Имрӯз 9 нафар дзюдочӣ барои унвони қаҳрамони ҷаҳон вориди татамӣ мешаванд

Дар шаҳри Тошканд мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонон идома дорад.

Имрӯз дар Маҷмааи олимпии пойтахт миёни духтарон дар вазнҳои то 63 ва 70 кг ва миёни писарон дар вазнҳои то 73 ва 81 кг рақобатҳо баргузор мешаванд.
Дар ин вазнҳо 9 намояндаи тими мунтахаби Ӯзбекистон барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ мубориза мебаранд.
Аз ҷумла, миёни духтарон дар вазни то 63 кг Нигина Сапарбаева, Динора Самандарова ва Паризода Йӯлдошева, дар вазни то 70 кг бошад, Пошшаҷон Ҷумабоева ва Дурдона Турсунова ҳунарнамоӣ мекунанд.
Миёни писарон дар вазни то 73 кг Муҳриддин Маъруфов ва Иноят Телманов, дар вазни то 81 кг бошад, Камронбек Қодиров ва Саъдулло Равшанов ба майдон мебароянд.
Ҳарифони аввалини паҳлавонони Ӯзбекистон:
Вазни то 63 кг:
- Нигина Сапарбаева – Муборак Менас (Урдун) / Ҳонока Кимура (Ҷопон);
- Динора Самандарова – Эмили Даниэла (ИМА);
- Паризода Йӯлдошева – Иветт Фуэнтес (Венесуэла).

Вазни то 70 кг:
- Пошшаҷон Ҷумабоева – Марта Навикайте (Литва) / Янг Юан Жи (Чин);
- Дурдона Турсунова – Рената Сандовал (Мексика) / Диана Бенкова (Полша).

Вазни то 73 кг:
- Муҳриддин Маъруфов – Николас Гкинис (Юнон);
- Иноят Телманов – Алӣ Ал-Шаммарӣ (Кувайт) / Константинос Тсапарас (Юнон).

Вазни то 81 кг:
- Камронбек Қодиров – Меҳдӣ Аббосов (Озарбойҷон) / Эдоардо Руссо (Италия);
- Саъдулло Равшанов – Таичи Окудо (Ҷопон).

Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи аввали мусобиқа паҳлавони ӯзбек Муҳаммадҷон Машарипов аввалин медали тиллои мунтахаби кишварро ба даст овард. Ӯ дар вазни то 60 кг дар финал намояндаи ИМА Ҷонатан Янгро, ки пешсафи раддабандии ҷаҳонӣ мебошад, дар вақти иловагӣ шикаст дода, қаҳрамони ҷаҳон гардид.

Ҷавоҳир Тошхӯҷаев, ӮзА

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: