БАР АСОСИ ЛОИҲАҲОИ НАВ КОРХОНАҲОИ НАВ АРЗИ ВУҶУД МЕКУНАНД

Дар минтақаи озоди иқтисодии “Қӯқанд” лоиҳаҳои нав ба нав татбиқ мегарданд.

Дар минтақаи озоди иқтисодии “Қӯқанд” лоиҳаҳои нав ба нав татбиқ мегарданд. Бо вуҷуди пандемияи коронавирус татбиқи лоиҳаҳо қатъ нашудаанд ва бар асоси он корхонаҳои нав бунёд мешаванд. Маълум аст, ки ба суръати ташкили корхонаҳо суръат илова нашавад, иқтисодиёт рушд намекунад ва ҳаёти мардум фаровон намешавад.
Ифтитоҳи ду корхонаи хусусӣ дар минтақаи озоди иқтисодии “Қӯқанд” зери номҳои ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуди «Khat decor» ва “Grand Art class” аз мисолҳои равшани татбиқи лоиҳаҳои нав дар вилоят мебошад. Татбиқи лоиҳаҳои мазкур шаҳодат медиҳанд, ки дар ин вилоят ба рушду нумӯъи бизнеси хурд ва соҳибкорӣ аҳамияти махсус дода мешавад.
Дар пайи он, корхонаҳои муштараку хусусӣ аз ҷониби ҳокимияти вилоят пуштибонӣ мегарданд, барои сари вақт пиёда шудани лоиҳаҳои нави инвеститсионӣ шароиту имкониятҳои созгор фароҳам оварда мешаванд. Маҳз барои ҳамин дар ин шароити мушкилзо ва беш аз пеш бадшавии вазъияти эпидемиологии саросари ҷаҳон фаъолияти барқарори  шаш ҳазор корхонаи вилоят хеле хуб таъмин мегардад.
Тавре ки дафтари матбуоти ҳокимияти вилоят мегӯяд, соли равон 205 миллион доллари ИМА сармояҳои хориҷӣ азхуд карда шуд ва ба воситаи он 480 лоиҳа корбаст гардид. Ҳоло дар минтақаи озоди иқтисодии “Қӯқанд” барои татбиқи ҳарчи бештари лоиҳаҳо талошҳои зиёд ба харҷ дода мешаванд. 
Дар минтақаи озоди иқтисодии “Қӯқанд” 85 лоиҳа мавриди татбиқ қарор дода шуд, ки 279 миллион доллари амрикоиро тақозо менамояд.
– Дар натиҷаи татбиқи 43 лоиҳа тӯли моҳҳои январ – июни соли равон дастикам 628 миллиард сӯмина маҳсулот истеҳсол гардид ва дар он ҳамаи иштирокчиёни минтақаи озоди иқтисодӣ саҳми калон гузоштанд. Аз ин маҳсулот наздик ба қимати 13 миллион доллари маҳсулоти истеҳсолнамуда содир карда шуд. Муҳимтар аз ҳама, бар асоси ин лоиҳаҳо 2 ҳазору 480 ҷои нави кор фароҳам оварда шудааст,– гуфт ҳокими вилояти Фарғона Шӯҳрат Ғаниев.
Дар корхонаи хусусии «Khat decor» бо татбиқи лоиҳае, ки 1,5 миллион доллари амрикоӣ тақозо намудааст, истеҳсоли коғази меламин, тахтаҳои ламинатшудаи фаршу сақфи биноҳо ба роҳ монда шудааст.  Ин корхона бо тамоми ҷиҳози лозима муҷаҳҳаз мебошад ва тибқи нақшаи солона 70 миллиард сӯмина маҳсулоти хушсифат истеҳсол хоҳад кард.
– Ҳар як бинову иншоот ба мебелҳои хушсохту замонавӣ ниёз дорад. Маҳсулоте, ки корхонаҳои нави минтақаи озоди иқтисодӣ истеҳсол мекунанд, барои  саноати мебелсозӣ хеле заруранд. Вақти он расидааст, ки акнун ин маҳсулот аз хориҷи кишвар ворид карда нашавад. Зеро мувофиқи имкони фароҳамовардашуда истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва хушсохту замонавӣ бояд оҳиста ҷойи маҳсулоти хориҷиро ишғол кунад,– гуфт Ш. Ғаниев.
– Мо ба кор мутахассисони варзидаро ҷалб кардаем. Онҳо бозори имрӯзаро омӯхта баромаданд ва маҳсулоте истеҳсол хоҳанд кард, ки ҷавобгӯи бозор ва харидорони имрӯза мебошад, – мегӯяд роҳбари ҷамъияти мазкур Содиқҷон Солиев.
Панҷ лоиҳа бо арзиши 25 миллион доллари амрикоӣ мавриди корбаст қарор дода шудааст. Дар арафаи таҷлили иди истиқлолият бахши истеҳсоли чарми сунъӣ фаъол сохта мешавад. Ба кор даромадани он мусоидат менамояд, ки корхона маҳсулоти мавриди зарурати худ, мисли маҳсулоти ғайрибофандагӣ, пеносвилин ва полеуританро аз хориҷа харида наоварад, балки ин ҷо истеҳсол намояд.  
– Нуктаи дигари қобили зикр аз ҳамин иборат аст, ки мо тагчарми пойафзорро низ худамон истеҳсол мекунем. Дар марҳилаи аввал сад намуди ин маҳсулотро истеҳсол карда истодаем. Минбаъд ҷиҳати харидории он аз кишварҳои дуру наздик асъори хориҷӣ харҷ нахоҳем кард,– иброз дошт қаноатмандона Содиҷқон Солиев.
Ногуфта намонад, ки ба маҳсулоти хубу хушсифат дар дохили кишвар низ ҳамеша эҳтиёҷ эҳсос мешавад. Танҳо барои рафъи ин эҳтиёҷ лозим меояд, ки корхонаҳо маҳсулоти рақобатпазир истеҳсол намоянд ва бо ин маҳсулот муштариёни худро бештару беҳтар фаро гирифта тавонанд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори “Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: