Устод Ҷӯрабек Мурод аз хунёгарони машҳури мардуми тоҷик дар садаи ХХ ва оғози садаи ХХI, ҳофизу оҳангсози навовар, таҷдидгари суннатҳои мусиқии миллӣ, сарвари мактаби тозаи овозхонӣ, мунодии созу овози классикӣ ва муосири тоҷикӣ дар ақсои ҷаҳон; марди ҳушёру бедор, инсони миллатпарасту ватандӯст ба шумор меояд, ки дар тӯли фаъолияти шастсолаи саҳнаороии хеш чандин садсолаи пешинро аз нав зинда намудаву барои боз чанд садсола кору осори ибратбахшу монданӣ эҷод кардааст.
Ба ин маънӣ зуҳур ва кору фаъолияти ҳунарии Ҷӯрабеки Мурод дар фарҳанги тоҷикии анқариб шастсоли охир, дар воқеъ, ҳодисаи таърихист.
Аслан давраи мазкур дар ҳаёти фарҳангии Тоҷикистон як марҳалаи муҳимми озодандешӣ, ибтикорот ва қолабшиканиву дороиафзоӣ будааст. Дар ин маврид Ҷӯрабеки Муродро матавон як падидаи тиллоие дар раванди эҳёи маънавии ин замон ба шумор овард. Дар воқеъ устод Ҷӯрабеки Мурод, ба қавли устоди зиндаёд Лоиқи Шералӣ, «зодаи эҳтиёҷи руҳи халқ»-и тоҷик аст. Мардуми тоҷик сари чанд замоне дар деҳу водӣ, шаҳру остоне тоҷикнишин барои баровардани эҳтиёҷи руҳи фарҳангпарвар ва идомати суннати халлоқияти худ фарзанди шариферо дар маҳди хеш мепарварад, чунон ки Домулло Ҳалим, Ҳоҷӣ Абдулазиз, Содирхони Ҳофиз, Акашарифи Ҷӯра, Одинаи Ҳошим ва Зафари Нозим барин бузургони ҳунарро ба арсаи эҷод баровард ва Ҷӯрабеки Мурод низ аз табори ҳамин фарзандони азизи халқ аст, ки ин дафъа аз қарияи Фалғари (ноҳияи Айнӣ) водии Зарафшон бархост.
Ҷӯрабеки Мурод, пеш аз ҳама, аз муҳити бачагӣ ва фарҳангу маънавиёти мардуми диёраш баҳра бардоштааст. Вай зодаи деҳкадаи Кӯҳруд аст, ки мисли ҳамаи деҳаҳои кӯҳистони тоҷик бо манзараҳои зебо, кӯҳҳои сарбафалак, чашмасорони сардоб ва мардуми заҳматкашу фарҳангдӯсташ имтиёз дорад. Ҳунари овозхонии ин диёр низ ҳам дорои махсусиятҳои худ ва ҳам сифатҳои умумӣ бо сарояндагии умумитоҷикӣ хосро доро мебошад.
Дар воқеъ, дар болооби Зарафшон (Панҷакент, Фалғар ва Масчоҳ) метавон гуфт, ки се сабки овозхонӣ маъмул буд ва ҳаст: аввалан, сурудҳои халқӣ бо ҳама навъҳояш, рубоисароӣ ва байтхонӣ машҳур аст; сониян, байни мардум, бахусус болооби Зарафшон, сабки хониши махсусе, ки онро қаландархонӣ мегӯянд, роиҷ буд, ки матни онро ҳам шеъри халқӣ ва ҳам ашъори мазҳабию сарводаҳои шоирони классик ташкил медод. Ва, ниҳоят, сабки шашмақомхонӣ ва сурудҳои дар ин равиш эҷодшуда. Cабки охир ҳар қадар ба шаҳрҳо, бахусус ба самти Самарқанду Бухоро ҳаракат мекунем, бештар ба мушоҳида меояд. Аслан, пайванд ва умумияти маънавиву мусиқии тамоми водии Зарафшон таърихи қадима дорад, аммо аз замоне, ки устод Рӯдакӣ аз Панҷрӯд сӯйи Бухоро роҳ гирифта буд ва то замоне, ки Нақибхони Туғрал байни Фалғару Самарқанд рафту омад дошт, ҳамеша барқарор будааст. Дар айни замон дар овозхонии мардуми водии Зарафшон на танҳо лаҳну оҳангҳои мардуми Самарқанду Бухоро, инчунин Истаравшану Хуҷанд, водии Қаротегину Ҳисор ба ҳам омадааст ва дар он мазиятҳое ҳаст, ки ба мардуми ҳамаи манотиқи тоҷикнишин ошност.
Ҳамин тавр, Ҷӯрабеки Мурод дар заминаи суннатҳои мазбури ҳунарӣ ба арсаи эҷод қадам мениҳад. Аммо нахустин бархӯрди бевоситаи Ҷӯрабеки Мурод бо ҳунари ҳирфаӣ дар ибтидои солҳои 60 асри гузашта дар Донишкадаи омӯзгории Хуҷанд (ҳоло Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) ва муҳити ҳунарии ин шаҳр ба амал омадааст. Ин замоне буд, ки дар Хуҷанд ва ноҳияҳои он садо ва симои бегона бо тамоми қувваю қудраташ яккатозӣ дошт. Тибқи шаҳодати устод Боймуҳаммад Ниёзов то охири солҳои 50 дар барномаи театри ба номи Пушкин (ҳоло ба номи Камоли Хуҷандӣ) ягона суруди машҳури тоҷикӣ асари халқии «Хуш он замон» будаасту бас.
Дар ҳамин айём устод Боймуҳаммад Ниёзов бар арсаи ҳунар бо эҷоди сурудҳои воқеан дилрабои тоҷикӣ ворид гардид ва вай аввалин касе шуд, ки бар алайҳи вазъи маънавӣ дар ҳунари овозхонии минтақа исён кунад ва бо эҷоди оҳангу сурудҳои сараи тоҷикӣ шуҳратёр низ гашт. Аммо дар мусобиқа бо ҳунармандони кишвари ҳамсоя барои ба даст овардани нуфузи ҳоким дар байни мардуми минтақа ва ҳатто кулли тоҷикзабонони Осиёи Марказӣ ба шогирду пайрави ҷавони эшон, минбаъд устоди баркамоли ҳунар Ҷӯрабеки Мурод муяссар мегардад...
Ин амал андаке баъдтар сурат мегирад. Барои ба ин ҳадаф расидан Ҷӯрабекро меҳнат, омӯзиш, ҷустуҷӯҳои пуршиддате дар пеш аст. Вале дар ибтидои солҳои 60 вай бо мушоҳидаву мулоҳиза ва омӯзишу таъсири муҳити маънавии мазкур қадамҳои ибтидоӣ ва шогирдона мебардорад: ҳам сурудҳои халқӣ иҷро менамояд, ҳам дар лаҳну оҳанги устодони сурудхон, бахусус Боймуҳаммад Ниёзов, овозхонӣ мекунад ва ҳам роҳу равиш ва созу овози ҳофизони ӯзбекисароро меомӯзад. Вале дар амали овозхонии ӯ чизе муҳимму покиза, наву дилраси тоҷикона эҳсос мешуд, ки ҳунари ӯро аз дигарон, ҳатто аз устодон тафовут медод. Вай, на танҳо овози ширину ҷилодор ва лаҳни абрешимӣ дошт, балки матн, суханро буррову равшан, бо риояи вазни дарунии вожаҳо, бо таъкидҳои ба худаш хос ба шунаванда мерасонд ва аз ҳама муҳимаш, эҳсос мешуд, ки ӯ ҳатто оҳанги дигаронро чун эҷоди худаш ва бо рангу оҳанги тозае иҷро менамояд. Ҳамин гуна буданд сурудҳои Ҷӯрабеки Мурод «Лаби нӯш», «Моҳи тобонам, биё!», «Омадӣ, рафтӣ», «Ёр-ёр», «Қӯшчинор», ки ӯро ба доираҳои ҳунарӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ муаррифӣ карданд. Яъне ӯ аз оғоз на аз роҳи тақлиди маҳз, балки аз ҷодаи шакл додани сабку равиши хоси иҷрокунандагӣ қадам ба арсаи эҷод ниҳод, ки ин, албатта, баёнгари соҳибистеъдод будани эшон ба шумор меояд. Зеро маҳз истеъдод аст, ки чизҳои одиву муқаррариро ба сурати зебо медароварад, осори тоза тавлид мекунад, фаромӯшшудаҳоро аз нав эҳё месозад, ба буда таровати дигаре мебахшад. Ҷустуҷӯҳои минбаъдаи Ҷӯрабеки Мурод ба ҳамин равиш сурат гирифтааст.
Инак, соли 1963, пас аз ғолибият дар азназаргузаронии ҳунармандони ҷавони ҷумҳурӣ бо талаби доираҳои расмӣ, аммо, пеш аз ҳама, бо хоҳиши дил ва фотиҳаи падару модар ӯ овозхони Филармонияи давлатии Тоҷикистон гардид. Ҳамин тавр, аз ҳамин сол ба баъд ӯ дар раванди рушду инкишофи ҳунари муосири тоҷикӣ, санъати овозхонӣ ва оҳангсозӣ ба иштироки фаъолона мепардозад, лаҳну сабкҳои фаромӯшшударо ҷони нав ато намуда, роҳу равиши худро шакл медиҳад ва мактаби хосу тозаи хунёгариро бунёд мегузорад. Инро ҳам бояд ёдовар шуд, ки барои ба амал баромадани ниятҳои эҷодии ӯ, пеш аз ҳама, муҳити шаҳри Душанбе ба сифати маркази фарҳангии ҷумҳурӣ мусоидат намуд, зеро акнун вай, аз як ҷониб, дар ҷӯши ҷустуҷӯҳои эҷодии аҳли ҳунар, аҳли адаб ва тамошобини сахтгир қарор гирифт ва, аз ҷониби дигар, доираи маълумот ва омӯзишаш вусъат гирифта, ҳисси масъулият ҳамроҳ бо орияти худтасдиқкунӣ ӯро ба сабқати эҷодӣ бо ҳампешаҳои тавонояш мекашад ва ин ҳама натиҷаҳои қобили таваҷҷуҳе ба бор меоварад.
Дар қадами аввал Ҷӯрабеки Мурод, ҳамзамон бо такмили маҳорати иҷрокунандагӣ, ба оҳангсозӣ пардохт, яъне созу сурудҳои тозаи худро эҷод кард ва манзури ҳаводоронаш гардонид. Дар сурудҳои аввал вай кӯшидааст, ки кайфияти қишри гуногуни ҷомеа – ҳам ҷавонони донишомӯзи ошиқ, ҳам мардуми одии меҳнатӣ ва ҳам эҳтиёҷи маънавии рӯшанфикронро фаро гирифта, завқу табъ ва ҳиссиёту руҳияи онҳоро бозгӯ намояд. Яъне Ҷӯрабеки Мурод аз оғоз ба сурудани тавсифномаҳо ва ашъори тарғибии маҳз маҳдуд намонд ва ин амал ба вай барои ҷустуҷӯҳои эҷодии минбаъда имкони бештаре фароҳам овард. Эҷодҳои аввалини эшон чун «Нома», «Асири ҳусн», «Гули садбарг», «Студент», «Шармида-шармида» аз оғози равиши мазкур гувоҳ буданд. Ин сурудҳо аз ҳайси муҳтаво дар як поя набошанд ҳам, вале ширинии эҳсосу дилрасии садо ва покизагию самимияти иҷро баъзе камбудиҳоро дар арзиши матнҳо мапӯшонид. Аммо дар сурудҳои хуби вай «Ту гул не!», «Матои ҳусн», «Ғалат», «Домани эҳсон», «Имшаб ба базми соҳибҷамолон», «Шабат хуш бод, ман рафтам» ҳунари иҷрокунандагӣ, овози хуш ва матни сара тавъам омада, хеле зуд вирди забонҳо гаштанд ва бар шуҳрати эҷодкорашон афзуданд. Натиҷаи ҷолиби ин ҷӯяндагиву созандагии муваффақ, ба фикри банда, сурудҳои «Ватан» (матни М. Турсунзода), «Ҷон писар» (матни М. Аминзода), «Дилбараш», «Ҳамсуханӣ» (матнҳои Туғрал), «Башорат нест» (матни А. Шукӯҳӣ) мебошанд. Устод Ҷӯрабек дар ин сурудҳо ба сифати ҳунарманди хушзавқе намудор мешавад, ки таваҷҷуҳи бештар ба шеъри баланди ватандӯстона, ибратангез ва ошиқонаю ҳаётдӯстона дорад ва онҳоро бо сабки хоси иҷрогарӣ ва таъкиду нола ва тобишҳои зебои овозӣ ғанӣ мегардонад.
Аз оғоз то ба ҳол як риштаи муҳимми ромишгарии устод Ҷӯрабек ба сурудани ошиқонаҳо тахассус дода шудааст ва онҳо боиси шуҳрат ёфтани ӯ низ гардидаанд. Бахше аз ин ошиқонаҳои устодро мо дар боло зикр намудем ва қисмати дигари онҳоро ин ҷо ёдрас мешавем: «Лаб кушо», «Толеъ агар мадад кунад», «Дилномаи Лоҳутӣ», «Девона шав, девона шав», «Ин ҳама ширинлабон», «Сапеда», «Лайлӣ», «Симинбаданӣ», «Ҳамин кофист», «Ид омад», «Нози ту», «Султони дили мо», «Аҷаб ошиқкушӣ…», «Марги қу», «Эй дӯст», «Чорзарби Ҷӯрабек», «Ҷавлон карду рафт», «Дилбараш», «Ҳозо ҷунун ал-ошиқин», «Зулайхо», «Танҳо ману танҳо ту» ва хеле аз сурудҳои классикиро дар ин мавзӯъ номбар кардан мумкин аст. Мо танҳо ба зикри унвони онҳо маҳдуд шудем, зеро чунон ки мегӯянд: «Мушк он аст, ки худ бибӯяд, на онест, ки аттор бигӯяд!». «Он ки маҳбубе надорад баҳри чӣ овора аст?!.. Ишқ агар набвад, нишоту зиндагӣ бекора аст!» – месарояд устод аз қавли Ҳабиб Юсуфӣ.
Аммо дар мавриди шеъри мазкури Ҳабиб Юсуфӣ ҳамин нукта сазовор ба таъкид аст, ки ин шеъри шоири замони шӯравӣ, ки солҳо диққати ҳеч ҳофизеро ба худ ҷалб накарда буд, бо кӯшишу ҳунари устод ба як суруди ошиқонаи зебое табдил ёфтааст. Дар ин мавридҳо маълум мешавад, ки садои Ҷӯрабеки Мурод овозе покиза, рӯҳнавоз, марғуладори махмалӣ ва омехта ба дард аст, ки матнро ҷон мебахшад, умри нав ато мекунад ва шунавандаро тасхир месозад, садоест, ки ба дил мерасад, навозиш мекунад, дар кулл шунаванда (инсон)-ро дар ҳолу ҳавои гуногун меандозад ва ӯ худро пас аз шунидан қаноатманд ҳис мекунад, болидарӯҳ мегардад, дардҳояш сабук, ҳисси ифтихору бовар ба хеш дар вай меафзояд, покиза мешавад ва бо таҳорати маънавӣ аз толор берун меравад. Аслан устод Ҷӯрабек аз он ҳунармандони нодирест, ки вазъи равонии аҳли толор ва ҳар шунавандаро хеле бахубӣ эҳсос мекунанд.
Инчунин дар ҳунари иҷрокунандагии устод Ҷӯрабеки Мурод аз аввал як ҷузъиёти муҳимму махсусе ба зуҳур омад, ки онро ахлоқи овозхон ва ё одоби саҳнаороӣ номидан мумкин аст. Вай одоби иҷрокунандагиро ба ҳусни саҳна ва хунёгарӣ табдил дода, суннати хушодобии мардуми диёрашро ба саҳна ворид сохт, аз минбари баланд онро талқин кард ва метавон гуфт сабки тозаи овозхонии ахлоқиро бунёд гузошт. Вай дар зиндагӣ низ аз ҳамин меъёр амал менамояд ва бесабаб нест, ки дар байни мардум масале бо номи хушахлоқии инсонӣ ва ҳунарии «Ҷӯрабекона» машҳур мебошад. Эшон ин амали огоҳонаро худ чунин дуруст тавзеҳ медиҳад: «Сароянда бояд инсони нексиришт ва накӯкор бошад».
Ва ин некусиярии устод Ҷӯрабеки Мурод дар интихоби матни сурудҳо, бахусус ашъори панду андарзӣ ва ибратангез ба чашм мерасад. Бештари сурудҳои эшон аз тавсифи некӣ, эҳтироми падару модар, даъват ба одамдӯстӣ, қадршиносӣ ва диёрдорӣ иборат мебошад. Устод тавассути лаҳни ширин, таъкидҳои бамавриди маънӣ муҳтавои шеърро ба дилҳо менишонад, таъсири малоловари насиҳати хушкро аз байн мебарад ва мазмуни андарз ғайриихтиёр ба дастури ахлоқии ӯ табдил меёбад. Сурудҳои «Матои ҳусн» (Ҳасрат), «Андеша кун» (Ҷалолиддини Румӣ), «Ид омад» (Ҷалолиддини Балхии Румӣ), «Ҳикояти булбул» (Ҳофиз), «Дар камозорӣ» (Носири Хусрав), «Панди Бедил. Мову шумо набошад» (Бедил), «Дард мебояд кашид» (Сайидо), «Он кас, ки бидонад», «Рӯзи навмедӣ чу ояд ошно душман шавад!», «Забон макшо» (Нозим), «Замин», «Нонреза», «Дӯстонро гум макун» (Мирзо Турсунзода), «Ҳадиси сӯзу соз» (Иқбол, Файз Аҳмади Файз), «Одамони пок» (Ансорӣ), «Ҷон писар» (Муҳиддин Аминзода), «Санги кӯҳ», «Дарёи дил», «Панди куҳан», «Замини сахти кӯҳистон» (ҳама аз устод Лоиқ), «Хӯшаҳои тиллоӣ» (Шукӯҳӣ), «Эй одамон» (Саидалӣ Маъмур) «Одамгарӣ» ва хеле дигарро ном бурдан мумкин аст, ки дар худ панду андарз, андеша ва ҳикматро якҷо фаро гирифтаанд. Ба ин маънӣ, андарзсурудаҳои устод Ҷӯрабек дар зимн ҳикматеро доро мебошанд, ки боиси андешаманд шудани шунаванда мегардад ва дар онҳо барои мулоҳиза сари рисолати шахсии худ дар зиндагӣ ба сифати як инсон имкон фароҳам меоваранд.
Дар ин маврид силсилаи сурудҳои устод Ҷӯрабекро дар мавзӯи бузургдошти волидайн – падари бузургвор, бахусус модари азизу меҳрубон, ёдовар шудан мумкин аст. Ин риштаи фаъолияти эшон бо ниёзҳои ҷомеаи солҳои 70-80 шӯравӣ ба миён омада, албатта, дар ҳеч давру замон кӯҳна нахоҳад шуд. Сарҳалқаи модарномаҳои устод Ҷӯрабек шеъри устод Мирзо Турсунзода «Дили модар» ва баъдтар «Модарам» гардид, ки хеле самимӣ ва ибратбахш садо медиҳанд. Устод дар ҳамин замина ба намунаҳои адабиёти муосири тоҷикӣ-форсӣ муроҷиат намуда, бо ашъори Эраҷ Мирзо сурудҳои зебое чун «Қадри модар» ва «Эй писар, модари худро маёзор»-ро эҷод намуд. Ҳамчунин сурудҳои «Насиҳат» (Асирӣ), «Падарҷон» (Лоҳутӣ), «Маро дигар нахоҳӣ ёфт» (Лоиқ) таваҷҷӯҳ ва тавсифи волидайнро дар фаъолияти Ҷӯрабеки Мурод такмил дода, эҳсоси масъулияту эҳтиромро ба эшон талқин менамоянд.
Сурудҳои ватандӯстона ва миллатгароёнаро низ устод ба ҳамин равиш дар зеҳни шунаванда менишонад ва дар амали худшиносӣ ва ҳисси дарки ваҳдату ягонагии онҳо натанҳо саҳми босазо, балки муассир мегирад. Устод Ҷӯрабеки Мурод ҳанӯз дар даврони шӯравӣ дар масъалаи миллӣ ҳассосияти хосае нишон медод. Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ҳар истеъдоди нодир ва ғайримунтазира ҳамеша сарвати миллист ва худи ин ҳунарманди тавоно, ҳатто ғайриихтиёр, аз мубаллиғони фарҳангу ҳунари миллӣ ба шумор меояд. Агар ин амал мисли устод ба фаъолияти огоҳонаи вай табдил шуда бошад, пас арзиш ва асари он як бар чанд меафзояд. Аввалан, Ҷӯрабеки Мурод ба иҷрои шеърҳое пардохт, ки дар мавзӯи Ватан ва Тоҷикистон бахшида шуда буданд. Сурудҳои «Оҳанрабо», «Тоҷикистон», «Суруди Рӯдакӣ», «Ватан», «Дараи арӯсон» (шеърҳои Мирзо Турсунзода), «Ушшоқи Душанбе», «Зодаи Тоҷикистон», «Забонгумкарда» (шеърҳои Лоиқ), «Тоҷик» (шеъри Гулрухсор) аз ин эҷодкориҳои бомуваффақият буданд. Ин риштаи эҷодиёти Ҷӯрабеки Мурод, бахусус, дар замони истиқлоли Тоҷикистон ба зинаи боло расид. Акнун вай имкон пайдо кард, ки ифтихороти худро аз Ватану миллат натанҳо ошкоро иброз намояд, балки дар ин мавзӯъ барномае вижае дошта бошад, ки тавсифи мардуми ба истиқлолрасида ва ягдигарфаҳмиву ваҳдати онҳо, таърихи вай, забону фарҳанги ӯро фаро гирад. Ӯ аз аввалин ҳунармандоне буд, ки тавассути суруд бо овози баланду боифтихор «Тоҷикам» гӯён садо дардод. Ва дар ҳамин сабк сурудҳои вай «Бифахрам, ки ман Тоҷикистониям», «Тоҷикистон», «Ватан, эй қиблаву меҳроби ишқам», «Салом, эй бӯйи ҷӯйи Мӯлиёнам» (Фарзона), «Таронаи ваҳдат», «Рӯдакиро кӯр кардан бас набуд», «Чун теғ ба даст орӣ душман натавон кушт», «Бонги ҷашни тоҷикон ояд ҳаме» (Лоиқ) ба миён омаданд, ки баёнгари эҳсоси мардуми соҳибистиқлол, худогоҳии таърихиву миллӣ ва ифтихори ватандории онҳо мебошад.
Ҷанбаи миллӣ ва худшиносӣ дар фаъолияти Ҷӯрабеки Мурод паҳлуҳои ганогун дорад. Муқаддамтарини онҳо дар бедории миллии тоҷикони кишварҳои Осиёи Марказӣ саҳми муассир гирифтани эшон мебошад. Ӯ дар миёни тоҷикони Осиёи Марказӣ обрӯйи зиёд дошту дорад. Мухлисон дар ин манотиқ вайро беандоза дӯст медоштанд ва устод ба ин васила дар зеҳни онҳо хеле аз сурудҳои классикии мардуми мо ва умуман лаҳни тоҷикиро зинда гардонид ва барои эҳёи фарҳангу ҳунари тоҷикӣ, муҳаббат ба забони модарӣ хидматҳои беандоза кардааст.
Чун сухан дар бораи нуфузи устод Ҷӯрабек дар байни тоҷикони Самарқанду Бухоро, водии Фарғона, воҳаҳои Сурхону Қашқадарё, ҳаммилатони Қазоқистон, Қирғизистон ва ғайра аст, наметавонам як воқеаро, ки дар шаҳри Самарқанд шоҳидаш будам, ин ҷо изҳор надошта бошам. Банда боре субҳгоҳон дар миёни Регистон ва бозори шаҳр, ки растаи мағозаҳост, пиёда мерафтам ва гуё ҳама ҷо ором буд. Вале ногаҳон атроф аз садо пур шуд ва дар назари аввал ҳеч чизро пай набурдам. Баъди сонияе садои ширину марғуладори устод танинандоз гашт ва сартосари хиёбони бузургро фаро гирифт. Дӯкондорон ҳама баробар садобардори радиоро боло бурда буданд ва суруди «Гулузорам» бо ҳама шукуҳу азамат дар сартосари Регистон садо дардода буд. Оре, овози асилу махмалини устод ба дили мардуми Самарқанд натанҳо ҳамсадову ҳамнаво, зиёда аз он, дар таҳтушшуури эшон ҳисси миллӣ ва ифтихорро ба ҷунбиш оварда буд. Дар воқеъ, дар шаҳри бостонии Самарқанд, дар маконе, ки суруди мазкур аз ҷониби як тоҷики фарзонаи дигар Ҳоҷӣ Абдулазиз эҷод шудааст, фарзанди дигари ин миллат онро эҳё кардаву иҷро менамояд, мардуми ғаюри Самарқандро бетараф гузошта наметавонист. Эҳсос мешуд, ки ҳофизи асил чӣ инқилобе дар дилу шуури мардум ва номуси миллатхоҳӣ метавонад ба амал бароварад. Марҳамат, омили муассире барои дар дили ҳаммиллатонамон доим зинда нигоҳ доштани эҳсосу ғурури миллӣ, ки дар ин маврид ҷойи Ҷӯрабеки Мурод истисноист! Агар чунин нест, агар эҳсоси тоҷикигарӣ нест, пас чаро дар Бухоро устоду мошинашро сари китф бардошта вориди саҳни ҳунари варзишгоҳ мекунанд?!.. Ва ба ин монанд мисолҳо хеле ва хеле зиёданд! Бомаврид аст бигӯем, ки устод Ҷӯрабеки Мурод аз мубаллиғони ҳамешагии дӯстии халқҳои тоҷику Ӯзбекистон мебошад ва дар таҳкими он низ саҳми бориз дорад. Ба гумонам аз эшон дар ин иртиботот ба таври аҳсан истифода бояд кард.
Зиёда аз он, устод Ҷӯрабек ба ваҳдати фарҳангӣ ва маънавии умумифорсӣ низ таваҷҷӯҳ зоҳир карда, ин ягонагиро дар сурудҳои худ талқин ва тавсиф менамояд. Ӯ дар гузашта ва даҳсолаҳои охир низ борҳо ба Эрон, Афғонистон ва Ҳиндустон, Исроил, ба Амрикову Аврупо сафар карда, фарҳанги моро барои мардумони дигар, ба ҳамзабононамон муаррифӣ кардааст. Ин ҳама баёнгари он аст, ки дар фаъолияти ҳунарии Ҷӯрабеки Мурод буъдҳои гуногуни ҳунарӣ, адабӣ, илмӣ, сиёсӣ, равонӣ ва ахлоқӣ ба сурати синтез ба ҳам омадаанд ва ин як ҳодисаи нодир бояд ба шумор ояд.
Илова бар ин ҳама, дар барномаи консерти солҳои охири устод маънавиятгароӣ мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Он чӣ дар мавриди худшиносиву худогоҳӣ, тааммуқписандӣ ва андешапарварӣ гуфта шуд, аз ҳамин мабда сарчашма мегирад. Ҳамчунин ӯ ба масъалаи ирфон, иртиботи инсону Худованд, тавҳиди одам ва Офаридгор бештар мутаваҷҷеҳ шуда, хеле сурудҳои баланди ниёишӣ манзури шунавандагон намуд. Ин таснифҳо аксар офаридаи худи эшон аст ва ҳамчунон дар равиши оҳангҳои классикӣ суруда шудаанд ва гоҳо дар онҳо зарбу нола ва хитобҳои ҳамсоне ба овозхонии қаландармашрабона эҳсос мешавад. Сурудҳои «Худойи ман», «Моро зи хоби ғафлат бедор кун, Худоё», «Дар синаи ғамхори ман меҳри Худо хуш омадӣ», «Мо дар ду ҷаҳон ғайри Худо ёр надорем», «Эй дӯст», «Шаҳри ишқ», «Девона шав» ва бисёр дигарро ном бурдан мумкин аст. Мӯҳтаво ва лаҳну паёми ин сурудҳо аз наътхонии одӣ тафовут дошта, бар ҳадиси «Ҳар кӣ худро шинохт, ӯ Худои хешро шинохтааст» бунёд ёфтаанд ва ба ин маънӣ орифона, ибратбахш, дилнишину муассир ва маънавиятсозу камолдиҳанда мебошанд.
Як риштаи муҳимми фаъолияти овозхонии устод Ҷӯрабеки Муродро эҳё ва иҷрои сурудҳои классикии «Шашмақом» ташкил менамояд. Аслан сабки овозхонӣ ва эҷодии эшон бар усули иҷрои «Шашмақом» бунёд ёфтааст. Иҷрои «Шашмақом» кори содае нест, на танҳо овози пуртавон, хушҷило ва пуррангу равған, лаҳни чандпаҳлуро тақозо дорад, ки он ҳама ғанои оҳангиву овозӣ ва зеру бамҳои мураккаби ин асари бузург ва олиро фаро гирифта тавонад. Илова бар ин, шашмақомсароӣ саводи кофӣ доштанро аз илми адаб ба маънии классикии он, ки маънавияти комилро фароҳам меоварад, тақозо дорад. Чунонки рамзу рози шеъри классикӣ осон ба даст намедиҳад, пас зарур аст, ки омодагии хоссае дошта бошем, вагарна аз сари сабукборӣ аз он ба зудӣ даст мебардорем. Аммо барои ин ки чунин коре рух надиҳад, пас масъулияти мутахассису овозхонони «Шашмақом» баробари шунаванда бисёр бузург аст ва заҳмати онҳое, ки ин мусиқии асилу мураккаби ҳирфаиро бо ҳунармандии тамом ба зеҳни шунаванда менишонанд, шоистаи тавсифу тақдир мебошад. Хидмату талошҳои устод Ҷӯрабек дар қатори Барно Исҳоқова, Боймуҳаммад Ниёзов, Нериё Аминов, Мастона Эргашева ва дигарон сутуданист.
Устод Ҷӯрабеки Мурод дар ин маврид мушаххасан чанд кори назаррасеро анҷом додааст. Аввалан, ба воситаи сурудаҳои вай осори «Шашмақом» аз доираҳои танг ба рӯйи саҳна омад, яъне акнун иҷрои он танҳо дар барномаҳои радио ва телевизион маҳдуд намемонд, балки як ҷузъи барномаи консертии ҳофизонро ташкил медод ва ба ин васила байни мардум мерафт. «Гулузорам», «Насри сегоҳ», «Бозургонӣ», «Ушшоқи Ҳофиз», «Муноҷот бо савтҳояш», «Ироқи Бухоро», «Чапандози Ироқи Бухоро», «Баёти панҷу шаш», «Танаввор», «Гиря», «Ушшоқи Содирхон», «Фирӯз», «Қалъабандӣ» ва дигар оҳангҳои «Шашмақом»-у ба сабки классикӣ эҷодшуда дар иҷрои эшон умри дубора ёфтанд. Зиёда аз он, устод аксари ин сурудҳоро бо матнҳои нави ба оҳанг мувофиқ ва ба сабки хосае сурудааст, ки акнун бисёре аз ин сурудҳоро сарояндагони дигар бо ин шева иҷро менамоянд. Вай дар ин ҷода мисли устодони ҳунар Барно Исҳоқова ва Боймуҳаммад Ниёзов роҳкушо ва соҳибмактаб аст. Дар ҳамин маврид ёдовар шудан лозим аст, ки ҳофизи тавоно тавонист, ки хеле аз оҳангҳои классикӣ ва ё аз ҷониби устодони «Шашмақом» эҷодшударо ба мардуми тоҷик бо забони тоҷикӣ баргардонад. Масалан, оҳанги «Муноҷот» бар шеъри Туғрали Аҳрорӣ, «Бозургонӣ» бар шеъри Саъдӣ, «Танаввор» бар шеъри Мирзо Турсунзода ва бисёр дигар навоҳоро номбар кардан мумкин аст, ки солҳо бо матни ӯзбекӣ машҳур буданд ва бо ҳунари волои устод ҷони тозаи тоҷикӣ гирифтанд. Вай худ дар равиши ромишгарии «Шашмақом» сурудҳо эҷод намудааст ва яке аз намунаҳои муваффақи ин эҷодкорӣ «Ушшоқи Душанбе» бар шеъри устод Лоиқ ба шумор меояд. Бомаврид аст ёдовар шавем, ки устод Ҷӯрабек хеле аз шогирдонро тарбия кардааст, балки ба сифати раҳбари дастаи шашмақомсароёни «Нури Хуҷанд» барои ривоҷи ин ҳунари волои шашмақомсароӣ саҳми босазое мегирад.
