Пансада – маҳаллаи ҳунармандон

  • Пансада – маҳаллаи ҳунармандон
  • Пансада – маҳаллаи ҳунармандон

Ҳунарҳои миллӣ, ки дар тӯли асрҳо сайқал меёбад, мероси бебаҳои маънавии мардумӣ мебошанд. Дар кишварамон барои ҳифз кардан ва инкишоф додани ин мерос корҳои васеъмиқёс амалӣ мешаванд.

Чустиён аз азал бо ҳунарҳои оҳангарӣ, нонвоӣ, мисгарӣ, кордсозӣ, тоқидӯзӣ, оҳангарӣ ва гаҷкорӣ машғуланд.
Аз ҷумла, маҳаллаи Пансада, ки аз мавзеъҳои қадимии ноҳияи Чуст мебошад, бо мероси таърихӣ, ҳунармандӣ ва инфрасохтори замонавии сайёҳии худ машҳур аст. Мардуми маҳалла асосан бо ҳунармандӣ машғуланд. Ин ҷо дар 1280 хонадон 5740 аҳолӣ зиндагӣ мекунад.

– Барои боз ҳам беҳтар кардани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва ба маскани шукуфон табдил додани маҳалла рушди минбаъдаи инфрасохтори дохилӣ, минтақаҳои сабз, барпо кардани майдончаҳои замонавии варзишӣ, беҳсозии таъминоти барқ ва оби нӯшокӣ ба нақша гирифта шудаанд, – мегӯяд раиси маҳалла Муродҷон Йӯлдошев. – Машғулоти асосии сокинон ҳунармандист. Ҳар узви хонадон бо як ҳунари дӯстдоштаи худ машғул аст. Оилаҳое ҳастанд, ки корхонаҳои хурди хусусӣ ташкил карда, маҳсулоти худро ҳатто ба давлатҳои хориҷӣ содир мекунанд. Барои рушди соҳа ва ба як манзил ҷамъ овардани ҳунармандон дар маҳалла «Маскани ҳунармандон» ташкил карда мешавад. Барои ин аз ҷониби давлат 8 миллиард сӯм маблағ ҷудо карда шудааст ва айни замон корҳои бинокорӣ дар авҷ мебошад. Дар доираи лоиҳа мувофиқи анъанаҳои миллӣ устохонаҳои истеҳсолӣ, майдончаҳои савдо, павилионҳои намоишӣ ва иншооти хидматрасонӣ сохта мешаванд. Бояд гуфт, ки « Маскани ҳунармандон» дар рушди ҳунарҳои маҳаллӣ, барои ба ҷавонон омӯхтани касбу ҳунар, ба роҳ мондани тиҷорати маҳсулоти тайёр ва афзудани салоҳияти сайёҳӣ нақши муҳим мебозад. Дар ин ҷо баҳри дастгирӣ кардани фаъолияти ҳунармандон ҳамаи шароит ва имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда шуда, зиёда аз 100 ҷойи корӣ ташкил карда мешаванд. Инчунин, барои фурӯши маҳсулоти тайёр майдонҳои намоишӣ ва растаҳо сохта хоҳанд шуд. Меҳмононе, ки ба маҳалла меоянд, имкон доранд, бо маҳсулоти ҳунарҳои миллӣ шинос шаванд ва аз соҳибони ҳунар дар бораи маҳсулоти тайёрнамудаашон маълумотҳои зарурӣ гиранд. Лоиҳа асосан  барои ба ҷавонон омӯхтани ҳунар нигаронида шудааст. Корҳои амалӣ дар асоси анъанаи «устоду шогирд» ба роҳ монда мешаванд. Ҷавонон дар ин ҷо  асрори ҳунарҳои қадимиро меомӯзанд, то дар оянда мутахассисони соҳибихтисос шаванд. Ғайр аз ин дар маҳалла баргузор кардани намоишҳои гуногун, ҷашнвораҳои ҳунармандӣ, вохӯриҳои эҷодӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ ба нақша гирифта шудаанд. Ин лоиҳаи нави ҳунармандӣ ва сайёҳӣ дар ривоҷу равнақи ҳунарҳои миллӣ, ҳифзи мероси фарҳангӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди иқтисодӣ қадами муҳим мебошад.

Ҳоло дар растаҳои ҳунармандӣ, ки дар дохили бозори калони маҳалла ҷойгир шудаанд, зиёда аз 200 ҳунарманд кор мекунанд. Оҳангар Баҳром Йӯлдошев  аз ҳунармандони номдори он ба шумор меравад.

– Оҳангарӣ ҳунари одӣ нест, он дар тӯли асрҳо аз насл ба насл гузашта меояд. Бо додарам Толибҷон ва фарзанду набераҳо бо ин ҳунар машғулем, – мегӯяд оҳангари моҳир. – Соҳиби ҳунар ҳеч гоҳ хор намегардад, гуфтаанд. Бале, ин ҳикмат ҳақиқат дорад. Зеро ҳунар на танҳо ба инсон ризқу рӯзӣ медиҳад, балки боз ӯро сарбаланд мекунад. Ҳунармандон ба василаи ҳунар фарҳанг, таърих ва арзишҳои миллии мардумро ба наслҳои оянда мерасонанд. Дар маҳаллаамон ҳунармандон ва сулолаҳои онҳо бисёранд. Аз ҷумла, ман давомдиҳандаи насли шашуми ҳунари оҳангарӣ ҳастам. Ин ҳунарро аз бобоям, ки якчанд шогирд доштанд, омӯхтаам. Вақте ки хурд будам, эшон дар як хонаи пастаки ҳавлии худ аз субҳ то шом кор мекарданд, ман ҳаракатҳояшонро бо завқ тамошо мекардам. Ба назарам корҳои он кас муъҷиза менамуд, зеро аз як оҳани оддӣ маҳсулоти аҷиб месохтанд. «Оҳангарӣ касбест, ки аз инсон фидокорӣ, сабру тоқат ва матонат талаб мекунад. Чунки ҷараёни кор бо техника не, балки бо дасти ҳунарманд иҷро мешавад», – мегуфтанд бобоям.

Мо ин ҳунарро идома дода, асрори касби оҳангариро ба талаботи замон мувофиқ мекунем, анъанаи «устоду шогирд»- ро давом медиҳем, ба ҷавононе, ки ба ин ҳунар завқу шавқ доранд, то қадри ҳол меомӯзонем.

Имрӯз ҳар як ҳунарманд устохонаи шахсӣ дорад, дар он ҳамаи шароиту имкониятҳо мавҷуданд. Дар як моҳ то 10 миллион сӯм даромад мегирем. Алҳол нигоҳ доштани ин мероси куҳан, омӯзонидани ҳунар ба насли ҷавон ва рушди он аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ гардидааст.

Аз он шодам, ки баробари рушди технология ҷавонон ба омӯхтани ин ҳунари дастӣ низ завқ доранд, хурсандиовар аст, ки дар маҳалла «Маскани ҳунармандон» бунёд меёбад ва ба мо барои рушди соҳа боз як имконияти хуб фароҳам меоварад.

Оре, чустиён аз қадимулайём ҳунарҳои меросиро қадр мекунанд. Касе ин ҷо бекору беҳунар нест. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки баробари омӯхтани илм  соҳиби ягон касбу ҳунар ҳам шаванд.

Шоҳида ДАМИНОВА,

хабарнигори «Овози тоҷик»

дар вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: