Андарз

Марде буд ба назди подшоҳе ва ҳар рӯз бархостӣ ва гуфтӣ: Бо некӯкор некӯкорӣ кун, ки бадкорро кирдори бади вай кифоят кунад.

Подшоҳе вайро азиз доштӣ бар он. Яке вайро ҳасад кард ва гуфт: Вай ҳаме гӯяд, ки маликро ганди даҳон (бӯи бади даҳон) ҳамеояд.
Гуфт: Далел (-и ту бар ин матлаб) чист?
Гуфт: Он ки вайро наздики хеш хонӣ даст ба бинии хеш боз ниҳад, то бӯй нашнавад.
Онгоҳ биёмад ва мардро ба хона бурд ва таоме дод, ки андар вай сир буд. Пас малик вайро ба назди худ хонд. Вай даст ба даҳон боз ниҳод. Малик пиндошт, ки он мард рост гуфтааст. Маликро одат буд, ки бароти хилъат ва сиёсат (танбеҳ) ҳар ду ба хатти хеш навиштӣ ва мӯҳр карда бидодӣ. (Пас бар он мард) бароти сиёсат бинавишт ва мӯҳр карду ба вай дод. Ӯ пиндошт, ки бароти хилъат аст. Чун берун омад, ҳамон мард рафта буд то боз донад, ки ҳоли вай ба чӣ анҷомад. Чун берун омад ва барот дошт, мард гуфт: Чист?
Гуфт: Бароти хилъат аст.
Гуфт: Чун ҳаққи нону намак дорем, исор ба ман кун.
Гуфт: Кардам.
Аз вай бисутуд ва пеши омил бурд. (Омил) гуфт: 
(Подшоҳ) фармудааст, ки туро бикушам ва пӯст ба коҳ ҷо кунам.
Гуфт: Аллоҳ, Аллоҳ! Ин дар ҳаққи дигаре набиштаанд, руҷӯъ (муроҷиат) кун бо малик.
Гуфт: Дар фармони малик руҷӯъ набвад.
Вайро бикушт. Дигар рӯз он мард пеши малик боистод ва ҳамон бигуфт.
Маликро аҷаб омад, гуфт: Он хат чӣ кардӣ? 
Гуфт: Фалон аз ман бихост ба вай бахшидам.
Гуфт: Ӯ мегӯяд, ки ту маро чунин гуфтӣ. 
Гуфт: Нагуфтам. 
Гуфт: Даст ба даҳон чаро боз ниҳодӣ?
Гуфт: Он мард маро сир дода буд.
Малик гуфт: Сухани ҳаррӯза боз гӯй!
Боз гуфт, ки бадкардаро бади хеш кифоят кунад.
Гуфт: Марде, ки ҳасад барад ва маро ба гумон андозад, то бегуноҳеро ҳалок кунад, худ ҳалок шуд, бади вай ҳам ба вай боз расид...

Аз «Кимиёи саодат».

 


Ҳикоят
Гӯянд Султон Маҳмуди Ғазнавӣ солҳо орзуманди дидори Шайх Абулҳасани Харақонӣ буд. Соле, ки аз ҷанги Хоразм бармегашт, чун ба наздики Харақон расид, ба хонақоҳи шайх рафт ва бар вай даромаду салом кард. Шайх ҷавоб дод. Султон бинишасту аз ҳар дар сухан ронд. Он гоҳ гуфт: Маро панде бидеҳ.
Шайх гуфт: 
– Чанд корро неку бидор: Аз гуноҳон бипарҳез, поси халқ нигаҳ дор ва бо саховат бош. 
Султон гуфт: 
–Маро дуое кун.
Гуфт: 
– Ман дар намоз муъминонро дуо мекунам, коре кун, ки аз муъминон бошӣ.
Султон гуфт: 
– Таваққуъи дуои хос дорам. 
Гуфт: 
– Оқибатат маҳмуд бод!
Маҳмуд кисаи зар пеши шайх ниҳод. Шайх низ ноне ҷавин назди Султон гузорид ва гуфт: 
— Бихӯр.
Султон луқмае аз он нон  ба даҳон бурд. Чун натавонист фурӯ барад, ночор аз даҳон берун андохт. 
Шайх табассум карду гуфт: 
– Зарри худро бардор, ки маро бад-он ҳоҷат нест.
Чун Султон қасди рафтан кард, шайх ба эҳтиром бар пой хост. Султон гуфт: 
– Ҳангоме ки омадам чунон мулотифат нанамудӣ, акнун чӣ шуд, ки ба эҳтироми ман аз ҷой бархостӣ?
Шайх гуфт: 
– Нахуст бо шукӯҳи подшоҳӣ даромадӣ, сазовори эҳтиром набудӣ, вале акнун бо ҳашамати дарвешнавозӣ меравӣ, шоистаи икромӣ.

Аз «Ҳазору як
 ҳикояти таърихӣ».

 

 

ҲИКМАТҲОИ РӮЗ

Чанд нафар ҷавонон дар моҳи Рамазон мӯйсафедеро диданд, ки дар ҷои хилват, пинҳон аз чашми одамон, таом мехӯрд:
– Ие, падар шумо рӯза нестед?
Мӯйсафед:
– Чаро? Албатта, рӯзаам. Об менӯшам, таом мехӯрам, халос.
Вақте ҷавонон: 
– Наход? – гӯён қоҳ-қоҳзанон хандиданд, мӯйсафед гуфт:
– Ба касҳо бо чашми бад наменигарам, ғайбат намекунам, масхара намекунам, дилозор нестам, ба моли нафаре чашм ало наменамоям. Лекин... афсӯс, меъдаам бемор. Барои ҳамин меъдаамро «рӯзадор» карда наметавонам.
Баъд суол кард:
– Шумо рӯза будагистед, бачаякҳом?
Яке аз ҷавонон сар хам намуд ва хиҷолатомез даҳон кушод:
– Не. Мо таом намехӯрем, лекин корҳое мекунем, ки шумо намекунед.
***
Мегӯянд, як дукондори ироқӣ дар арафаи Иди муқаддас дафтари қарзҳояшро сӯзонд.
Гуфтанд: «Вай ба охират захира менамояд».
***
Медонед, бонувон, занро коҳиш кардани мард ин муҳаббати ӯст, рашк – мардӣ, сахтгирӣ – хавотирӣ, эътибор – пазмонӣ, сукут – ғазаб.
Ба коҳишаш аҳамият надиҳед, рашкашро дӯст доред, ғазабашро фурӯ нишонед, эътиборашро сазовор гардед. Аз сукуташ эҳтиёт шавед, бонувони азиз!
***
Бевақтии шаб дарвозаи яке аз зотҳои шарифро касе кӯфт. Вай фаҳмид, ки дӯсташ омадааст. Дарҳол аз ҷо бархест, як халтача пул ва шамшер ба даст гирифт, ба рӯйи ҳавлӣ баромад, хидматгорашро фармуд пеш дарояд.
Ба дами дарвоза баромад, ки он ҷо дӯсташ нигарон буд. Гуфт: «Аз бевақтии шаб омаданат се чизро тахмин кардам. Якум, мабодо ба пул муҳтоҷ шуда бошӣ гуфта, дарҳол пул гирифтам. Дувум, мабодо душман сур карда бошад гӯён шамшерро бардоштам, севум, ягон кори муҳимаш баромада бошад, гуфта, бо хидматгор баромадам.

Мақсуд ҶОНИХОНОВ.

 

 

ФОЛНОМАИ ҲОФИЗ

Эй Ҳофизи Шерозӣ,
Ту кошифи ҳар розӣ.
Ҳар касе мехоҳад бар сеҳри ғазалиёти Ҳофиз фол бизанад, ибтидо ба рӯҳи Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ фотиҳа хонда, сипас ният карда, бо чашмони баста ангушти ишорат ба ғазале аз ӯ мениҳад ва бинобар он розҷӯӣ мекунад. Ҳоло мо ангушти ишорат ба рӯйи ғазали «Бӯстони суман» ниҳодем ва фолномаи Ҳофизро ҳамроҳ бо шарҳаш дар «Саҳифаи рӯзи истироҳат» манзури хонандагони азизи «Овози тоҷик» менамоем.
БӮСТОНИ СУМАН

Соқиё, омадани ид муборак бодат,
В-он мавоид, ки кардӣ, маравад аз ёдат!
Дар шигифтам, ки дар ин муддати айёми фироқ,
Баргирифтӣ зи ҳарифон дилу дил медодат.
Бирасон бандагии духтари раз, гӯ, бадар ой,
Ки даму ҳиммати мо кард зи банд озодат.
Шодии маҷлисиён дар қадаму мақдами туст,
Ҷойи ғам бод ҳар он дил, ки нахоҳад шодат!
Шукри Эзид, ки зи тороҷи хазон рахна наёфт,
Бӯстони суману сарву гулу шамшодат.
Чашми бад дур, к-аз он тафриқаат боз овард,
Толеи номвару давлати модарзодат.
Ҳофиз, аз даст мадеҳ давлати ин киштии Нӯҳ,
В-арна тӯфони ҳаводис бибарад бунёдат.

Ҳаводис ва сахтиҳову мусоиб (шакли ҷамъи мусибат) ҳамвора ҷавҳари аслиро аз байн намебарад ва гоҳ тақдир муҷиби боқӣ мондани ҷавҳари аслии фарди сахтидида ва мусибатчашида мешавад. Пас, ӯ ба шукронаи он набояд ёрон ва ёварони холиси худро аз чашм дур кунад. 

Таснифи Парвизи ИЗЗАТУЛЛО.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: