ВАЗИРИ АДЛИЯ ДАР БУХОРО

Вазири адлияи Ӯзбекистон Акбар Тошқулов зимни сафари хидматӣ ба ноҳияи Шофиркон дар Маркази ахбор-китобхонаи ноҳияи Шофиркон бо шаҳрвандон вохӯрда, муроҷиатҳои онҳоро шунид ва мувофиқи талабҳои қонун ба онҳо ҷавоб гардонд.

Ин мулоқот бобати афзун гардондани сатҳи қонундонии аҳолӣ ва саривақт ҳал кардани масъалаҳо хеле судовар шуд. Таъкид ёфт, ки тавсияҳои додашуда вобаста ба муроҷиатҳои шаҳрвандон барои фаъолияти минбаъдаи Вазорати адлия ва органҳои дигари давлатӣ аҳамият дорад. Дар мулоқот оиди ба амал татбиқ намудани фармони дахлдори Президент вобаста ба шуъбаҳои адлия, ихчам намудани таркиби онҳо ва вазифаҳои пешистода низ фикрҳо баён гардиданд. Ислоҳоти баамаломада дар мисоли ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Ҳалқамон» мавриди муҳокима қарор ёфт.
Вазири адлия ба амалӣ гардидани фармони дахлдори Сарвари давлат дар ноҳия таваҷҷуҳ зоҳир карда, баҳри боз ҳам мукаммалтар шудани ҷараёни корҳо таклифу мулоҳизаҳои судовар гуфт. 
А. Тошқулов ба корхонаи ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «AMIRTEX» низ рафт, бо шароити кори бонувон шинос шуд. Бобати зиёдтар намудани маданияти ҳуқуқии шаҳрвандон, васеътар гардондани имкониятҳои соҳибкорони маҳаллӣ таклифу мулоҳизаҳояшро баён кард.

Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти БУХОРО.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: