Табиат мекунад моро табобат

Ҳангоми фалаҷ

Ҳазориспандро дар оби турб меҷӯшонанд. Сипас обро соф карда, ба он дар ҳамон миқдор равғани зайтун илова мекунанд ва дар оташи паст меҷӯшонанд, то об бухор шуда, танҳо равған боқӣ монад. Бояд эҳтиёт шуд, ки равған насӯзад.

Агар инро истеъмол кунанд ё дар ҷойи дардманд моланд, барои бемориҳои майна, фалаҷ, каҷшавии рӯй ба як тараф, ларзиш, нотавонии узвҳо, саръ, кашиши пӯст, дардҳои асаб ва ҳатто карахтӣ шифо мебахшад.

Ҳангоми варам кардани забончаи ҳалқум

Агар райҳони кӯҳиро хуб кӯфта, бо асал омехта бихӯранд, ба варами забончаи гулӯ, илтиҳоби шуш, таб, сулфаи тар, инчунин газидани каждум ва дигар ҳашароти заҳрдор шифо мебахшад.

Ҳангоми хафақон

Агар фишори хун каме баланд бошад, ин нороҳатиро лаблабуи сурх (на лаблабуи қандӣ) метавонад барҳам диҳад. Барои ин лаблабуро хуб шуста, пора мекунанд. Баъд то нисфи зарфи 3-литра андохта, аз болояш оби ҷӯши сардшударо то пур шудан илова мекунанд. Инчунин, вобаста ба табъ каме шакар (тақрибан 3 қошуқ) ҳам илова кардан ҳам мумкин аст. Баъд зарфро то туршшавии маҳлул дар ҷои салқин ва торик мегузоранд. Ин раванд 3–5 рӯз давом хоҳад кард.

Баъд аз омода шудани обкома (квас)-и лаблабу, ҳар рӯз пеш аз наҳорӣ 1 пиёла (тақрибан 100–150 мл) ҷуръа-ҷуръа нӯшидан тавсия мешавад. То даме, ки ранг ва таъми он тағйир наёбад, метавон ба зарф боз оби ҷӯши хунукшударо илова кард. Аммо аз ҳад зиёд турш кардани он низ хуб нест. Зеро ба ҷойи обкома нӯшокии ба шароб монанд ҳосил шавад, фоида нахоҳад кард. Танҳо дар ҳолати мунтазам татбиқ кардани ин муолиҷа он натиҷаи хуб медиҳад.

Барои тоза кардани хилтҳо

Марҷумак (гречка) аз моддаи оҳан бой буда, ҳамзамон, баданро аз хилтҳо тоза мекунад. Шабона марҷумакро дар об тар карда мегузоранд. Намак намеандозанд. Субҳ онро каме ҷӯшонида, наҳорӣ мехӯранд. Беҳтар аст бе намак истеъмол шавад. Ин барои занони синну соли гуногун фоидаовар мебошад.

Ҳангоми илтиҳоби кисаи сафро (холецистит)

Аз болои 100 грамм сирпиёзи тоза ва майдашуда ним истикон оби ҷӯш мерезанд. Рӯяшро пӯшида, 5 соат дам медиҳанд. Сипас аз дока мегузаронанд ва дар ҳолати каме гарм менӯшанд.

Ҳангоми паст шудани хотира

Занҷабил, чормағз ва мавизи зарди бетухмро ба миқдори баробар гирифта, бо асал омехта мекунанд ва як ҳафта нигоҳ медоранд. Аз ин омехта ҳангоми сулфа, шамолхӯрии роҳҳои нафас, камқувватӣ ва паст шудани хотира истифода бурдан мумкин аст. Субҳ ва бегоҳ 1 қошуқӣ истеъмол кардан кофист. Ин фаъолияти ақлӣ ва ҷисмонии шахсро беҳтар мекунад.

Ҳангоми газидани каждум

Қоқуро кӯфта, ба ҷои газидаи каждум мебанданд.

Барои рафъи ташнагӣ

Каду барои меъдаи инсон хеле муфид аст. Он яке аз воситаҳои табииест, ки баданро нам нигоҳ медорад ва ташнагиро рафъ мекунад.

Ҳангоми хастагӣ ва стресс

Пӯшида нест, ки буғ гирифтан дар ҳаммоми гарм ё бухорхона (сауна) воситаи босамари рафъи хастагӣ ва стресс ба шумор меравад. Бояд дар ёд дошт, ки ба он ҷо танҳо 3 маротиба ва ҳар дафъа то 10 дақиқа даромадан хуб аст. Зиёд мондан (то ним соат) метавонад ба организм таъсири манфӣ расонад.

(Давом дорад).

Таҳияи З. ҲАМДАМОВА,

А. РӮЗИМАТОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: