Дар даврони имрӯза духтарон имкониятҳои фаровон доранд: таҳсил мегиранд, касб меомӯзанд, забонҳои хориҷиро аз худ менамоянд ва дар ҳаёти иҷтимоӣ фаъолона иштирок мекунанд. Аммо бо вуҷуди ин ҳама пешрафт ва навгониҳо, як арзиш ҳаст, ки ҳеҷ гоҳ аҳамияти худро аз даст намедиҳад – одобу ахлоқ. Зеро маҳз ахлоқ симои воқеӣ, ҷойгоҳ ва арзиши духтарро дар ҷомеа муайян месозад.
Мутаассифона, имрӯз дар кӯчаву ҷамъият рафтори баъзе духтарон ба меъёрҳои одоби писандида созгор нест. Ҳолатҳое ба назар мерасанд, ки ба калонсолон ё беморон ҷой намедиҳанд, бо писарон бешармона сухан мегӯянд ва ба фарҳанги муошират беэътиноӣ зоҳир менамоянд. Ин гуна рафтор на танҳо ба симои духтар, балки ба фарҳанги ҷомеа низ соя меандозад.
Зебоӣ танҳо дар намуди зоҳирӣ ифода намеёбад. Рафтори шоиста, сухани нарм, эҳтиром ба калонсолон ва муносибати самимӣ бо атрофиён зебоиест, ки бо гузашти вақт кӯҳна намешавад. Духтари боахлоқ метавонад дар ҳар муҳит мақом ва эҳтироми худро ҳифз намояд ва бо рафтори худ намуна бошад.
Имрӯз таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба тарзи зиндагӣ ва тафаккури ҷавонон, бахусус духтарон, хеле зиёд гаштааст. Ба ҷойи аз интернет илм омӯхтан, бисёре аз онҳо вақти қиматбаҳои ҷавониро ба тамошои TikTok, Instagram ва намоишҳои бемазмуну бенизом сарф мекунанд. Ҳол он ки умр як лаҳза асту зиндагӣ неъмати бебаҳост. Ҷавонӣ бояд ба худсозӣ, донишандӯзӣ ва бунёди фардои равшан бахшида шавад, на ба сарфи беҳудаи вақт.
Одобу ахлоқ пеш аз ҳама дар оила ташаккул меёбад. Муҳити солими хонаводагӣ, насиҳати падару модар ва тарбияи дуруст ба духтар кумак мекунад, ки дар ҷомеа низ бо рафтори намунавӣ шинохта шавад. Ҳар як духтари хушахлоқ оинаи тарбия, фарҳанг ва масъулиятшиносии оилаи худ аст.
Инак, духтари ҳозирзамон метавонад ҳам замонавӣ бошаду ҳам боодоб. Пешрафт ва ахлоқ зидди ҳам нестанд, балки якдигарро пурра мекунанд. Ахлоқ зебоии ҷовидонаест, ки духтарро дар ҳама давру замон сарфароз месозад ва ӯро ба мартабаи баланд мерасонад.
Дилноза РАҲМАТОВА.