Низоми муосири маориф тақозо дорад, ки мутахассисони рақобатпазир мутобиқ ба талаботи воқеии бозори меҳнат омода карда шаванд.Барои расидан ба ин ҳадаф зарур аст, ки донишҳои назариявӣ бо таҷрибаи амалӣ пайванди ногусастанӣ дошта бошанд.
Аз ин рӯ, модели таҳсилоти дуалӣ дар арсаи байналмилалӣ, бахусус дар кишварҳои пешрафта, васеъ истифода мешавад. Ин низом яке аз роҳҳои самарабахш ва дар амал санҷидашудаи баланд бардоштани сифати таҳсилоти касбӣ ба шумор меравад.
Дар кишварҳое чун Олмон, Швейтсария ва Австрия ин модел самаранокии худро пурра собит кардааст. Тибқи он, донишҷӯ як қисми муайяни таҳсилро дар муассисаи таълимӣ мегузаронад ва вақти боқимондаро дар корхонаҳои истеҳсолӣ ё муассисаҳои хизматрасонӣ ба таҷрибаомӯзӣ мебахшад. Масалан, дар Олмон 80 дарсади хатмкунандагоне, ки бо низоми дуалӣ таҳсил кардаанд, ба бозори меҳнат ҳамчун мутахассисони соҳибтахассус ва барои фаъолияти мустақилона омода ворид мешаванд. Дар соҳаи сайёҳӣ ва меҳмондории Швейтсария бошад, 50–60 дарсади вақти донишҷӯён ба машғулиятҳои амалӣ ҷудо карда мешавад. Дар натиҷа, сатҳи бо ҷойи кор таъмин шудани онҳо ба 90 дарсад мерасад.
Дар кишвари мо низ татбиқи васеи ин таҷриба оғоз шудааст. Ҳадафи асосӣ омода кардани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат ва тавассути пайвастани раванди таълим бо фаъолияти амалӣ ба марҳилаи нав бардоштани сифати таҳсилот мебошад. Бо ин мақсад заминаи устувори меъёриву ҳуқуқии таҳсилоти дуалӣ фароҳам оварда шуд.
Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 18 июли соли 2024 дар ин самт қадами муҳим ва таърихӣ гардид. Тибқи он, аз соли таҳсили 2024–2025 дар соҳаҳои сайёҳӣ ва хоҷагии меҳмонхонадорӣ дар низоми таҳсилоти олӣ шакли нави таълим ҷорӣ карда шуд. Омодасозии мутахассисон дар доираи барномаи сесола ва бар асоси низоми «блок-модулӣ» дар шакли таҳсилоти дуалӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар ин низом тақсимоти сарбории таълимӣ вобаста ба гузариши донишҷӯён аз як курс ба курси дигар тадриҷан тағйир меёбад. Аз ҷумла, дар курси якум 80 дарсади раванди таълимро назария ва 20 дарсади онро амалия ташкил медиҳад. Дар курси дуюм ин таносуб баробар шуда, ба 50 дарсад назария ва 50 дарсад амалия баробар мегардад. Дар курси сеюм бошад, таваҷҷуҳи асосӣ ба таҳкими малакаҳои амалӣ равона шуда, ҳиссаи машғулиятҳои назариявӣ 30 дарсад ва таҷрибаомӯзӣ 70 дарсадро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, бо қарори Девони Вазирон аз 16 январи соли 2025 тартиби ташкили таҳсилоти дуалӣ дар низоми таҳсилоти олӣ тасдиқ гардид. Минбаъд ин раванд дар асоси шартномаи сетарафа миёни корхона, муассисаи таҳсилоти олӣ ва донишҷӯ амалӣ карда мешавад. Машғулиятҳои назариявӣ на камтар аз ду рӯз дар як ҳафта дар донишгоҳ баргузор шуда, рӯзҳои боқимонда пурра ба таҷрибаомӯзӣ дар корхона бахшида мешаванд.
Фармони Президенти кишвар, ки 29 сентябри соли 2026 қабул гардид, ин низомро боз ҳам такмил дод. Ҳадафи асосӣ таъмини фаъолияти пурраи принсипи «корхона – донишгоҳ – кадри мақсаднок» мебошад. Бо ин роҳ корфармоён бевосита ба раванди таълим ҷалб шуда, хатмкунандагон бо ҷойи кори кафолатнок таъмин мегарданд.
Тибқи фармон, донишҷӯён метавонанд дар асоси роҳхати корхона бидуни имтиҳон ё тавассути интихоби озмунӣ тибқи фармоиши корхона ба таҳсил қабул шаванд. Корхона аз ҳисоби маблағҳои худ дар давраи таҳсил ба донишҷӯ ҳар моҳ ба андозаи на камтар аз ҳадди ақали музди меҳнат маош пардохт мекунад. Донишҷӯ бошад, пас аз хатми донишгоҳ ӯҳдадор мешавад, ки дар ҳамон корхона ё сохторҳои тобеи он на камтар аз ду сол фаъолият намояд. Дар ин раванд ҳиссаи таълими назариявӣ бояд на камтар аз 30 дарсадро ташкил диҳад. Дар вақти боқимонда ба донишҷӯён дар корхона мураббиён вобаста карда мешаванд.
Аз 1 январи соли 2027 дар ин низом таҷрибаи нав ҷорӣ мегардад. Барои корхонаҳое, ки таҳсилоти дуалиро интихоб мекунанд, курсҳои махсуси омодасозии мураббиён ташкил карда мешаванд. Хароҷоти такмили ихтисоси 30 нафар профессорону омӯзгорон ва мураббиёни ба ин раванд ҷалбшуда дар хориҷи кишвар аз ҳисоби буҷети давлатӣ пардохт карда мешавад.
То ин дам дар низом як мушкили ҷиддӣ вуҷуд дошт: ба мутахассисони дорои дараҷаи бакалавр, ки дараҷаи магистр надоштанд, барои дар донишгоҳҳо дарс додан имтиёз дода намешуд. Ҳол он ки аксари мутахассисони соҳибтаҷриба ва ҳунарманди корхонаҳо танҳо соҳиби дипломи бакалавр мебошанд. Бо ҳуҷҷати мазкур ин маҳдудият бартараф гардид. Минбаъд мураббиёни дорои дараҷаи бакалавр, ки курсҳои махсусро хатм кардаанд, метавонанд дар донишгоҳҳо дар асоси пардохти музди соатбай, баробар ба омӯзгорони бе дараҷаи илмӣ, ба фаъолияти педагогӣ ҷалб карда шаванд.
Тибқи тартиби нав, ба ҳар як мураббӣ на бештар аз 15 донишҷӯ вобаста карда мешавад. Барои роҳнамоии ҳар як донишҷӯ дар як сол 30 соат сарбории корӣ пешбинӣ шудааст. Музди меҳнати мураббиён бошад, бар иловаи фонди музди меҳнати соатбайъи донишгоҳ, аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷетии муассисаи таълимӣ пардохт мегардад.
Аз натиҷаи соли таҳсили 2027/2028 сар карда, фаъолияти донишгоҳҳо ва корхонаҳои фармоишгари кадрҳо аз рӯйи нишондиҳандаҳои самаранокӣ баҳогузорӣ ва рейтингбандӣ карда мешавад. Се донишгоҳ ва се корхонае, ки натиҷаҳои беҳтарин ба даст меоранд, вобаста ба ҷойи ишғолкардаашон аз буҷети давлатӣ мутаносибан як, ду ва се миллиард сӯмӣ ҳавасманд гардонида мешаванд. Ин тадбир дар баробари таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳо, фарогирии таҳсилоти дуалӣ ва робитаҳои ҳамгироиро низ ба таври назаррас васеъ менамояд.
Дар Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд низ дар ин самт самтҳои афзалиятнок муайян карда шудаанд. Аз ҷумла, ташкили таълими ҳамгиро бо ҷойи кор ва таҷрибаомӯзӣ дар корхонаҳо ва маҳаллаҳо аз ҷумлаи ин иқдомҳост. Ҳамчунин, таъсиси филиалҳои кафедраҳо дар корхонаҳо ва марказҳои форсайтӣ дар ҳудуди донишгоҳ, ки ҳамчун дафтари таълимӣ ё маркази хизматрасонии корхонаҳои ҳамкор фаъолият мекунанд, ба нақша гирифта шудааст.
Донишгоҳи мо бо ҳокимияти шаҳри Тошканд, ҳокимиятҳои ноҳияҳо ва маҷлисҳои шаҳрвандони маҳаллаҳо ҳамкории наздик ба роҳ мондааст. Идея сода, вале дорои мазмуни амиқ аст: ҷавононе, ки ҳамчун иқтисоддон омода мешаванд, бояд донишҳои назариявии худро на танҳо дар толори дарс, балки дар худи ҳаёт, яъне дар сатҳи маҳалла низ санҷида, татбиқ намоянд. Бо ин мақсад 704 нафар донишҷӯи курси хатмкунандаи донишгоҳ ба маҳаллаҳои пойтахт вобаста карда шуданд. Онҳо бояд имкониятҳои иҷтимоиву иқтисодии ҳудудҳоро омӯзанд, таҳлил гузаронанд ва пешниҳодҳои амалӣ таҳия кунанд.
Чаро маҳз маҳалла интихоб шуд? Маҳалла хурдтарин воҳиди иқтисодиёти ҳудудӣ буда, дар он равандҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ба таври равшантар ба назар мерасанд. Вазъи шуғли аҳолӣ, соҳибкории оилавӣ, тиҷорати хурд, инфрасохтор ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ маҳз дар ҳамин сатҳ баръало зоҳир мешаванд. Таҳлилҳо дар миқёси маҳалла имкон медиҳанд, ки воқеияти зиндагии мардум, ки дар паси нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ пинҳон мемонад, ошкор карда шавад.
Албатта, маҳаллаҳои пойтахт аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Байни марказ ва ҳудудҳои канории шаҳр аз ҷиҳати зичии аҳолӣ, сатҳи рушди инфрасохтор ва фаъолияти соҳибкорӣ тафовутҳои назаррас мавҷуданд. Аз ин рӯ, барои ҳар як ҳудуд бо назардошти шароити хоси он муносибати алоҳида зарур аст.
Дар истилоҳи иқтисодӣ ин раванд «ташхиси ҳудудӣ» номида мешавад. Он ду мафҳуми асосиро дар бар мегирад: маҳдудиятҳои рушд, яъне омилҳое, ки ба пешрафти ҳудуд монеъ мешаванд ва захираҳои рушд, яъне имкониятҳое, ки то ҳол пурра истифода нашудаанд. Хатмкунандагони донишгоҳ донишҳои дар давраи таҳсил андӯхтаи худро маҳз дар раванди чунин ташхис ба кор мебаранд. Ин таҷриба барои онҳо муҳимтарин имтиҳони ҳаётӣ хоҳад буд.
Таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар маҳаллаҳо аз чор марҳилаи пайдарпай иборат аст.
Дар марҳилаи аввал, ки омӯзиш ва ҷамъоварии маълумотро фаро мегирад, донишҷӯён маълумоти марбут ба аҳолӣ, вазъи шуғл, субъектҳои соҳибкорӣ ва инфрасохтори маҳалларо ҷамъоварӣ ва гурӯҳбандӣ мекунанд.
Дар марҳилаи дуюм маҳдудиятҳои рушд муайян карда мешаванд. Аз ҷумла, омилҳое, ки ба пешрафт халал мерасонанд, аз қабили мушкилоти инфрасохторӣ, норасоии захираҳои молиявӣ ва камбуди мутахассисони соҳибихтисос мавриди арзёбӣ қарор мегиранд.
Марҳилаи сеюм ба ҷустуҷӯи захираҳои рушд бахшида мешавад. Дар ин марҳила имкониятҳои истифоданашуда, аз ҷумла замину биноҳои бекор, захираҳои меҳнатӣ ва самтҳои ояндадори соҳибкорӣ муайян карда мешаванд.
Дар марҳилаи ниҳоӣ бошад, дар мувофиқа бо раиси маҳалла ва ҳокимияти ноҳия пешниҳодҳои амалӣ оид ба тадбирҳое таҳия мегарданд, ки имкони татбиқи воқеии онҳо вуҷуд дорад.
Ин модел барои ҳар се ҷониб манфиатовар аст. Донишҷӯ бо ҳалли мушкилоти воқеӣ таҷрибаи худро ғанӣ мегардонад. Маҳалла ба арзёбии мустақилона ва холисонаи таҳлилӣ даст меёбад. Ҳокимият бошад, барои қабули қарорҳои дуруст маълумоти дақиқ ва аз ҷиҳати илмӣ асоснокро дар ихтиёр мегирад.
Агар маҳалла пули пайванди давлату ҷомеа бошад, донишгоҳ низ пули пайванди илму дониш бо ҳаёти воқеист. Имрӯз ин ду пули муҳим ба ҳам мепайванданд. Интизор меравад, ки пешниҳодҳои таҳиякардаи донишҷӯён барои таҳияи барномаҳои рушди маҳаллаҳои пойтахт замина фароҳам оварда, худи онҳо низ ба иштирокчиёни фаъоли раванди рушди ҳудудҳо табдил меёбанд.
Хулоса, омодасозии мутахассисони соҳибихтисос дар асоси низоми таҳсилоти дуалӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ имкон медиҳад, ки талаботи бозори меҳнат ба кадрҳои зарурӣ қонеъ гардонида шавад. Мутахассисоне, ки тавассути чунин низом омода мешаванд, метавонанд бо хатмкунандагони муассисаҳои бонуфузи таълимии кишварҳои хориҷӣ рақобат кунанд. Бешубҳа, онҳо дар таъмини рушди устувори иқтисодиёти кишвар ва бунёди ояндаи дурахшони он саҳми арзанда мегузоранд.
Алишер ЭШТАЕВ,
мудири кафедраи Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд,
доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор.
ӮзА