Ўзбекистон – Фаронса: ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсияи шаҳрвандӣ

10 октябр директори Агентии «Ўзавиация» бо намояндагони Сарраёсати авиатсияи шаҳрвандии Фаронса мулоқот анҷом дод.

Дар рафти мулоқот Барномаи татбиқи Созишнома байни Агентии «Ўзавиация»  ва Сарраёсати авиатсияи шаҳрвандии Фаронса дар доираи созишномаҳое, ки дар рафти сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Фаронса  ба даст оварда шудаанд, имзо гардид.

 Зимни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи назорати бехатарии парвозҳо миёни маъмуриятҳои ҳавопаймоии ду кишвар баррасӣ шуданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: