Табиат мекунад моро табобат

Барои бордоршавии тухмҳуҷайра

Дар ангат (чаканда, облепиха) витамини Е зиёд аст. Маҳз ҳамин витамин ҳамчун витамине эътироф мегардад, ки барои насл гузоштан кӯмак мерасонад. Зеро он ба ҳосилшавии гормонҳои ҷинсӣ, бордоршавии тухмҳуҷайра, инчунин, рушди ҳомила таъсири мусбат мерасонад.

Бар зидди афсурдагӣ (депрессия)

Агар ноке, ки дар тоба (духовка) пухта шудааст ё мураббои нок шуморо аз сулфа халос намояд, ноки тару тоза воситаи беҳтарин бар зидди ҳолатҳои афсурдагӣ мебошад. Аз ин рӯ, шифокорон ба шахсони афсурдаҳол на қанд, балки  маҳз истеъмоли нокро тавсия медиҳанд. Ғайр аз ин, нок давои бемориҳои меъда низ мебошад.

Барои таваллуди осон

Агар занон 4,5 грамм заъфаронро бо чой нӯшанд, дар вақти таваллуд мушкилиҳо осонтар мегарданд.

Агар сар ногаҳон дард кунад

Афлесунеро гиред ва чанд қатра оби онро ба рӯймолча чаконда, 10–15 дақиқа бӯй кашед. Дастрӯмолро зери сар гузошта хобидан ҳам мумкин аст.

Ҳангоми кафидани рӯдаи рост

Шабона як дона сабзии тару тозаро аз турбтарош гузаронида, шарбати онро фишурда гиред. Шарбатро бинӯшед ва боқимондаи сабзиро ба латта гузошта, бо дока пӯшонед ва ба қисми дардноки пушт гузошта бихобед. Шабона дар қумқума (термос) сабзичой дам карда, нӯшед, муфид аст. Барои ин як дона сабзиро аз турбтарош гузаронида, ба қумқума андозед. Аз болояш 1 литр оби ҷӯш андохта, дам диҳед. Баъд вақти наҳорӣ нӯшед.

Барои инкишофи дуруст

Кадуро аз кӯдакони хурд то пиронсолон бояд зуд-зуд истеъмол кунанд. Агар онро дар шир ҷӯшонанд ё пора-пора карда, буғпаз кунанд ва ба он қаймоқ молида истеъмол кунанд, ҳам лаззат мебахшад ва ҳам саломатиро мустаҳкам мекунад. Дар тибби мардумӣ чунин ғизоҳо ҳамчун воситаи шифобахш барои рушди дурусти организми ҷавон ва нигоҳ доштани пиршавии узвҳо истифода шудаанд.

Ҳангоми бехобӣ

100 грамм мураббои тамашк (малина)-и тару тозаро (хушкшудааш ҳам хуб аст) дар оби ҷӯш ҳал мекунанд (агар хушк бошад, меҷӯшонанд). Сипас 10 дақиқа дам дода, 1 қошуқ асал илова мекунанд. Ин омехтаро бояд пеш аз хоб нӯшид.

Барои пешгирии пешобкунӣ дар хоб

Пешобкунии беихтиёр (энурез) ҳангоми хоб алҳол бисёр мушоҳида мешавад. Ба чунин ҳолат дар аксар маврид сустии асаб, инчунин бемориҳои гурда ё роҳҳои пешоб боис мешаванд.

Шахсе, ки дар хоб пешоб мекунад, шакару испандро бо равған омехта истеъмол кунад, аз ин беморӣ халос мешавад.

Ҳангоми илтиҳоби шошараҳа (уретрит)

Дамкардаи марвак (шалфей)-ро бо асал нӯшидан тавсия мешавад. Барои ин ба болои 1 қошуқ хокаи гиёҳ 1,5 истикон оби ҷӯш мерезанд. Онро 1 соат дам медиҳанд ва баъд аз дока мегузаронанд. Сипас ба ин дамкарда 1 қошуқ асал илова карда, омехта мекунанд.

(Давом дорад).

 

Таҳияи З. ҲАМДАМОВА,

А. РӮЗИМАТОВ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: