РАҲНАВАРДЕ ДАР ШОҲРОҲИ ИЛМ

Роҳи сипардаи Исломқул Икромов аз пайроҳаҳои тангу тори як деҳаи музофотӣ то ба шоҳроҳи илму маърифати шаҳрҳои бузурги дунё ва дарёфти унвонҳои баланди илмӣ барои насли наврасу ҷавони имрӯза ҳавас карданисту омӯхтанӣ.

Дер боз мехостам дар бораи ин олими шинохтаи ҳамдиёрамон чизе бинависам, аммо фурсати мусоид даст намедод ва маълумоти кофӣ дар боби фаъолияти илмии ӯ низ дар ихтиёр надоштам. Зеро худи ӯро дер-дер дар ягон тӯйу маъракаи наздиконаш медидам, имкон намешуд, ки суҳбати муфассале дошта бошам, ноилоҷ бо як ҳолпурсӣ ва гуфтугузори кӯтоҳе иктифо мекардем. Ба худ мегуфтам, ки ягон рӯз вақт ёфта ҳатман ба Душанбе меравам ва бо ӯ вохӯрда бафурҷа суҳбат меороям.

Воқеан ҳам роҳи сипардаи Исломқул Икромов аз пайроҳаҳои тангу тори як деҳаи музофотӣ то ба шоҳроҳи илму маърифати шаҳрҳои бузурги дунё ва дарёфти унвонҳои баланди илмӣ барои насли наврасу ҷавони имрӯза ҳавас карданисту омӯхтанӣ. Мутаассифона, соле қабл шунидам, ки акаи Исломқул ногаҳонӣ ба сактаи мағзӣ гирифтор шудаву бистарӣ гардидааст. Хеле ошуфта шудам ва афсӯс хӯрдам, ки чаро барвақттар бо ӯ мусоҳибае наоростам ва эй кош, Худованд ба ин бародари мо зудтар шифои комил бидиҳад ва боз ӯро чун пештара бардаму хушҳол дидан насибамон гардад.

Чанде пеш ба воситаи бародари хурдии Исломқул – собиқ корманди шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сариосиё Баҳром маълумоти нисбатан пурраи шарҳиҳолӣ дастрас кардам, ки матлаби зер бо истифода аз он ва мушоҳидаҳои шахсии банда омода гардид.

Исломқул 26-уми августи соли 1958 дар деҳаи Янгитурмуши ноҳияи Сариосиё дар хонаводаи марди деҳқон ба дунё омадааст. Падараш Истамқули равоншо, ки бо мо ҳамсояву писархолаи модари раҳматиам буд, бо нони ҳалоли деҳқонӣ ҳашт фарзандро  ба воя расонидаанд. Модари шодравонаш Шарифахола зани чолоку чеҳрахандон  низ дар кори хонаву саҳро хеле фаъол буд. Онҳо аслан чун волидайни мо зодагони деҳаи хушманзараи кӯҳии Деҳбодом буда, дар оғози солҳои панҷоҳуми қарни гузашта ба деҳи имрӯзаамон кӯчида омадаанд.

Исломқул солҳои 1965-1975 дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии шумораи 29-ум ба забони тоҷикӣ таҳсил гирифта, онро бомуваффақият ба итмом расондааст. Устоди синфи ибтидоиаш Абдуваҳҳоб Мирзоев, ки ҳоло беш аз навад сол доранд, ҳанӯз аз хурдсолӣ бачаи донову зирак будани Исломқул ва бештар ба фанҳои табиӣ ва риёзӣ майл доштани ӯро ёдрас мекунанд.

Соли 1976 шомили факултаи гидромелиоратсияи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур гардида, онро соли 1981 бо ихтисоси муҳандис-гидротехник ба итмом расонд. Муддати як соли пас аз хатми донишгоҳ дар сохтмони обанбори машҳури Тӯпаланг ба сифати сарвари қитъаи сохтмон кор кард. Тобистони соли 1982 бо даъвати донишгоҳи аграрӣ боз ба Душанбе баргашта дар аспирантураи донишгоҳ таҳсили худро идома дод ва ҳамзамон ҳамчун ходими хурди илмӣ дар кафедраи «Мелиоратсияи кишоварзӣ» ба фаъолият оғоз кард. Таҳсилро бомуваффақият ба поён расонида, моҳи декабри соли 1991 дар  шӯрои илмии Донишгоҳи аграрии Қирғизистон рисолаи илмии худро таҳти мавзӯи «Тадқиқот ва такомули низоми обёрии қатраӣ дар заминҳои нишеб» ҳимоя кард.

Исломқул чун дотсенти кафедраи «Иншооти гидротехникӣ»-и Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон фаъолияти илмию омӯзгории худро пурсамар идома дода дар тарбияи шогирдони зиёде низ ҳиссаи арзанда гузошт.

И. Икромов муаллифи бештар аз 300 мақолаи илмӣ, илмию таълимӣ ва методӣ мебошад, ки ба масъалаҳои мубрами такмили воситаҳои техникии низом ва технологияи микрообёрӣ, баланд бардоштани ҳолати мелиоративии замин ва обёрии сарфакоронаи он, тағйири иқлим ва таъсири он ба захираҳои обу хоки Тоҷикистон ва монанди инҳо бахшида шудаанд. Вай, аз ҷумла, муаллифи 6 монография, 5 китоби дарсӣ барои донишҷӯёни макотиби олӣ, 15 дастури методӣ ва 17 шаҳодатнома ва патентҳои ихтироот дар соҳаи такмили сохтор ва усулҳои обёрии қатраии зироатҳои кишоварзӣ мебошад. Таҳти роҳбарии ӯ се нафар рисолаҳои номзадии худро дар бахши илмҳои техникӣ ва як нафар дар соҳаи илми кишоварзӣ ҳимоя кардаанд.

Маълум аст, ки Тоҷикистон дар баррасии мушкилоти об дар ҷаҳон кишвари пешоҳанг ва ташаббускори ғояҳои ҷаҳонии обу иқлим эътироф гардидааст. Бо пешниҳоди Тоҷикистон дар муддати беш аз бист соли охир аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид 10 қатънома дар ин самт қабул гардида аз ҷумла, солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълон карда шудааст. Боиси ифтихор аст, ки фарзанди накӯноми диёри мо аз ҷониби Тоҷикистон ҳамчун олими намоёни соҳа дар бисёре аз конфронсу ҷаласаҳои илмие, ки дар доираи ин ташаббусҳо дар дохили кишвар ва берун аз он доир гардидаанд, иштирок намуда, маърӯзаҳои пурмуҳтавое кардааст. Чунончи, ӯ дар яке аз ҳамин гуна конфронсҳои бонуфузи илмӣ, ки соли 2023 дар Душанбе баргузор гашт, дар мавзӯи «Таъсири тағйирёбии иқлим ба таназзулёбии пиряхҳо ва аҳамияти ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ба сокинони минтақа ва ҷаҳон» маърӯзаи пурмазмуне кард, ки диққати мутахассисони соҳаро ба худ ҷалб намуда, ба баҳои баланди онҳо сазовор гардид.

Исломқул Икромов барои хидматҳои арзандаву мондагор бо чандин нишону ифтихорномаҳо қадр гардидааст. Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Ӯ дар хонавода падари сахтгир ва дар айни замон меҳрубон буда, бо ҳамсари худ апаи Бӯрихол фарзандонро бо номи нек ба воя расониданд. Худованд ба онҳо панҷ фарзанд – се духтару ду писарро муносиб дид. Афсӯс, ки фарзанди нахустини онҳо Дилрабо дар кӯдакӣ ба бемории вазнине дучор шуда, якумра бистарӣ гардид. Илҳому Марҳабо аз паи падар рафта, роҳи илмро интихоб карданд. Имрӯз Илҳом номзади илмҳои техникӣ асту Марҳабо номзади илмҳои иқтисодӣ ва ҳарду дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба фаъолияти илмию педагогӣ машғуланд. Фирдавс низ хатмкардаи донишгоҳи аграрӣ буда, ҳоло дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон масъулиятеро ба дӯш дорад. Духтари хурдии хонадон Парвина, ки ҳанӯз аз хурдсолӣ ба шеъру сухан дилбастагӣ дошту чанд муддат ровии яке аз барномаҳои телевизиони «Баҳористон» низ буд, факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бомуваффақият хатм кардаву ҳоло бо тарбияи фарзандон машғул аст.

Турдиқул ҲАСРАТОВ,

ноҳияи Сариосиёи

вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: