КИТОБИ МУАРРИХИ – КУВАЙТӢ «КИШВАРҲОИ МОВАРОУННАҲР» АЗ ЧОП БАРОМАД

Дар сафоратхонаи Ӯзбекистон воқеъ дар Ал-Кувайт бо муаррих ва нависандаи шинохтаи Кувайт, муаллифи китоби «Кишварҳои Мовароуннаҳр» Нодир ал-Васир вохӯрӣ баргузор шуд.

Дар ҷараёни мулоқот ислоҳоте, ки дар Ӯзбекистон татбиқ мешаванд, ҳамчунин масъалаҳои тарғибу ташвиқи васеи забони ӯзбекӣ, адабиёт ва таърихи Ӯзбекистон дар Кувайт ва мамолики араб баррасӣ гардид. 
Нодир ал-Васир муфассал ҳикоя кард, ки бори аввал соли 2017-ум ба Ӯзбекистон сафар кард, зеро соҳиби дараҷаи магистри таърих гардида, ба таърихи кишварҳои исломӣ рағбат зоҳир намудааст. Ҳамон вақт дар ӯ ғояи навиштани китоб дар бораи шаҳрҳои таърихии мамлакати мо пайдо гардид. Нависанда ҳамчунин изҳор дошт, ки дар асоси маълумоти ҳангоми сафараш ҷамъоварда, дар бораи шаҳрҳои бостонии Ӯзбекистон панҷ мақолаи илмӣ навишт. 
«Ман ба Ӯзбекистон солҳои 2017, 2018, 2022 ва 2023-юм сафар кардам, то асари худ «Кишварҳои Мовароуннаҳр»-ро нависам. – Ман таърихи шаҳрҳои куҳан, аз ҷумла Самарқанд, Бухоро, Тошканд ва Хиваро бевосита омӯхтам ва аз олимони маҳаллӣ маълумоти муҳим гирифтам, бо китобҳои таърихӣ шинос шудам. Мақолаҳои илмӣ, рисолаҳои номзадӣ, доктории муҳаққиқони Мисрро дар бораи таърих ва шаҳрҳои қадимаи Ӯзбекистон мехонам. Асарҳои олимони ӯзбек ва рус, ки ба забони арабӣ тарҷума шудаанд, низ аз назари ман дур намонданд. Дар натиҷа тавонистам, ки китоби «Кишварҳои Мовароуннаҳр»-ро нависам ва онро соли 2023-юм чоп намоям». 
Дар китоби мазкур оид ба даврони паҳншавии ислом дар ҳудуди Ӯзбекистони кунунӣ то тасхир шудани он аз ҷониби Русияи шоҳӣ маълумоти муҳим ва дақиқ ҷамъоварӣ шудааст. Аз ҷумла, китоб аз бобҳои бахшида ба таърихи Сомониён, Қарохониён, Салҷуқиён, муғулҳо, Амир Темур ва даврони Темуриён, ҳамчунин таърихи хонигариҳои ӯзбек иборат мебошад. Он аз 676 саҳифа ва 10 боб таркиб ёфта, ҳоли ҳозир ба хонандагони зиёди кишварҳои Кувайт, Арабистони Саудӣ, Баҳрайн ва Миср фурӯхта мешавад. 
Бинобар ақидаи муаллиф маълумоти муфассал дар бораи таърихи Ӯзбекистон – ватани мутаффакирони бузург Имом Бухорӣ ва Имом Тирмизӣ ба сокинони кишварҳои араб, аз ҷумла Кувайт, кам дастрас мебошанд. Китоби «Кишварҳои Мовароуннаҳр» барои арабҳо манбаи хеле муҳим буда, дар бораи таърихи Ӯзбекистон маълумоти пурра медиҳад. 
Дар ҷараёни вохӯрӣ муаррих ва нависандаи Кувайт иттилоъ дод, ки ният дорад бахшида ба мерос ва мадрасаҳои куҳани Ӯзбекистон низ китобе нависад. 

АИ «Дунё»,
шаҳри АЛ-КУВАЙТ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: