«СУҲБАТ БО ПАДАРАМ»

Бо чунин ном ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии театр дар нигористони Чорсӯи Регистон намоиши асарҳои мусаввирони номдори Самарқанд шодравон Даврон Сафозода ва писари ӯ Баҳром Сафозода, ки ҳар ду дар театри драмавии мусиқии Самарқанд рассом буданд, ботантана кушода шуд.

Ҷонишини ҳокими вилоят Рустам Қобилов дар  бораи Арбоби хидматнишондодаи санъати Ӯзбекистон Даврон Сафозода ва писари ӯ Баҳромҷон маълумот дода, таъкид намуд, ки  падару писар барои рушди санъати тасвирӣ  саҳми арзанда гузоштаанд.
Воқеан устод Даврон Сафозода дар  тӯли  умри  пурбаракат (1932-2015) барои театрҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон беш аз 100 саҳна ва чеҳраҳои  қаҳрамонони асосии асарҳоро офарид, ки аз хазинаи тиллоӣ ҷой гирифтаанд. Ба намоиши асарҳои чун «Фауст», «Борис Годунов», «Афсонаи Самарқанд», «Қалби  шоир», «Улуғбек», «Имом Бухорӣ» ва ғайра саҳми арзанда гузошт. 
Боиси хушнудист, ки ҳоло анъанаҳои сулоларо писараш  Баҳромҷон  идома медиҳад. 
Дар намоиш беш аз 140 асари онҳо гузошта шуд, ки мухлисони санъати тасвирӣ бо шавқ аз назар гузаронданд.
– Раҳматӣ  Даврон Сафозода яке аз  чеҳраҳои машҳури санъати тасвирии  ду кишвар – Тоҷикистон  ва Ӯзбекистон буда, дар  эҷодиёти ӯ дурахши рангҳо, ғояи баланд ва арзишҳои миллӣ таҷассум  ёфтаанд, – гуфт  доктори фанҳои фалсафа Баҳора Хуррамова. 

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: