Ҳар сол 14-уми март шогирдону мухлисони каломи бадеъ, хешу пайвандон, ёру дӯстон зодрӯзи фарзанди фарзонаи Самарқанд, Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаҳои ба номи Лоҳутӣ ва Симонов устод Шодон Ҳанифро дар зодгоҳаш – деҳаи хушҳавои Оҳалик ҷашн мегиранд.
Агар ӯ дар қайди ҳаёт мебуд, по ба зинаи 90 -уми умр мениҳод. Вале сад дареғ, ки моҳи апрели соли 2007 бар асари садамаи нақлиёт чашм аз олами ҳастӣ пӯшид.
Қадами қатъӣ
Меҳру муҳаббат ба адабиёту санъат дар дили Шодон Ҳаниф ҳанӯз солҳои мактабхонӣ маъво гирифта буд. Пайваста китоб мутолиа мекарду аз пайи таҳлили нигоштаҳои муаллифон мешуд. Соли 1952 айёми донишҷӯйи Омӯзишгоҳи омӯзгории Самарқанд будан, ба идораи рӯзномаи ҷумҳурии «Ҳақи-қати Ӯзбекистон» (ҳоло «Овози тоҷик») мақола фиристод. Баъди чанд муддат аз идораи рӯзнома тавассути нома маслиҳатҳои муфид доданд.
Ҳамкорӣ бо идораи рӯзнома дар байни мардуми кӯҳистон зуд паҳн шуд. Акнун ҳама ба вай «мухбир» гӯён муроҷиат мекарданд. Вале меҳри касби романтикии геологӣ боло гирифта, вай бо ин ният ба Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Алишери Навоӣ ҳуҷҷатҳояшро овард. Гуфтанд, ки барои супоридани имтиҳони дохилӣ бояд ҳатман забони ӯзбекиро хуб донад.
Вай китоби грамматикаи забони ӯзбекиро харида, ба омӯхтани он пардохт. Ҳатто чанд қоидаҳояшро азёд ҳам кард. Лекин барои пурра омӯхтани китоб бисёр вақт лозим буд. Муҳлати имтиҳон бошад, наздик меомад. Аз раъяш баргашт. Хост барои таҳсил ба Тоҷикистон равад.
– Шери дадеш, – гуфт қиблагоҳаш аз нақшаи ҷигаргӯшааш огоҳ гашта, – ҳамаашро дуруст фикр кардӣ? Рафтани лаклакро не, балки бозгашти онро мебинанд.
– Падари бузургвор, амри тақдир, – ҷавоб дод вай, – такя ба Худову расул мекунам.
– Ноумед шайтон, – мегӯянд даст ба дуо бардошт падар, – илоҳо, роҳат сафед бошаду корат кушоиш ёбад!
Ба қатора нишасту Тоҷикистон рафт. Ҳуҷраеро дар пойтахт иҷора гирифт. Баъди паноҳгоҳ пайдо кардан, пурсону ҷӯён роҳи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро пеш гирифт. Аз тахтаи эълон рӯйхати бисёр факултаҳоро аз назар гузаронд. Ба ӯ касби тарҷумонӣ писанд омад. Ҳуҷҷатҳояшро супорид. Дар имтиҳони қабул парвардигор ба ӯ забони гӯё ва иқбол доду номи донишҷӯйро гирифт.
Акнун ба ӯ имконияти хушбахтонаи вохӯрӣ бо кормандони идораҳои рӯзномаю маҷаллаҳо пайдо шуда буд. Вай, баробари таҳсил, ба кори эҷодӣ даст зад. Бо маслиҳати ходимони матбуот асарҳои адибони русро ба тоҷикӣ баргардонд. Рӯзе аввалин ҳикояи лирикии худро ба идораи рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» овард. Нависанда ва шоири номдор, инсони хоксору дурендаш Аминҷон Шукӯҳӣ баъди бо иншои ҷавони самарқандӣ шинос шудан, гапро аз таъриф оғоз намуд.
– Мавзӯи ҳикоя бад нест, – гуфт вай, – аммо ба шумо, додарҷон, лозим аст, ки захираи луғавии худро ғанӣ гардонда, асарҳои адибони номдорро мутолиа намоед. Чуноне ки мегӯянд, дар тинати шумо чизе ҳаст, фақат онро сайқал додан зарур.
