ИДИ ҲОСИЛ ДАР БУХОРО

Маълум аст, ки якшанбеи дуюми моҳи декабр дар мамлакати мо Рӯзи кормандони соҳаи хоҷагии қишлоқ эълон гардидааст.

Маълум аст, ки якшанбеи дуюми моҳи декабр дар мамлакати мо Рӯзи кормандони соҳаи хоҷагии қишлоқ эълон гардидааст. Ба ин муносибат дар ноҳияҳои вилояти Бухоро тантанаҳои идона ба амал омаданд. 9 декабр бошад, ба ин муносибат тадбири вилоятӣ дар Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Бухоро-Варнит» баргузор гардид. Дар он роҳбарони хоҷагиҳои фермерии пешқадам, кластерҳо, соҳибони қитъаҳои наздиҳавлӣ, олимон, мутасаддиёни соҳаи об, механизаторон, агрономҳо, фидоиёни соҳа ва аҳли ҷамоат иштирок карданд.  
Ҳокими вилоят Ботир Зарифов ҷамъомадагонро бо Рӯзи Конститутсия  ва комёбиҳои арзандаи кишоварзон муборакбод намуд. Вай бо қаноатмандӣ таъкид намуд, ки кирмакпарварони вилоят дар мамлакат аввалин шуда, ғаллакорону пахтакорон низ дар ҷойҳои дуюму сеюм нақшаи шартномавиашонро бо муваффақият иҷро карданд. Бо вуҷуди як қатор душвориҳои табиӣ ба давлат қариб 2716 тонна пилла супорида шуд ва 113 ҳазор нафар кормандони соҳа бештар аз 103 миллиард сӯм даромад гирифтанд. Имсол ғаллакорон бештар аз 600 ҳазор тонна ғалла истеҳсол карданд. Бештар аз 283 тоннаи он ба ихтиёри хоҷагиҳои фермерӣ ва худи аҳолӣ монд. Ҳосилнокии майдонҳои хоҷагиҳои фермерии пешқадам ба 90-100 сентнерӣ рост омад. 
Пахтакорони диловар низ аз 96,2 ҳазор гектар майдон қариб 377 ҳазор тонна пахта бардоштанд. Дар бист соли охир ҳосилнокии ҳар гектар ба 39,2 сентнерӣ расид. Хоҷагиҳои фермерӣ ба андозаи 3 триллион сӯм даромад карда, 208 миллиард сӯм фоидаи соф диданд. Аҳли вилоят фақат аз музди пахтачинӣ 600 миллиард сӯм даромад кард. 
Ҳосилнокии хоҷагиҳои фер- мерии пуртаҷриба 50-55 сентнериро ташкил кард.
Аз ҳисоби кишти такрорӣ шаҳрвандони бекор ва шомили «Дафтари оҳанин», «Дафтари бонувон», «Дафтари ҷавонон» аз 17 ҳазор гектар майдонҳои тақсимкарда 262 миллиард сӯм даромад гирифтанд. 
Дар вилоят соҳаҳои чорво- дорию меваю сабзавотпарварӣ низ рушд меёбад. Ҳоло дар вилоят саршумори чорвои сиёҳ ба 1,5 миллион сар расонда шуда, ҳаҷми истеҳсоли гӯшт ба 300 ҳазор тонна, истеҳсоли шир 1,2 миллион тонна мувофиқ омад. Миқдори паррандаҳо 8 миллион сар, истеҳсоли тухм 531,5 миллион дона ва гӯшти парранда 32 ҳазор тоннаро ташкил кард.
Инчунин дар вилоят 955 ҳазор тонна  сабзавот, 214 ҳазор тонна маҳсулоти полиз, 269 ҳазор тонна картошка, 311,5 ҳазор тонна мева, 235 ҳазор тонна ангур истеҳсол карда шуд...
Хулоса, ба туфайли ислоҳоти самарабахш имсол аҳолии вилоят аз соҳаи зироатпарварӣ ҷамъ 40 триллион сӯм даромад гирифт.
Дар иди ҳосил ба фидоиёни соҳа нишонҳои сарисинагии «Фидоии хоҷагии қишлоқ», «Фермери пешқадам», «Деҳ- қони меҳнатдӯст»,  «Намунаи қитъаи ҳавлигӣ» ба тарзи тантанавӣ супорида шуд. Инчунин гурӯҳи дигари онҳо бо ифтихорномаи Шӯрои намояндагони халқи вилоят ва тӯҳфаҳо тақдир ёфтанд. 
Барномаи консертии усто- дони санъат ба иштироккунандагони тадбир рӯҳияти идона бахшид.

Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: