Ёди марҳум Пайванди Гулмуродзода – омӯзгор, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, рӯзноманигори маъруфи тоҷик, «Аълочии матбуоти Тоҷикистон», «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон», «Аълочии маорифи Тоҷикистон», «Аълочии телевизион ва радиошунавонии Тоҷикистон», ки соли равон аз зодрӯзи ӯ 70 сол мегузарад, гиромӣ бод.
Исми аслии ӯ Улашбой буд, аммо бо номи Пайванд дар ёдҳо монд. Дар ҳақиқат, исмаш ба ҷисмаш муносиб, ҳам дар ҳаёт, ҳам дар кор ва низ дар миёни наздикон пайвандгари дилҳо буд. Бо одоби ҳамида, ҳилму хоксорӣ, талошҳояш дар ҷиҳати андӯхтани илму хирад то ҷое писандида буд, ки ҳар гоҳ ӯро ёд кунем, ин байти Носири Хусрав ба хотир меояд:
Ҷамоли мардумӣ дар ҳилм бошад,
Камоли одамӣ дар илм бошад.
Тавре ки дар урфият мегӯянд, «аз сояи як дарахт чил кас баҳраманд мешавад», устод Пайванди Гулмуродзода чун дарахти баланди пурборе буд, ки ба шогирдон ва алалхусус, ба ҷавонони ҳамшаҳрии худ сабақҳои нек медод, роҳи кору зиндагӣ меомӯзонд. Ӯ баробари узви Иттиҳодияи журналистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон будан, олим ва шахсияти шинохтаи замони худ буд, ки хурду калон барояш эҳтиром меварзиданд.
Ман аз овони мактабхонӣ ба забону адабиёт шавқу рағбати зиёд доштам. Мехостам ба мисли бародари гиромӣ ба дунёи калому адаб ворид шавам, аммо сарнавишт ба тарзи дигар рақам зад ва нохудогоҳ, пас аз хизмати ҳарбӣ донишҷӯйи факултаи таҳлил ва баҳисобгирии хоҷагидории Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон шудам. Азбаски шуълаи орзуҳои ҷавонӣ дар як гӯшаи дилам равшан буд, мехостам таҳсиламро ба факултаи филология ё журналистика иваз кунам. Боре бо азму ҷазм ба устод арзи дил кардам. Эшон бо табассум гуфт: «Муҳаммад, дарахт дар як ҷо реша медавонад, месабзад ва рушд мекунад. Фикратро парешон накун, дар ҳамин факултаат таҳсилро давом деҳ, албатта, устоди кори худ хоҳӣ шуд. Аммо, бо мақсади гум накардани иштиёқи овони бачагӣ мутолиаи китобҳои бадеӣ ва рӯзномаю маҷалларо ҳаргиз канда накун».
Шояд ин гуна насиҳат дар назари дигарҳо одӣ намояд, лекин он замон барои ман чун обу ҳаво зарур буд. Камина бо ин амри устоди дурандеш аз дудилагӣ раҳо ёфтам. Ба қавле, дар як даст китобҳои шеър, пешаи худро азхуд намудам ва солҳои сол дар соҳаи иқтисодиёт фаъолияти пурсамар анҷом додам.
Устод Пайванд аввалин касе аз деҳаи мо буд, ки донишгоҳро бо муваффақият хатм намуда, дар таълимгоҳи олӣ ба устодӣ мондагор шудааст. Маҳз аз пайи эшон «қатор»-и студентони кӯҳпоя ба вуҷуд омада буд. Аз ҷумла, ман бо ҳамдеҳагонам Ортиқ, Ғафур, Норибек ва Исмоил ба донишгоҳҳои Душанбе даст ёфта будем. Бо ҳам меҳру оқибат доштем, зуд-зуд ба дидори устод мерафтем. Ҳар гоҳи дидан ӯ бо чеҳраи кушод ва лутфу меҳрубонӣ ва гоҳе низ бо ҳазлу шӯхиҳои ба худ хос моро ба сари дасторхон мехонд ва мегуфт: «Канӣ, аз боло гузаред!» Бо ҳавсала аз ҳар яке ҳолу аҳвол мепурсид ва бо таъкид изҳор мекард: «Аз роҳи дур ба хотири таҳсил омадед, акнун ҳар лаҳзаро ғанимат шумурда хонед, дар роҳи донишандӯзӣ риёзат кашед, касб омӯзед. Беҳуда нагуфтаанд, ки «тан ба дуди чароғи бехобӣ нанҳодӣ, илму ҳунар зӣ куҷо ёбӣ?» То ранҷ накашед дурри мақсуд ба даст намеояд!»
Он суханҳои устод маро ба ёди Ҳаким Низомӣ мебарад, ки фармуда:
Дониш талабу бузургӣ омӯз,
То беҳ нигарад рӯзат аз рӯз!
Аз сӯйи дигар, фарохдиливу дилсӯзии устод ҳамеша ба мо шоёни ибрат буд. Ҳар гоҳ моро медид, гӯё бо одами наздики худ дучор мешуд. Ба хусус, ҳангоми аз деҳа баргаштан аз як сар ҳамаро мепурсид, аз ҳоли ҳамдеҳагон, хешу табор, пиру ҷавони деҳа ҷӯё мешуд. Баробари паёмҳои мо худаш низ аз хотираҳои ҷавониаш нақл мекард.
Дар ёд дорам, аз сӯйи бародарам Эҳсон Бозоров боз шудани китобхонаи шахсии «Кошонаи Фарҳод» устодро ба шигифт оварда буд. Ин кори нек соли 1989 дар шаҳри Конибодом сурат гирифт, ки муҳтавои китобхона дорои панҷ ҳазор нусха китоб буд. Дар маросими ифтитоҳи он афроди номдор, шоиру нависандагон ширкат варзиданд ва барномаи вижа барои телевизиони марказӣ сабт шуд.
Бо вуҷуди маҳфилу маҷлисҳои зиёд устод ба меҳмондорӣ ҳам вақт меёфт. Дар ёдам ҳаст, ҳавлии озодаву сариштаи ӯ дар маҳаллаи Чортут ҷойи нишасти доимии аҳли зиё буд. Дӯстонаш ҳар гоҳи фароғат барои тановули оши «Самарқандӣ», ки дастпухти худи ӯ буд, мешитофтанд. Суҳбату баҳсу мушоираҳояшон як ҷаҳон дарси одобу маърифат ва ибрату ҳикмат буд.
Дӯсти мо Абдукарим Шарифзода, ки ҳоло раёсати Маркази фарҳангии тоҷикони Ҷиззахро ба уҳда дорад, бо ихлоси баланд ба Пайванди Гулмуродзода, мегӯяд: «Шавқу рағбати Пайванд, пеш аз ҳама, ба дарсҳои забон ва адабиёт баланд буд. Шеърхонию шеърдониҳояш аз ғунчаи истеъдоди ӯ дарак медод. Иштиёқи волои ӯ ба суханварӣ, нигориши мақола ва ошиқи китоб буданаш моро ба ваҷд меовард. Мо ҳанӯз мактаб мехондему мақолаҳои ӯро дар рӯзномаи ноҳияамон мутолиа мекардем».
Як калима сухани шодиомези устод Пайванд, ки ҳамеша дар ниҳояти хушнудӣ баён мекард, – «мешудааст-ку» ҳеч гоҳ аз ёдҳо зудуда намешавад. Ин лутфи ӯ боре ба каминаву рафиқи ҳамдеҳаам Исмоил Қӯрғонови ҳуқуқшинос низ иттифоқ афтода буд. Мо вақти холӣ ёфта, аз пеши худ, китобхонаи устодро таъмир кардем ва он замон ӯ ҳамон калимаи зеборо бароямон арзонӣ дошта буд. Дар поён зиёфате тартиб дода, аз китобҳояш бароямон тақдим кард, аз ҷумла ба ман гуфт: «Муҳаммад, медонам, ту шеърро дӯст медорӣ. Ин барои туст!» Ва он китоби шеър, ки пур аз абёти ҳакимона ва ахлоқӣ аст, то ҳол китоби рӯйимизии ман мебошад ва ёдгорӣ аз устоди арҷманд.
Яке аз шогирдони устод, рӯзноманигор Анорбой Назаров дар навиштаҳои хеш пайваста аз суҳбатҳои хосса бо устод Гулмуродзода ёдовар мешавад. Ӯ, аз ҷумла, мегуяд: «Устод Пайванд як мактаби бузургеро доро буданд. Мо – шогирдон худро аз он хушбахт мешуморем, ки каму беш аз ин мактаб баҳраманд шудаем. Тахминан тирамоҳи соли 2003 буд, ки ҳамроҳи устод ба Тошканд рафтам. Дар давоми як ҳафта баробари бо ёру дӯстон дидорбинӣ кардан, боз барои дар китобхонаҳо, аз ҷумла, китобхонаи калонтарини ҷумҳурӣ, ки ба номи Навоӣ аст, нишаста, ба кори таҳқиқ машғул шудан вақту фурсат ёфта буданд. Мегуфтанд, ки дар ҷавонӣ қуллаҳои илмро бояд фатҳ кард. Ба ғайр аз ин, фазилатҳои неки устод чун одамият, ҳолпурсӣ аз дӯстони дерин, шоистаи таҳсин аст».
Дар зиндагӣ мӯйи сарамон сапед шуд, аммо инсонҳоеро мисли устод Пайванд, ки вуҷудашон моломоли хислатҳои шоиста бошад, кам дучор омадем. Ӯ, бе муболиға, марди хоксор, одамдӯст, орӣ аз кибру ғурур ва калондимоғӣ буд. Бо дили гарм ва самимӣ суҳбат меорост, мавқеи ибрози фикр суханро ба хубӣ дарк мекард. Ҳар гоҳе, ки бо ёру дӯстон, додарони устод Фирӯз ва Фаррух ё бо писари калониаш Каримҷон вомехӯрем, ҳатман аз ин фазилатҳои неки устод ёд меорем. Дар ҳаққашон дуои нек мекунем.
Устод орзуҳои бисёр дошт, мехост дар соҳаи илм корҳои бештареро ба анҷом расонад, аммо... Ба гуфтаи шоир Ҳақназар Ғоиб, «ҷавонмардон чаро ин қадр дар дунё ҷавонмарганд?!..», умраш кӯтоҳ будааст. Бо ин ҳол, ёди ӯро гиромӣ хонда, аз қавли Шайх Саъдӣ мегӯем:
Зиндаву ҷовид монд ҳар кӣ накӯном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.
Муҳаммад АКАҶОНОВ,
узви Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон.