Нерӯгоҳи барқи бодии Чорбоғ ба кор андохта шуд

Ин нерӯгоҳи барқи бодӣ бо иқтидори 20 МВт бар асоси лоиҳае бунёд ёфт, ки нерӯи бодро ба нерӯи барқ ​​табдил медиҳад ва ба ин васила эҳтиёҷ ба нерӯи барқ дар миёни аҳолӣ коҳиш меёбад.

Бо ифтихор мешавад қайд намуд, ки таҳти сарварии Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев, гуногунсозии бахши энергетика, рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия, бахусус гидроэнергетика ва татбиқи принсипҳои "иқтисоди сабз" ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар Ӯзбекистони Нав табдил ёфтааст. Дар байни лоиҳаҳои бузурге, ки барои ноил шудан ба ин ҳадафҳои наҷиб дар амал татбиқ гардид, нерӯгоҳи барқи бодии Чорбоғ бо иқтидори 20 МВт мебошад, ки дар ноҳияи Бостонлики вилояти Тошканд сохта шудааст ва аҳамияти хосаро асб менамояд.

  Рӯзи 20 август ба ин муносибат чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар он сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ӯзбекистон ҷаноби Юй Ҷун, намояндагони Палатаи савдо ва саноат ва ширкатҳои дахлдори энергетикӣ ва сохтмонӣ, муовинони раисон ва кормандони масъули ҶСК «Ӯзбекгидроэнерго», намояндагони ҳокимиятҳои вилояти Тошканд ва ноҳияи Бостонлик, фаъолони минтақавӣ ва кормандони ВАО иштирок карданд.

 Ин лоиҳа боз як натиҷаи дурахшони шарикии стратегӣ, эътимоди мутақобила ва ҳамкории самарабахши байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин буд. Ҳукумати Чин барои татбиқи лоиҳа гранти ройгон ба маблағи 28 миллион доллари ИМА ҷудо кард. Ҳамаи корҳои ташкилӣ, техникӣ ва муҳандисӣ оид ба татбиқи лоиҳа аз ҷониби ҶСК «Ӯзбекгидроэнерго» марҳила ба марҳила мувофиқи нақшаҳои муқарраршуда анҷом дода шуданд. Корҳои сохтмонӣ ва насб, пайвастшавӣ ба шабакаҳои барқӣ, омодасозии инфрасохтори муҳандисӣ ва насби турбинаҳои муосири бодӣ пурра ба анҷом расиданд.

 Дар ҳамин ҳол нерӯгоҳи барқи бодии Чорбоғ пурра кор мекунад ва ҳамчун тӯҳфаи арзанда ба ҷашни азизтарин ва бузургтарин дар ҳаёти кишвари мо - 35-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба мардум нур ҳад мекунад. Дар доираи лоиҳа 4 турбинаи муосири бодӣ бо иқтидори ҳар кадоме 5 МВт насб карда шуданд. Иқтидори умумии нерӯгоҳ 20 МВт буда, қодир аст дар як сол то 50 миллион кВт/соат нерӯи барқи экологӣ истеҳсол кунад. Ин барои қонеъ кардани ниёзҳои тақрибан 20 ҳазор хонавода ба нерӯи барқ, кам кардани сарборӣ ба шабакаҳои барқӣ ва боз ҳам тақвият додани устувории низоми энергетикии кишвари мо хизмат хоҳад кард.

 Ҳамчунин, дар натиҷаи фаъолияти нерӯгоҳ, солона садҳо ҳазор метри мукааб гази табиӣ ва ҳазорҳо тонна ангишт сарфа карда мешавад ва ҳаҷми газҳои гулхонаӣ, ки ба атмосфера партофта мешаванд, ба таври назаррас коҳиш меёбад. Ин саҳми арзанда ба талошҳои кишвари мо ҷиҳати таъмини устувории экологӣ, кам кардани гази карбон ва иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии иқлимӣ хоҳад буд.

  Дар доираи чорабинӣ, корҳои эҷодии як гурӯҳ рассомони ҷавон, хатмкунандагони Мактаби махсуси рассомии ҷумҳуриявии ба номи П. Бенков, ки дар озмуни "Нерӯгоҳи бодӣ - аз нигоҳи рассомони ҷавон" иштирок карданд, арзёбӣ карда  ва бо тӯҳфаҳои арзишманд ва ифтихорномаҳои Ҷамъияти саҳҳомии корхонаи “Ӯзбекгидроэнерго” сарфароз гардонида шуданд.

Равшан БОЙҚУЛОВ,

Раҳбари дафтари матбуоти

ҶСК “Ӯзбекгидроэнерго”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: