ИСТЕҲСОЛИ МАСОЛЕҲИ СОХТМОН ДАР САРИОСИЁ

Дар асоси Фармони Президент аз 9 июни соли 2021 «Дар бораи чорабиниҳои иловагӣ оид ба рушди салоҳияти саноат дар ҳудудҳо» ҷиҳати ривоҷ додани индустрияи сохтмон, дар асоси барномаи «Ипотекаи саноат» истеҳсол намудани маҳсулоти сохтмонӣ аз ашёи хом кредитҳо ҷудо карда мешавад.

Чунин вомҳо бо кӯмаки молиявии БСТ «Ӯзсаноатқурилишбанк» ба соҳибкорони минтақаи озоди саноати масолеҳи сохтмони «Сариосиё» ҷудо карда шуд.
Дар натиҷаи ин кумаки молиявӣ, ки муддати 7 сол (2 сол имтиёзнок) кредит дода шуд, дар ноҳияи Сариосиё барои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ минтақаи саноати хурди «Анорзор», ки масоҳаташ 5 гектарро ташкил мекунад, барпо карда шуд. Дар ин корхона масолеҳи сохтмони «ротбанд», лаку ранг ва ромҳои дару тиреза истеҳсол карда мешавад. Дар ҳудуди мазкур дар ҳолати ба назар гирифтани захираҳои ашёи хом ва имкониятҳо 8 лоиҳа, ки қимати умумиаш 4,5 млн. долларро ташкил мекунад, амалӣ гардид. Дар айни замон 5 лоиҳа пурра ба кор даромад ва дар натиҷа зиёда аз 70 ҷойи кор ташкил карда шуд. 
Вақте ки корхона бо тамоми иқтидораш ба кор медарояд, боз 120 нафар бо кор таъмин гардида, корхона дар як сол 67 млрд сӯм маҳсулоти сохмон истеҳсол мекунад, 1,1 млн доллар маҳсулот содир карда, 3,4 млн доллар маҳсулоте, ки ҷойи маҳсулоти воридотиро мепӯшонад, истеҳсол мекунад. Дар натиҷаи ин зиёда аз 10 млрд. сӯм ба буҷаи давлат ворид мегардад.

Олим ПАНҶИЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: