Табиат мекунад моро табобат

Барои беҳтар кардани биноӣ

Барои шахсоне, ки ҳар рӯз муддати дароз бо компутер кор мекунанд, витамини А хеле зарур мебошад. Меваи ангат манбаи бойи ин витамин буда, ба беҳтар шудани қобилияти биноӣ ва ҳолати пардаи луобии чашм таъсири мусбат мерасонад.
Барои шахсоне, ки шабона мошин меронанд, низ витамини А зарур аст, зеро он ба мутобиқшавии чашм ба торикӣ мусоидат мекунад. Бояд дар хотир дошт, ки витамини А дар организм танҳо бо равғанҳо хуб ҷаббида мешавад. Барои аз сабзӣ ё қаламфури булғорӣ гирифтани миқдори зарурии ин витамин, онҳоро бо равған ё сметана (қаймоқ) истеъмол кардан мувофиқи мақсад аст. Дар меваи ангат (облепиха) худ равған мавҷуд аст, бинобар ин барои онро ҷаббидани организм илова кардани чизе лозим нест.
 
Ҳангоми кафидани лаб
 
Бо сард шудани ҳаво, лабҳои бисёр зану духтарон мекафад. Дар чунин ҳолат, агар шарбати сабр (алоэ)-ро ба лабатон молед, он зуд ба ҳолати зебои пешинаи худ бармегардад.
 
Барои барқарор кардани ранги табиии лаб
 

Ба равғани бодом чанд қатра шарбати лимӯ омехта намуда, бо ҳаракатҳои сабуки масҳ ба лабҳо молед. Бо ин амал ранги лабҳоятон якхела шуда, ҳуҷайраҳои мурда бартараф мешаванд.
 
Ҳангоми варами гулӯ (ларингит)
 
Ларингит – илтиҳоби пардаи луобии ҳалқ буда, дар натиҷаи бемориҳои шадиди роҳи нафас ба вуҷуд меояд.
Барои пешгирӣ ва табобати ларингит шумо бояд чойи лимӯдорро ба миқдори кофӣ нӯшед ё гулӯятонро бо маҳлули махсуси лимӯдор, ки бо чунин усул омода мешавад, чайқонед: 1 дона лимӯи хурдтар, 3 қошуқ асал ва 0,5 литр об гиред. Шарбати лимӯро фишурда, бо асал хуб омехта кунед ва ба он оби ҷӯш ҳамроҳ намоед. Гулӯро дар ҳар 3–4 соат бо ин маҳлули ширгарм то сиҳат шудан чайқонед.
 
Ҳангоми лат хӯрдан
 
Тарбандӣ (компресс)-и сард ҳангоми кашишхӯрии пайи мушакҳо, лат хӯрдан ва хунравии бинӣ таъсири хуб мерасонад. Матои дар оби сард таркардашуда ё гузоштани ях боиси танг шудани рагҳои хунгард гардида, таъминоти бофтаҳо бо хун кам мешавад. Ин дар навбати худ дардро сабуктар менамояд.
Компресси сард чунин омода карда мешавад: як порча дока, матоъ ё дастмолро чандқабата печонда, дар оби сард тар кунед. Ба об ях ҳамроҳ намоед, боз ҳам беҳтар. Матои намнокро каме фишурда, ба ҷойи осебдида гузоред. Азбаски матоъ зуд гарм мешавад, онро дар ҳар 2–3 дақиқа иваз кардан лозим аст. Агар дастмол ё дока ду дона бошад, онҳоро бо навбат истифода бурдан мумкин аст.
Муолиҷа одатан то коҳиши дард ё қатъ шудани хунравии бинӣ, ба ҳисоби миёна то 1 соат, баъзан бештар идома меёбад.
Дар баъзе ҳолатҳо ба об сирко (ба ним литр об 2 қошуқ) илова кардан мумкин аст. Агар барои муддати дароз истифода намудани компресси сард зарурат пайдо шавад, ба халтаи селофанӣ ях, барф ё оби сард андозед. Дар чунин ҳол  аз болои селофан гузоштани матоъро фаромӯш накунед.
 
Ҳангоми дарди сахт
 
Агар шираи кашничро бо шир омехта истеъмол намоед, ҳама гуна дарди шадидро бозмедорад. Агар оби фишурдаи онро, махсусан бо иловаи шири модар ба чашм чаконанд, дарди сахти чашм қатъ мегардад.
 
(Давом дорад).
 
Таҳияи З. ҲАМДАМОВА,
А. РӮЗИМАТОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: