САБР

Дар давраи ҳукмронии Амир Темур ҷавоне бо нияти илм омӯхтан аз Астаробод ба Самарқанд омад.

Дар давраи ҳукмронии Амир Темур ҷавоне бо нияти илм омӯхтан аз Астаробод ба Самарқанд омад.
Вақте ба шаҳр наздик шуд, ки офтоб кайҳо сар ба уфуқ ниҳода ва торикӣ муҳри сиёҳ ба гирду атроф мезад. Дарвозаҳои шаҳрро баста буданд. Асное ба яке аз дарвозаҳо панҷа мезад, аз дарун садо омад:
– Кӣ аст?
– Ман аз Астаробод. Бо нияти дар мадраса таҳсил гирифтан омадам.
– Меваи имон чист?
Ҷавон дар ҷойи истодааш шах шуда монд: «Чӣ, ба шаҳр надаромада имтиҳон сар шуд? Саволи мушкил. Меваи имон... чӣ шуданаш мумкин? Ҷавоб надиҳам дарвозаро намекушоянд?»
– Пагоҳ биё, – гуфт посбон аз паси дар.
Ҷавон ноилоҷ аз дарвоза дур гашт. Шабро дар кӯча гузаронд. Субҳдам китобҳоеро, ки дар даст дошт, варақ зад. Вале ба саволе, ки посбон дода буд, ҷавоб наёфт.
Рӯз бегоҳ мешуд. Ҳамон саҳифа мегардонд толиби илм, вале бефоида. Аз дар як ҷо нишастан низ маъно нест.
Ҷавон бо хаёлҳои дарҳам-барҳам боз ба назди дарвоза рафт. Он чӣ дирӯз рӯй дода буд, такрор ёфт. Боз ҳамон савол. Ин дафъа сахттар баромад садои дарбон:
– Пагоҳ биё!
Ҷавон ноилоҷ қафо гашт. Ноумедӣ ва ҳузн ба дилаш панҷа мезад. «Чӣ кор кунам, ба Астаробод баргардам? Аз имтиҳони дарбон, ки нагузаштам, чӣ хел ба мадраса дохил шуданам мумкин?»
Аммо вай бо нияти хондан омадааст. Ин қадар масофа тай карда!
Аз роҳ гаштан хуб нест. Тайёрӣ мебинад. Ҷонашро ба ҷаббор супурда бошад ҳам, мехонад!
Ҷавон таҳи як чанори пир қарор гирифт. Ба танаи азими он такякунон шабро рӯз кард. Баробари дамидани субҳ ҷониби дарвоза шитофт. Дилаш безобита буд: «Боз ҳамон саволро мешунавам. Лекин қафо намегардам. Илтиҷо мекунам!»
Дарвозаро кӯфт ва шунид:
– Кӣ аст?
– Ҳамон астарободии толиби илм. Пагоҳ биё гуфта будед, омадам.
Дарвоза кушода шуд. Ба чашмони толиби илм ҳам дунё намуд.
– Ассалому алайкум!
– Ваалайкум ассалом. Ту ҳамон ҷавони дирӯза? Парер бевақт омадӣ. Дирӯз ҳам. Лекин имрӯз барвақт пайдо шудӣ. Дар ҳамин атроф хоб кардӣ?
– Дар зери ана ҳамон чанор, бобо.
– Вой-э, дар кӯча? Шинос надоштӣ, ки ба хонааш равӣ?
– Ба шаҳр даромада гирам, як гап мешавад он тарафаш. Ба шумо раҳмат!
– Боодоб метобӣ. Баъди ягон соат ба ҷоям посбони дигар меояд ва ман озод. Ҳамроҳ ба хона меравем. Чӣ гуфтӣ? Ҳуҷраи холӣ дорам, зиндагӣ карданат мумкин.
Дар дили толиби илм офтоб шуъла зад:
– Ташаккур!
Посбонҳо баъди соате ҷой иваз карданд.
– Номам Абдуфаттоҳ. Ту чӣ ном дорӣ, бачаи мусофир?
– Муродуллоҳ, – ҷавоб дод толиби илм, ки ҳамроҳ бо посбони солхӯрда қадам мезад.
– Худо хоҳад хондаву мулло шуда ба диёрат бармегардӣ.
Муродулло сари худро хам кард. Хиҷолатомез даҳон кушод: – Дар Астаробод як муддат хондам. Вале дар Самарқанд маълум шуд, ки чизеро намедонам. Меваи имонро пурсидед, ҷавоб дода натавонистам.
Посбон чӣ будани гапро фаҳмид ва табассумомез даст ба китфи ҷавон ниҳод:
– Ҷавоб додӣ, писарам. Бо амали худат!
– Бо амали худам? – ҷавон чизе нафаҳмид. – Чӣ тавр?
– Ду рӯз сабр карда, шабро дар кӯча гузарондӣ. Вале меваи имон будани сабрро дониста ҳам баъзеҳо ба он амал намекунанд. Бесабранд! Сабрнок, ки будаӣ, иншооллоҳ, ба муродат мерасӣ.
Толиби илм, дар ҳоле ки эҳсосе ба рагҳояш метохт, донист, ки меваи имон сабр будааст. Ва боз дарк кард посбон беҳуда ин саволро надода будааст.
Муродуллоҳ бисёр мамнун, ки дар остонаи Самарқанд истода, аллакай як чизро фаҳмид. Аммо он аз баҳр қатрае халос. Ҳоло ба дарёҳо фурӯ меравад. Дурдонаҳо насибаш мегарданд.
– Диламро чун кӯҳ бардоштед, тақсир!
Посбон андешаомез гуфт:
– Дар илм баробари зеҳн ва зуккоӣ ғайрат ва субот хеле муҳим. Илму таълим – кори инсони босабру қаноат. Одаме, ки дар қалб қаноат дорад, бой мешавад, қуллаҳои баландро забт мекунад. Тамоми изтиробҳо бошад, маҳсули беқаноатист.
Писарам, интизор шуда тавонистан ҳам як фазилат. Дар қаноат ҳикмат бисёр, – мегуфт посбон.
Ҷавон ҳаяҷономез гуфт:
– Маза кардам, устод. Ҳазор раҳмат!
– Устод? – ба ханда пурсид Абдуфаттоҳ. – О, ман як посбони оддӣ.
– Медонам, илм омӯхтан – бо сӯзан чоҳ кандан, лекин ман ба ҳар гуна машаққат тоб меорам. Ба ҳақу ҳурмати остонаи мубораки ҳамин шаҳри муқаддас қасам, устод, чун илм ҷуста омадам, қаноат пеша мекунам.
– Заҳмате, ки дар роҳи омӯхтани илм кашида шудааст, зоеъ наравад. Лекин маро... устод нагӯ.
– Маро дуо кунед, устод!

Ш. МУҲАММАД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: