СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ДАР ҲАМОИШИ 14-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ, КИ ДАР ШАКЛИ ВИДЕОКОНФРОНС БАРГУЗОР ГАРДИД

Волоҳазрат, раиси муҳтарам Реҷеп Таййип Эрдоған!

Волоҳазрат, раиси муҳтарам Реҷеп Таййип Эрдоған!
Муҳтарам сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо!
Муҳтарам котиби генералӣ ҷаноби Сулаймонпур!
Пеш аз ҳама иҷозат диҳед ба ҳамаи иштирокдорони Ҳамоиши Созмони ҳамкории иқтисодӣ орзуҳои беҳтарини худро иброз намоям.
Ба Президенти муҳтарам Реҷеп Таййип Эрдоған барои раисии пурсамарааш дар Созмон, бо вуҷуди мушкилоти пандемия ва омодагии сатҳи олӣ ба анҷумани мазкур миннатдории амиқ изҳор мекунам.
Ба дӯстони турк ва шахсан ба ҷаноби Эрдоған барои дастгирии ҳамаҷонибааш дар мубориза бо пандемияи COVID-19 сипосгузории худро баён месозам.
Президенти муҳтарам Гурбангулӣ Мяликгулиэвич Бердимуҳамедовро бо раисии Туркманистон ба Созмон аз таҳти дил муборакбод менамоям.
Дар Ҳамоиши минбаъда, ки дар шаҳри Ашқобод мегузарад, ба мулоқоти рӯ ба рӯ умед мебандам.
Муҳтарам иштирокдорони вохӯрӣ!
Соҳати Созмони ҳамкории иқтисодӣ ин минтақаест, ки дорои имкониятҳои бузург бо таърих, дин, фарҳанг ва суннатҳои умумӣ мебошад. 
Аз қадимулайём ҳусни эҳтиром ва эътимод, робитаҳои тиҷоративу нақлиётӣ халқҳои бародари моро муттаҳид мекарданд. 
Мавзӯи ҳамоиши кунунӣ – «Ҳамкории минтақавии иқтисодӣ дар даврони пас аз COVID-19» бағоят рӯзмарра мебошад. Зеро пандемия, ки ба иқтисодиёти ҷаҳон таъсири манфӣ расонид, ба кишварҳои мо низ асар кард. 
Вай паҳлуҳои муқтадиру заиф, алоқаҳои назарраси тарафайн ва зарурияти минбаъд мустаҳкам намудани шарикии иқтисодии моро равшан ошкор намуд. Дар ҷаҳони имрӯз, ки бо муборизаи тезу тунди рақобатнок барои технология ва захираҳо, сармояҳо ва дастрасӣ ба бозорҳои хориҷӣ тафриқа дорад, муттаҳид кардани саъю кӯшиш ва имкониятҳои мо, васеъ истифода бурдани омилҳои барои якдигар муфиди иқтисодиётамон ба хусус дорои аҳамияти бузург аст.
Баробари ин бояд таъкид намуд, ки имкониятҳои тиҷоративу иқтисодӣ, молиявӣ, сармоявӣ, нақлиётиву коммуникатсионӣ ва энергетикӣ, ки дар доираи Созмони мо мавҷуданд, пурра истифода намешаванд. 
Вобаста ба ин ба мақсади минбаъд инкишоф додани шарикии бисёрҷанба бинобар самтҳои асосии «Созмони ҳамкории иқтисодии – 2025» мехостам таклифҳои зеринро пеш гузорам. 
Якум, зиёд кардани робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ маҳаки асосии рушди иқтисодӣ ба шумор меравад. 
Солҳои охир мубодилаи умумии моли Ӯзбекистон бо давлатҳои узви Созмон қариб ду баробар афзуд. Соли гузашта, бо вуҷуди вазъияти мураккаб, мо тавонистем ин ҳаҷмро нигоҳ дорем.
Ба фикри мо, замони аз байн бардоштани маҳдудиятҳои тиҷоративу нақлиётӣ, ки кишварҳои Созмон дар давраи карантин муқаррар карда буданд, фаро расид. 
Фикр мекунам, васеъ ҷорӣ кардани технологияҳои рақамӣ ва савдои электронӣ амалкарди ҳамкориҳои тиҷоратии моро хеле сабук мекунанд. 
Бо назардошти ин мо бояд ризоият ва қабул намудани Муоҳида дар бораи савдои тарафайнро, ки Туркия пешниҳод менамояд, тезонем.
Дуюм, инкишоф додани кооператсияи истеҳсолӣ дар пояи раванди сарпурсозии тарафайн ба баланд шудани некӯҳолии халқҳои кишварҳоямон мусоидат хоҳад кард. 
Фикр мекунем, ки барои татбиқ сохтани амали ин дурнамои муҳим кор карда баромадани «харитаи амалиёт»-и муштарак мувофиқи мақсад мебошад, ки самтҳо ва лоиҳаҳои мушаххасро дар бар мегирад.
Сеюм, таъмин сохтани ҳаракати озоди маблағҳо, мол ва хидматҳо дар байни давлатҳои аъзо, вусъат додани робитаҳои байнибонкӣ ва бо маблағ таъминкунӣ масъалаи рӯзмарра ба шумор меравад.
Мо пешниҳод менамоем, ки дар рӯзҳои наздиктарин бо иштироки бонкҳои кишварҳоямон Анҷумани байналхалқии бонкиву молиявиро баргузор кунем, ки барои ба амал татбиқ сохтани вазифаҳои мазкур хидмат хоҳад кард.
Чаҳорум, вусъат додани шабакаи гузаргоҳҳои нақлиётӣ ва баланд бардоштани иқтидори транзитии минтақаҳои мо ба беш аз пеш фаъол шудани ҳамкории иқтисодӣ мусоидат менамояд. 
Мо аз рушди минбаъдаи гузаргоҳҳои нақлиётии Ӯзбекистон – Туркманистон – Эрон – Уммон, Ӯзбекистон – Қирғизистон – Чин, ҳамчунин аз хатсайрҳое, ки аз тариқи Озарбойҷон ба Туркия ва кишварҳои Аврупо баромаданро таъмин мекунанд, манфиатдор мебошем.        
Ғайр аз ин, сохтмони роҳи нави оҳани «Мазори Шариф – Кобул – Пешовар» барои қаробати Афғонистон ба минтақаи васеи мо ва таъмин сохтани рушди устувор аҳамияти бузург дорад. 
Панҷум, якҷо бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) кор карда баромадан ва қабул кардани барномаи нави Созмони моро дар соҳаи амнияти хӯрокворӣ зарур мешуморем.
Вобаста ба ин мо тайёрем соли равон дар Ӯзбекистон ҷамъомади навбатии вазирони кишоварзии давлатҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодиро баргузор кунем.
Шашум, минтақаи мо, ки аз захираҳои бузурги энергияи нав ғанӣ мебошад, барои рушди «иқтисодиёти сабз» имкониятҳои бузург дорад.
Ман коркард ва тасдиқ намудани стратегияи миёнамуҳлатро, ки ба таъмин сохтани устувории энергетикӣ ва ба ин соҳа васеъ ҷалб намудани сармоя ва технологияҳои замонавӣ нигаронида шудааст, таклиф мекунам.
Ҳафтум, дар минтақаи мо, аз ҷумла дар Наздиарал, мо оқибатҳои манфии мушкилоти экологӣ ва тағйироти ҷаҳонии иқлимро куллан эҳсос менамоем. Бояд барои ҳаллу фасли ин масъала тамоми саъю кӯшишҳоямон муттаҳид карда шаванд. 
Созмон додани механизмҳои мушаххаси амалиёти ҳамкори минтақавиро дар самти мазкур мувофиқи мақсад меҳисобем.
Ҳаштум, моро зарур аст, ки дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ ҳамкориҳои худро бештар ва беҳтар кунем. 
Ташкил кардан ва дар доираи Созмон ҷорӣ намудани низоми мониторинги вазъиятҳои эпидемиологӣ ва пешакӣ ба нақша даровардани чораҳои дахлдорро таклиф менамоем. 
Муҳтарам иштирокдорони ҷамъомад!
Дар хотима мехостам бори дигар таъкид намоям, ки мо, бешубҳа, метавонем бо саъю кӯшишҳои муштарак ҳамкориро дар доираи Созмони худ ба дараҷаи нав, сатҳи беш аз пеш баландтар бардорем.
Барои эътиборатон ташаккур!  

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: