Ҳукумати ҷумҳурии мо ба ривоҷ додани соҳибкорӣ эътибори алоҳида медиҳад ва ибтикори намояндагони шарафманди ин соҳаро яке аз омилҳои калидии тараққиёти иқтисодиёти кишвар медонад.
Аз ин рӯ, дар баробари майдони васеъ кушодан ба соҳибкорон барои инкишофи донишҳои назарии онҳо дар илми иқтисод, ки талаби замони нав аст, шароити хубе фароҳам оварда шудааст. Хоса, давлати мо хушбин аст, ки қишри бекори ҷомеаро ба ягон намуди касбу ҳунар фаро бигирад, онҳоро ба соҳибкорӣ ҷалб намуда, кумакҳои иҷтимоӣ расонад. Дар радифи ин нақшаҳо баланд бурдани сатҳи маърифати шахсони соҳибкор дар илми иқтисод хеле зарур шуморида мешавад. Зеро замони муосир талаб дорад, ки соҳибкорон низ дониши назарии қавие дошта бошанд, то дар пешбурди корҳо ба мушкилот дучор наоянд ва ба фишору рақобати ҳамтоҳои худ дар бозори озод омода гарданд.
Барои боло бурдани сатҳи маърифати соҳибкорон дар маркази вилоятҳо «Ишга марҳамат» («Марҳабо ба кор») ном мономарказ ва курсҳои омӯзишу парвариш дар касбу ҳунарҳо амал мекунанд, ки аз ҷониби мактаби олии соҳибкорӣ ва тиҷорати назди Девони Вазирон семинар ва дарсҳои бозомӯзӣ гузаронида мешаванд. Бахши сурхондарёвии ин дабистон хеле фаъол буда, дар мавзӯоти «Хониши аҳолӣ, хоса, ҷавонон ва занону духтарон ва ифшои нозукиҳои соҳаи соҳибкорӣ», «Дастрас намудани кредит тавассути дастури соҳибкории оилавӣ», «Асосҳои соҳибкорӣ ва тиҷорат», «Хидмати маркетинг ва ташкил намудани реклама – корҳои тарғиботии коло ва хидматҳо» мунтазам курсҳои бозомӯзии кӯтоҳмуддат гузаронида мешаванд. Дар ин курсҳои омӯзишӣ аз ҷониби мутахассисони варзида маърӯзаҳои муфид, ҷамъомадҳои амалӣ ва дарсҳои маҳорат доир мегарданд, ки ҳар кадом аз 40 соат то 120 соатро дарбар мегиранд.
То имрӯз дар вилояти Сурхондарё бо тавсияи ёварони ҳокими ноҳияҳо ва як идда хоҳишмандон дар асоси аризаашон, ки шумораи умумии онҳо бештар аз 1000 кас мебошанд, ба курсҳои омӯзишӣ ҷалб ва бо донишҳои назариву амалии соҳаи соҳибкориву тиҷоратӣ фаро гирифта шуданд. Аз ҷумла, 500 нафари онҳо соҳаи соҳибкориро ихтиёр намуданд ва як қисм барои васеъ сохтани соҳибкории худ азм карданд. Дар натиҷа ҷойҳои кории доимӣ ташаккул ёфта, теъдоди муайяне бо ҷойи кор таъмин гаштанд.
Ин корҳо минбаъд майлони нав пайдо хоҳанд кард, чун теъдоди шахсони хоҳишманд барои омӯхтани назарияи соҳибкорӣ рӯз аз рӯз меафзояд.
Ш. Хидиров,
сармутахассиси Мактаби олии тиҷорат ва соҳибкорӣ.