Дар Ироқ бар асари сӯхтор беш аз 100 нафар ҳалок шуданд

  • Дар Ироқ бар асари сӯхтор беш аз 100 нафар ҳалок шуданд
  • Дар Ироқ бар асари сӯхтор беш аз 100 нафар ҳалок шуданд
  • Дар Ироқ бар асари сӯхтор беш аз 100 нафар ҳалок шуданд

Бар асари сӯхтор дар толори арӯсӣ дар шаҳри Ал-Ҳамданияи вилояти Найнаво дар шимоли Ироқ беш аз 100 нафар ҳалок ва беш аз 150 тани дигар захмӣ шудаанд.

Дар ин хусус рӯзи чаҳоршанбе Вазорати тандурустии Ироқ хабар додааст, иттилоъ медиҳад хабаргузории иттилоотии «Синхуа».

Тавре агентии иттилоотии расмии Ироқ INA бо такя ба раёсати мудофиаи шаҳрвандии ин давлат хабар додааст, ҳодиса нимашаби сешанбе дар толори биное, ки аз масолеҳи сохтмонии зудоташгиранда сохта шуда буд, рух додааст.

Бино ба гузоришҳои аввалин, сӯхтор дар натиҷаи оташбозӣ дар бино рух дода, як қисми он бар асари сӯхтори шадид фурӯ рехтааст, хабар доданд дар INA. Дар робита ба ин ҳодиса тафтиш оғоз шудааст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: