Дар вилояти Сурхондарё марҳилаи аввали роҳи автомобилгарди «Бойсун — Денов» ба истифода супорида шуд.
Дар асоси супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки зимни сафари ӯ ба вилояти Сурхондарё дар соли 2023 дода шуда буданд, корҳои сохтмону таъмири роҳи автомобилгарди «Дарбанд — Бойсун — Элбаён» бо дарозии умумии 111 километр идома доранд. Дар ин бора хадамоти иттилоотии ҳокимияти вилояти Сурхондарё хабар медиҳад.
Дар доираи лоти якуми лоиҳа қитъаи роҳи аз километри 5 то 32,5-юм аз ҷониби ширкати байналмилалии пудратчии «Lankaran Yol Tikinti» пурра сохта шуда, ба истифода супорида шуд.
Дар доираи лоиҳа инчунин 7 адад пул ва 8 километр роҳравҳои муосири пиёдагард бо низоми равшании шабона бунёд гардиданд.
Ба ин муносибат дар километри 7,1-уми лоиҳа, дар гузаргоҳи роҳ, ки дарозиаш 60 метр, бараш 15,7 метр ва баландияш аз сатҳи замин 9 метрро ташкил медиҳад, маросими тантанавӣ баргузор шуд.
Дар он ҳокими вилояти Сурхондарё Улуғбек Қосимов, собиқадорон, фаъолон, масъулон, намояндагони ширкатҳои пудратчии лоиҳа ва аҳли ҷомеа иштирок карданд.
Интизор меравад, ки ба истифода супорида шудани марҳилаи аввали роҳи мазкур барои таъмин намудани ҳаракати боз ҳам қулай ва бехатари нақлиёт барои аҳолӣ ва дигар иштирокдорони ҳаракат мусоидат мекунад.
Роҳи навсохт, гузаргоҳи роҳ, пулҳо ва роҳравҳои муосири пиёдагард ба баланд бардоштани сатҳи бехатарии ҳаракат ва беҳтар намудани минбаъдаи инфрасохтори нақлиётии минтақа хизмат хоҳанд кард.