳаи Навободи ноҳияи Бӯка бо ӯ фахр менамоянд.

Сулаймонбек СОДИҚОВ,
омӯзгори мактаби рақами 9,
ноҳияи Бӯкаи вилояти Тошканд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: