Як марди олмонӣ барои хӯрдани бештарин асал дар як дақиқа ба "Китоби рекордҳои ҷаҳонии Гиннес" ворид шуд.
Тибқи як паём дар веб-сайти "Китоби рекордҳои ҷаҳонии Гиннес", Андре Ортолф аз Аузбург дар 60 сония 1273 грамм асал хӯрдааст.
Ин мусобиқа 26 июли соли 2025 дар Бавария баргузор шуд. Ба гуфтаи коршиносон, ин миқдори асал тақрибан 4000 калория ва қариб як килограмм шакар дорад. Ин миқдор 20 маротиба аз истеъмоли тавсияшудаи ҳаррӯза зиёдтар аст.
Ҷолиб он аст, ки Ортолф дар тӯли солҳо рекордҳои зиёдеро дар бораи истеъмоли зудтарини нӯшокиҳо ва хӯрокворӣ дорад. Дар тӯли солҳо, ӯ тақрибан 500 чунин натиҷаро сабт кардааст.