Дар Хонаи фотосуратҳои Тошканд бахшида ба 35-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар худ, ки ғояи неки «Ӯзбекистони Навро ҳамчун як Ватан ва як халқ бунёд месозем» таҷассум намудааст, намоиши суратҳо таҳти унвони «Хотираи истиқлол» ташкил карда шуд.
Дар экспозитсия таърихи кишвари мо аз солҳои 1928 то имрӯз инъикос ёфтааст. Аз ҷумла, чорабиниҳое, ки дар солҳои аввали истиқлолият дар соҳаи саноат, робитаҳои дӯстона бо давлатҳои хориҷӣ, таълим, иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, фаъолияти ҳунармандон ва намунаҳои маҳсулоти истеҳсолкардаи онҳо, инчунин ёдгориҳои таърихӣ ва меъмории ҷолиби диққати кишварамон акси худро ёфтаанд.
Суратҳои банамоишгузошташуда аз ҷумлаи суратҳое мебошанд, ки дар Архиви миллии ҳуҷҷатҳои кинои Ӯзбекистон нигоҳдорӣ мешаванд. Ин суратҳо ба намояндагони касбу корашон гуногун, меҳмонон ва ҷавононе, ки аз намоишгоҳ дидан мекунанд, ҳамчун манбаъи таърихӣ таваҷҷуҳи зиёд ба вуҷуд оварданд.
Ҳасан АБДУНАЗАРОВ.