Устод Ҷӯрабеки Мурод дар интихоби шеър хеле саракор аст. Аввалан, ӯ ба ашъори баландмазмуни адибони классик ва муосир оҳанг мебандад. Худ салиқаи кофии шеърфаҳмӣ дорад ва муҳимтар он аст, ки устод ба аҳли завқ, адибону олимони машҳур ҳамеша иртиботи эҷодӣ доштааст ва эшон барои вай намунаҳои шеърро гулчин кардаанд ва ё аз ашъори хеш ба эшон тақдим медоштанд. Дар ин миён устод Турсунзода, Сотим Улуғзода, Лоиқ Шералӣ, Абдуқодир Маниёзов, Гулназар ва бисёр дигар аз аҳли илму адабро ном бурдан мумкин аст, ки устод бо онҳо ҳамкорӣ дошта, матнҳои пурмаънӣ ва сараро тавассути онҳо интихоб ва ба оҳанг баставу ба иҷро расонидааст.
Ҷӯрабеки Мурод ба эҷодиёти тамоми шуарои гузаштаву муосир таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад ва аз ашъори устод Рӯдакӣ, Низомии Ганҷавӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҷалолиддини Балхии Румӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Сайидои Насафӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Қассоб, Туғрали Аҳрорӣ, Тошхоҷаи Асирӣ, Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Ҳабиб Юсуфӣ, Боқӣ Раҳимзода, Файзулло Ансорӣ, Аминҷон Шукуҳӣ, Лоиқ, Гулназар, Гулрухсор, Фарзона, Саидалӣ Маъмур, Сафармуҳаммад Айюбӣ, Озарахш, Сармад, Ҷумъа Қувват ва дигарон хеле сурудҳо эҷод кардааст. Аммо ба осори баъзе аз онҳо мисли устод Рӯдакӣ, Мавлонои Рум, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Сайидо, Туғрали Аҳрорӣ, Мирзо Турсунзода, Аминҷон Шукӯҳӣ, Лоиқ ва Фарзона таваҷҷуҳи хосса доштааст, зеро шеъри эшон ба дилу ҷони ӯ мувофиқат ва ҳамсадоии бештаре доштаанд.
Дар охир бояд қайд кард, ки овозхонӣ барои устод Ҷӯрабек натанҳо истеъдоди худодод, балки меҳнати шоққа ва ҷӯяндагии доимист. Дар ин маврид ба он ҳама сифатҳои зикршуда ҳаминро боз бояд илова кунем, ки эшон соҳиби овози пуртавон буда, бештари сурудҳо аз панҷ дақиқа боло ва хеле аз онҳо то даҳ-дувоздаҳ дақиқа имтидод доранд, ки ин худ як хусусияти нодири овозхонии эшон мебошад. Ҷӯрабеки Мурод дар ин амали худ аз ҳеч гуна заҳмат рӯй наметобад ва дар айни камолоти эҷодӣ низ аз пайи ҷустуҷӯй ва навоварӣ мебошад. Вай дар назди тамошобин ва суннати фарҳанги овозхонии тоҷикӣ масъулияти бузургеро дарк менамояд ва аз ин рӯ ҳар барномаи консертии худро ба тарзи нав ва бо сурудҳои асосан тозаэҷод ва ба руҳи вақту замон мувофиқ тартиб медиҳад. Устод имрӯз дар остонаи 80-солагии мавлуд, дар айни камолоти ҳунарӣ мебошад. Мартабаву манзалати чунин, бузургмардеро донистан ва қадр намудан аз вазифаҳои виҷдониву ахлоқии ҷомеаи мо бояд ба шумор ояд.
Ба устод Ҷӯрабеки Мурод – хунёгари нотакрор ва шаҳсутуни ҳунари овозхонии муосири тоҷик – таманнои онро дорем, ки ҳамеша сиҳатманду зиндагидӯст бимонад ва барои рушду нумӯи ҳунари тоҷикӣ ва таҳкиму тавсеаи худшиносии миллӣ ва маънавии мардуми мо солҳои зиёде кору эҷоди самаранок ва бобароре анҷом дода бошад.
Абдухолиқи НАБАВӢ,
доктори фанҳои филологӣ, профессор.
Фарзонаи ХУҶАНДӢ
БУЛБУЛИ ФАРХУНДАНАФИР
(Ба устод Ҷӯрабек МУРОД)
То садои ту дар ин шаҳр шакарафшон шуд,
Тӯтиёнро хабар омад, ки шакар арзон шуд.
Осмон об шуд аз нағмаи довудии ту,
Барқ су-су заду абри қафасӣ борон шуд.
Шашмақомест дар ин замзамаи боронӣ,
Чунки асроркушои нағамоти ҷон шуд.
Бисаро, тоири боғи малакутӣ, бисаро,
В-арна дидӣ, ки замин пойгаҳи шайтон шуд.
В-арна дидӣ, ки ҳама бурд, вале ҳеч набохт,
Он ки дар мулки ҳунар роҳбари исён шуд.
Бисаро, то ки ҷаҳонро ба саодат шӯянд,
Умри зулмат зи азони саҳарат поён шуд.
Тарки ин боғ магӯ, булбули фархунданафир,
Бисаро, субҳ шуд, офоқ фурӯғистон шуд.