(Қиссаи тамсилӣ)
(Аввалаш
дар шумораи гузашта).
Миёнаҳои моҳи сафар буд. Нахустин ҳафтаи фасли поиз ба поён мерасид. Пайкондам мехост то расидани фасли сармо тамоми корҳои сохтусоз ва роҳкушоӣ ба Чаманзорро ба итмом расонад. Чун медонист ҳадафи аслии рустодор Рахш низ то зимистон даст ёфтан ба он бари Зарнисор аст, аз ҳар сӯ неру ҷамъ карда, бо ҷидду ҷаҳд ба пулсозӣ часпид. Вай бештар ба раҳбарони ҷамоатҳои харон бовар мекард ва аз субҳ то шом бо онҳо сарукор дошт. Барояш бетафовут буд, ки онҳо чӣ гуна боркашу борбаронро ба кашидану бурдани маводу ашё ҷалб мекунанд. Ин бепарвоии қозӣ табъи дили Гӯшдарозу ҳамсафонаш буд. Гӯё, ки аз зоти асп қасд мегирифтанд, як дар миёни харон аспону хачирони маҳаллиро низ ба вазнинтарин корҳо машғул медоштанд.
Боре ҳангоми бурдани як тӯб дарахти болорӣ дар фарози Даҳана аробаи бор ба ду аспи ҷилавдор сангинӣ кард. Ду-се қадам ба охири баландӣ монда буд, ки пойҳои ҳар ду рӯйи ҳам печида, бо зарб ба пас, ба болои теғаҳои ароба чаппа шуданд ва ҳамоно, ҳамагӣ бо борубуна ба қафо лағжида рафтанд. Бо дидани ин ҳолат боқимонда аспу харони қофилаи борбар дар ҷойи худ ба мисли сутун беҳаракат монданд. Аспони аробакаш таҳу боло дар васати дарахтҳои болорӣ ва чархҳои ароба гир афтода, ғелзанон, садоҳои гумбурросии баланд дардода, дар як фурсати кӯтоҳ то поён сарозер шуданд. Даҳшат! Бо сарозер рафтани ҷонварон садоҳои берабти тӯлонӣ аз пайи чарс-чурс шикастани буттаю дарахтҳои сари роҳ ва тарақ-туруқ ба ҳам хӯрдани сангу харсангҳо гӯшҳоро харошид, гарду хоки ғализе печида ба осмон баромад.
Оре, рӯйдоди мудҳише буд, ки ба вуқуъ пайваст! Аммо ба назар мерасид, ки ин воқеа барои гӯшдарозони пушту пеш тамошои муфте асту бас. Гӯё ҳодисаи табъи дилашон рух медод, онҳо сар ба боло ёзонда, бо хушҳолӣ ар-ури бепоёни шодиомез сар доданд. Барояшон на фақат чаппа шудани аробаю бораш, ҳамчунин «нотавонӣ»-и аспон хандаовар менамуд...
Дар ҳамин асно байтали солманде, ки ду каҷоваи пур аз сангро ба пушташ бор карда буданд, иҳҳасзанон ҳаракаташро дар роҳи танги Даҳана идома медод. Аз паси вай Хокбоз ва як хари дигар лагадзанону пӯза афшонда меомаданд. Гӯё дунё дасти онҳо буд, гоҳ-гоҳе бо садои баланд ҳангос зада, дараро ба сар мебардоштанд. Чун заъфи модиёнро ҳис кард, Хокбоз беирода фуки худро ба пушти вай часпонда, амиқ бӯй кашиду ду лаби кашолашро ба ду самт ёзонида, аз мағзи ҷон нашъа бурд. Мазаи хуморшиканӣ камӣ кард магар, дар ҳавои кайф давр зада, кашидаю кушода лагади обдоре ба кафали байтал фуровард. Аз ин зӯрмандии Хокбоз дубора мавҷи хушҳолии тамошогарон ба осмон печид. Охир, ӯ дар гузари худ ҷамоати харонро сарварӣ мекард, ба ин ҳама қофилаи боркаш сарпараст буд! Чун лингзании хари калондимоғ ногаҳон сурат гирифт, байтали оҷиз яке худро ба пеш кашиду таодулро аз даст дод. Каҷоваҳои санг ба пушт ғеҷида вайро ба ақиб кашиданд. Аспи модиён идораи борро бохт, ду пойи пешаш ба осмон тик шуд ва ҷуссаашро дошта натавониста, пуштнокӣ ба қафо афтод. Ҳеч имдоде барояш нарасид, хост ҳаллос зада сари по рост шавад, аммо бор сангинӣ кард. Бо вазни худу каҷоваҳо ба самти чап якпаҳлу шуда, беист ба нишеби ҷар ғелида рафт. Ҳоли зору гирифтории байтал ба фалокат, дубора гулуи харони мастро ба хориш овард, ин дафъа ҳангоси хурсандиомези онҳо боз ҳам баландтар дар фазои фалак танин андохт...
Қазоро, дар авҷи ҳодисаи рӯйдода аз паси қофилаи борбар сару ёли Шуҷоъ ва Шабнам ба чашм хӯрд. Онҳо ҳамсафони қасосгири худро дусарӣ ба гузарҳо тақсим намуда, худашон аз роҳи Даҳана ба самти маҳалли пулсозӣ мешитофтанд. Ногаҳон иттифоқоти ин ҷоро дида, ҳуш аз сарашон парид. Он чиз ба ҳар ду аламовар буд, ки гӯшдарозони бехонумони аз берун омада аспони маҳаллиро масхараю мазоҳ мекарданд, маргу фанои онҳоро дида аз хурсандӣ кулоҳ ба осмон мепартофтанд. Шуҷоъ пас аз расидан ба хамгашти Даҳана, ки ағбаеро мемонд, ҳар як ҳаракати зишти Хокбозро бо чашми сар дид. Дар ҳоле ки хун ба мағзаш зада буд, ба Шабнам ишораи «Ба пеш!» карду худаш низ бо тамоми неру ба дав гузашт. Вақте ки чорхез зада давида то назди Хокбоз омад, аллакай модиёни бечора ба зери ҷар сарнагун шуда буд. Ин ҳолат ва ҳою ҳуйи беохири харҳо ҷаҳли ӯро дучандон зиёд кард. Чун суръати бодро дошт, наистода, ба маҳзи расидан ба улоғи маст лагади муҳкам ба шикамаш фуровард ва бо авҷи шитоб ба пеш гузашта рафт. Дар ин лаҳза аз қафо Шабнам низ онҳоро дарёфт ва амали рафиқашро такрор карда, аз ҷониби дигар лагади ҷонгире ба шиками Хокбоз кӯфт. Аз ин ҳамлаҳои ғайричашмдошт на фақат Хокбоз, ҳамчунин тамоми харони борбару роҳбалад дар ғафлат монда худро гум карданд. Кайфи сархар, ки бо шамидани аспи модиён ҳанӯз пароканда нашуда буд, яке аз байн рафт. Чун кавораи бузургу лингҳои қавӣ дошт, бо зарбаҳои ногаҳонӣ аз по дарнарафт.
Юнуси ИМОМНАЗАР
(Давом дорад).