Бояд гуфт, ки ҳикояи аввалини ӯ бо таҳрири Аминҷон Шукӯҳӣ рӯйи чопро дида буд. Адиби ҷавон аз чунин муваффақият рӯҳбаланд гардида, тамоман ба эҷодиёт дода шуд. Акнун дар дигар газетаву журналҳо низ лавҳа, ҳикояҳои бачагона, репортажҳои шавқовар, мусоҳибаҳои дилчасп, очеркҳои проблемавӣ, фелетонҳои нишонраси вай интишор мегардиданд. Ин буд, ки баъди хатми донишгоҳ ӯро ба идораи рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» ҳамчун ходими адабӣ ба кор қабул карданд. Дар деги калони журналистика пухт. Аз устодони меҳрубону ғамхор Ҷалол Икромӣ, Аминҷон Шукӯҳӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Мутеулло Наҷмиддинов ва дигарон асрори ин касбро омӯхт. Аз ҳама муҳимаш, пайваста эҷод намуда, як силсила китобҳоро ба ҳукми хонандагон ҳавола кард.
Китоби аввалинаш бо номи «Майна» (соли 1968) ба табъ расид. Пас аз он асарҳояш таҳти унвони «Қаҳрамони Вахш» (1968), «Вохӯрӣ» (1974), «Кӯҳ ҳам ба кӯҳ мерасад» (1976), қиссаи «Пайроҳаи оҳугузар» (1975), романҳои «Ҷон ба гарав» (1982), «Дил ба ёдгор» (1990), «Уқоби захмин» (1994), «Хунбаҳо» (1995), «Розҳои Шаҳнон» (2003), «Дар паноҳи Ҳиндукуш» (2004), «Меъмори Ваҳдат» (2004 бо ҳамқаламии Султон Мирзошоев) ва чанде дигар чоп шудаанд.
Вохӯрии тақдирсоз
Соли 1988 бо талоши равшанфикрон як саҳифаи рӯзномаи «Шарқ тонги» (ҳоло «Гулобод тонги») ба тоҷикӣ табдил ёфт ва муаллифи ин сатрҳоро масъули он таъин карданд. Боиси хушнудист, ки мавҷи табрикот авҷ гирифт. Адибони самарқандӣ – Адаш Истад, Раззоқ Ғаффоров, Маннон Розиқов, Шодон Ҳаниф ва дигарон ҳар гоҳ ба зодгоҳ оянд, албатта, ба идораи мо сар халонда бастаҳои рӯзномаро варақ зада, маслиҳатҳои муфид медоданд. Вохӯрии мо бо устод Шодон Ҳаниф хеле аҷиб буд. Мо – масъулони саҳифа саргарми кор будем, ки муҳаррир Насриддин Зайниев (рӯҳашон шод бод!) бо як марди қадбаланду фарохсина, ки сару либосаш ба худаш мезебиду мӯйи мошу биринҷи ба боло шоназада дошт, ба утоқи кориамон ворид шуд.
Муҳаррир акнун мехост меҳмонро муаррифӣ кунад, вале ӯ гӯё бо моён ошнои дерина бошад, аз паси айнакаш меҳрубонона нигариста ва бо чеҳраи кушод самимона вохӯрӣ карду гуфт:
– Монда набошед, шербачаҳо!
– Шодиҷон, – ана ин кас Зоҳир Ҳасанзода, хӯш, ана инашон Раҳим Мавлонӣ, ана вай духтарак Нигораи Ислом.
– Нағз, нағз, – гӯён ӯ ба курсии пешкашшуда нишаст ва бастаҳои рӯзномаро саросема як-як варақ зад. Котиба чаққон чой ва ширинӣ овард. Суҳбати мо дар атрофи як пиёла чой қӯр гирифт. Адиб ва рӯзноманигор барои пешрафти кори мо маслиҳатҳои муфид дод. Сипас вай ҳар гоҳ аз Душанбешаҳр ба Самарқанд ояд, албатта, меҳмони олиқадри рӯзнома мегардид. Бо таклифи ӯ ду рӯз ба кӯҳсор сафари эҷодӣ кардем, ки барои қиссаи «Меҳробод»-и ман асос гардид.
Воқеан, пас аз сафари кӯҳсор ӯ қиссаи тарҷумаҳолии «Розҳои Шаҳнон»-ро эҷод кард, ки доир ба бачагӣ, душвориҳои солҳои ҷанги дуюми ҷаҳон ва чеҳраи баъзе шахсони дилозор, худписанду худбинро устокорона офарид. Устод инчунин завқи баланди шеъргӯӣ ва сурудхонӣ дошт. Ҳоло ҳофизони оҳаликӣ шеъри «Самарқанд»-и ӯро иҷро мекунанду аммо муаллифашро намегӯянд, ки тааҷҷубовар аст.
– Шогирд, ҳар боре, ки ман қадам ба зодгоҳ мегузорам, ҳиссиёти аҷибе вуҷудамро фаро мегирад, – бо лабханди базебаш мегуфт ӯ, – аз ҳама муҳимаш, ифтихорам аз «дари бахту умедам – Оҳалики зебоманзар» афзуда курта-курта гӯшт мегирам. Як дафъа бо чанд нафар шоиру нависандагони тоҷик ба Оҳалик омадем, онҳо ба ваҷд омада, хотироту шеърҳои аҷибе иншо карданд.
Сухане бар сухане зам шавад...
Суҳбати мо бо устоди нуктасанҷ Шодон Ҳаниф доир ба адабиёт, асарҳои нав, вазифаи нависанда ҳамеша қаймоқ мебаст. Боре бо журналист ва адибони ҷавон Озод Ҳамидзода, Шуҳрати Ҳусейн, Раҳим Мавлонӣ меҳмони хонадони ӯ шудем. Он бегоҳ шаби маҳтобии Шаҳнондара – Оҳалик таровати хосса дошт. Мо ҳам шоҳмот мебозидем, ҳам саволу ҷавоб мекардем.
– Ман дар тӯли эҷодиёти беш аз 50-сола аз адибони номдори тоҷик бисёр чизҳоро омӯхтам. Ба яке аз онҳо – ҳамдиёрам, устоди сахтгир, вале меҳрубон, нависандаи қолабшикану тозанигор Фазлиддин Муҳаммадиев даъвои шогирдӣ дорам, – бо фахр иброз медошт Шодон Ҳаниф. – Суханони ӯ: «Фақат асаре, ки бо хуни ҷигар эҷод шудааст, ба дили кас роҳ меёбад ва дар лавҳи хотираш нақш мебандад», меъёр, андозаи эҷодиёти ман шуд.
Медонед, дар сари мизи кориам шамъдони мунаққаши биринҷӣ меистад, ки он ёдгор аз устоди арҷмандам, инсони фозил ва рангинсухан Фазлиддин Муҳаммадиев мебошад.
Маслиҳату насиҳати ман ба шумоён – шогирдон ин аст, ки такрор ба такрор натанҳо асарҳои Фазлиддин Муҳаммадиев, инчунин устодон Садриддин Айнӣ, Ҳаким Карим, Сотим Улуғзода, Пӯлод Толис, Ҷалол Икромиро мутолиа намоед ва албатта аз ганҷинаҳои адабиёти ҷаҳон баҳра баред, – хулоса намуд ӯ. – Ана баъд навиштан ва боз навиштан лозим, ҳарчанд гуфтаанд, ки «сухане бар сухане зам шавад, қатрае аз хуни ҷигар кам шавад».
Пешниҳоди бамавриди амини деҳа
Баъди фалокат дар роҳи Хоҷа Оби Гарм устод Шодон Ҳаниф дар шифохона табобат меёфт ва аз меҳрубонии ҳамсари вафодораш Сайёра Нуруллоева, гулдухтаронаш Сурайё, Рухсора, Фарзона, Мунаввара, домоду ҷиянҳояш, парастории ҷарроҳон умед дошт, ки сиҳат шуда ба зодгоҳ омада, бо эҷод машғул мешавад. Чӣ ҷойи руст кардан аст, он солҳо муносибати Ӯзбекистону Тоҷикистон коҳиш ёфта, ба Душанбешаҳр рафтан мушкил буд. Бинобар ҳамин, вақте тавассути телефон ҳолпурсӣ мекардам, вай илтиҷоомез мефаҳмонд, ки илоҷаш бошад ҷасадашро дар хоки Самарқанд монанд.
Афсӯс, васияти вопасини ӯ амалӣ нашуд. Аввало бо сад азоб додараш Нурмуҳаммад Ҳанифов аз сарҳад гузашт. Ҳукумати Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагон ҷасади ӯро дар қабристони Лучоб, дар шафати алломаҳо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Муҳаммадиев, Малика Собирова ва дигарон гузоштанд.
Ба муносибати 75-солагии устод дар зодгоҳаш, саҳеҳтараш дар кулбаи хоксоронааш нимпайкараи ӯро, ки ҷиянҳои ҳайкалтароши адиб Бокир ва Зоҳир офаридаанд, бо тантана гузоштанд.
Адибони шинохтаи Самарқанд, шогирдону дӯстони соҳибҷашн ба сухан баромада, ёди неки Шодон Ҳанифро карданд. Амини деҳа Ашӯрбой Шоҳмақсудов пешниҳод кард, ки яке аз кӯчаҳои марказии ноҳияи Самарқанд ё деҳаи Шаҳнондара – Оҳалик ба номи ӯ гузошта шавад.
Афсӯс, ҳарчанд аз байн 15 харбузапазӣ гузашта бошад ҳам, пешниҳоди холисонаи амини деҳа амалӣ нагардидааст. Умедворем, ки ин масъала ҳалли худро меёбад.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
узви Иттиҳодияи нависандагони Ӯзбекистон.