ё худ нақши оила ва кӯдакистон дар тарбияи фарзанд
Бузургони илму адаб ва мутафаккирони ҷаҳон ҳамеша таъкид мекарданд, ки кӯдак ба монанди лавҳи сафед ё лойи мулоим аст – мо дар он чи нақше гузорем, ҳамон хоҳад монд. Сарчашмаи ин нақши аввал дар замони муосир аз оила ва кӯдакистон оғоз меёбад. Насли имрӯз на ба насиҳатҳои хушку холӣ, балки ба муҳити солим ниёз дорад.
Тавре Ҷалолуддини Балхии Румӣ фармудааст: «Кӯдакон бештар ба намунаи ибрат ниёз доранд, на ба танбеҳу насиҳат».
Равоншиносон ва донишмандон исбот кардаанд, ки таҳкурсии шахсият, хислат ва одоби инсон то синни панҷ-шашсолагӣ, яъне дар давраи таҳсил дар кӯдакистон шакл мегирад. Маҳз дар ҳамин давр ҷаҳонбинии кӯдак ташаккул ёфта, шавқу рағбат ба дониш, меҳнат, эҷод ва муошират бо ҳамсолон пайдо мешавад. Аз ин рӯ, кӯдакистон танҳо ҷойи бозии кӯдакон нест, балки маркази рушди ҳамаҷонибаи онҳо мебошад. Муҳити солим, омӯзгорони соҳибтаҷриба ва муносибати ғамхорона ба кӯдакон дар рушди зеҳнӣ, ҷисмонӣ ва маънавии онҳо нақши муҳим доранд.
Муассисаи таҳсилоти томактабии давлатии рақами 7-уми ноҳияи Косонсой бо сарварии мудири соҳибтаҷриба Латифахон Алихонова имрӯз ба яке аз муассисаҳои фаъол ва намунавӣ табдил ёфтааст. Дар кӯдакистон айни замон 200 нафар кӯдакон бо таълиму тарбия фаро гирифта шуда, барои рушди зеҳнӣ, ҷисмонӣ ва маънавии онҳо тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Муассиса аз ду ошёна иборат, бо тамоми шароити муосир, аз ҷумла бо хонаҳои методӣ, тиббӣ, равоншиносӣ ва толори мусиқии бо маводи таълимӣ, тахтаҳои электронӣ, воситаҳои аёнии мултимедия, бозичаҳои экологӣ ва мебелҳои ба синну сол мувофиқ муҷаҳҳаз таъмин гардидааст. 16 нафар мураббиёни соҳибихтисос бо меҳру муҳаббат ва масъулияти баланд барои тарбияи кӯдакон дониш, таҷриба ва маҳорати худро равона мекунанд.
– Ҳар як муассисаи таълимӣ барои беҳтар намудани сифати таълиму тарбия кӯшиш мекунад. Дар кӯдакистони мо низ муҳити таълимӣ бо истифода аз усулҳои муосир ташкил карда шуда, барои такмили маҳорати касбии мураббиён ва фароҳам овардани муҳити солиму бехатар таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад, – мегӯяд Л. Алихонова. – Ба таълимгирандагон омӯзиш ба се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад. Ба омӯзиши забон, математикаи ибтидоӣ, санъат, мусиқӣ, варзиш ва одоби муошират диққати махсус дода мешавад. Инчунин математикаи зеҳнӣ ва бозии шоҳмот низ омӯзонида мешавад.
Дар муассиса баробари машғулиятҳои таълимӣ, барои рушди истеъдод ва қобилияти кӯдакон чорабиниҳои фарҳангӣ, варзишӣ, озмунҳои гуногун ва маҳфилҳои эҷодӣ мунтазам баргузор мешаванд. Ин чорабиниҳо ба ташаккули ҷаҳонбинӣ, эҳсоси ватандӯстӣ, дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва худшиносии кӯдакон мусоидат менамоянд. Мураббие, ки бо усулҳои наву интерактив дарс медиҳад, метавонад кунҷковии табиии кӯдакро бедор кунад.
– Тибқи Фармони Президент аз 5 феврали соли 2026 «Дар бораи чорабиниҳо ҷиҳати такмили минбаъдаи низоми таълиму тарбияи томактабӣ» дар низоми муассисаҳои таълими томактабӣ тағйирот ва навовариҳо амалӣ карда мешаванд, – афзуд роҳбари муассиса. – Барномаи таълимии гурӯҳҳои омодагии яксола барои мактаб ҳамчун марҳилаи ибтидоии таҳсилоти умумии ҳатмии миёна ҷорӣ карда мешавад. Ҳадафи асосӣ омодасозии ҳамаҷонибаи кӯдакон ба таҳсилоти мактабӣ ва таъмини пайвастагии таълим мебошад. Аз соли таҳсили 2027-2028 ба кӯдаконе, ки ин давраро хатм кардаанд, сертификати электронии намунаи давлатӣ дода мешавад. Дар ин самт мо бо мактабҳои рақами 15 ва 18-уми ноҳия ҳамкорӣ мекунем.
– Мо бо падару модарон ҳамкориро дар занҷираи «мураббӣ – кӯдак – волидайн» ба роҳ мондаем, ки асоси тарбияи бомуваффақияти кӯдак мебошад, – изҳор кард мураббии пешқадами муассиса Муниба Ғаниева. – Танҳо дар сурати мавҷуд будани робитаи зич ва ҳамфикрӣ байни оила ва муассисаи таълимӣ ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил мегардем. Кӯдакон бештар аз рафтор, амал ва муносибати калонсолон ибрат мегиранд. Кӯдак чизеро, ки дар оила ва ҷомеа мебинад нусхабардорӣ мекунад. Аз ин рӯ барои ба воя расонидани шахсияти солим, волидон ва мураббиён бояд худашон намунаи аввалини ибрат бошанд. Барои ба роҳ мондани робитаи устувор мураббӣ волидонро аз рафтор, пешрафт ва хоҳишҳои кӯдак бояд огоҳ кунад, инчунин иштироки волидон дар ҷашнҳо, мусобиқаҳои варзишӣ ва маҳфилҳо самарабахш аст. Ин ҳамкорӣ ба беҳтар гардидани сифати тарбия ва рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон кумак мерасонад.
– Тандурустии насли наврас аз тарзи хӯрокхӯрӣ ва реҷаи рӯз иборат аст, – қайд кард ҳамшираи кӯдакистон Дилдора Шарипова. – Таомномаи кӯдакон аз ҷониби парҳезшиносон ва табибон тасдиқ карда мешавад. Хӯрокҳо аз маҳсулоти тозаву табиӣ омода шуда, витаминҳои лозимиро барои кӯдак таъмин мекунад. Тарбиягирандагон аз меваҳои боғи кӯдакистон баҳраманд мешаванд. Ҳамчунин сайругашти ҳаррӯза дар ҳавои тоза ва варзиши сабуки субҳидамӣ дар нақшаи ҳаррӯзаамон ҷой дорад.
Малака ва маҳорати мураббиёни кӯдакистон заминаи асосии рушди зеҳнӣ, ҷисмонӣ ва иҷтимоии кӯдакон ба шумор меравад.
Услубшиноси кӯдакистон Кимёхон Қарахоҷаева мегӯяд, ки мураббии касбӣ бояд на танҳо дониши назариявӣ, балки маҳорати баланди амалӣ, психологӣ ва эҷодӣ дошта бошад. Аз ин рӯ, мураббиёни мо малака ва маҳорати худро ҳамавақт дар семинару конфронсҳо мукаммал мегардонанд. Дар ҷараёни машғулиятҳо аз усулҳои нави таълими инноватсионӣ, технологияҳои муосир ва аёниятҳо истифода мебаранд.
Иштироки мураббиён дар озмунҳои касбӣ, аз ҷумла «Мураббии сол» як воситаи муҳим барои баланд бардоштани маҳорат, муаррифии таҷрибаи пешқадам ва ҳавасмандгардонии моддию маънавии онҳо мебошад. Муниба Ғаниева аз зумраи ғолиби «Беҳтарин мураббии эҷодкор» мебошад.
Дар чорабиниҳои фарҳангиву таълимӣ бошад, омӯзгорони фанни забони русӣ Турсунхон Асламов, мусиқӣ Ойша Дадаҷонова ва мураббиёни пуртаҷриба Гулчеҳра Пӯлатова, Дилором Ҷалиловаҳо ба ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гаштаанд.
Имрӯз муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 7 ҳамчун кӯдакистони пешқадам бо барномаҳои инноватсионӣ, муҳити солим ва равишҳои муосири таълиму тарбия эътироф гардидааст.
Ба наздикӣ тибқи фармони вазири таҳсилоти томактабӣ ва мактабӣ озмуни «Директори намунавии ташкилоти таълимии томактабӣ» байни директорони ноҳия баргузор гардид. Озмуне, ки бо мақсади таҳияи низоми самараноки идоракунӣ дар ташкилотҳои таълимии томактабии давлатӣ, баланд бардоштани салоҳияти касбии мудирон, муайян ва оммавӣ кардани таҷрибаҳои пешрафтаи идоракунӣ ташкил карда шуд, директорон дониш, таҷриба ва салоҳияти роҳбарии худро нишон доданд. Латифахон Алихонова низ дар ин озмун ширкат варзида, ғолибиятро ба даст овард. Барои пирӯзии бузург ва дастовардҳои нав аз ҷониби мудири шуъбаи маорифи томактабӣ ва мактабии ноҳия Каримҷон Тоҷибоев бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуд.
Бешубҳа, фаъолияти чунин роҳбару мураббиёни фидоӣ шоистаи қадрдонӣ буда, таҷрибаи онҳо метавонад барои дигар муассисаҳои томактабӣ низ намунаи ибрат бошад.
Мағфират Мамаҷонова,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти Намангон.