Афзалиятҳои густариши шарикии стратегии Ӯзбекистону Туркия муайян гардиданд

  • Афзалиятҳои густариши шарикии стратегии Ӯзбекистону Туркия муайян гардиданд
  • Афзалиятҳои густариши шарикии стратегии Ӯзбекистону Туркия муайян гардиданд
  • Афзалиятҳои густариши шарикии стратегии Ӯзбекистону Туркия муайян гардиданд

Мувофиқи барнома ҷаласаи дуюми Шӯрои ҳамкориҳои стратегии сатҳи олии Ӯзбекистону Туркия баргузор гардид.

Президенти Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев раҳбари Туркияро  хайрамақдам гуфта, аз сатҳи ҳамкорӣ, таҳкими ҳамкории байни парлумонҳо, мақомоти давлатӣ, доираҳои корчаллонӣ ва ҷамъиятии ду мамлакат изҳори қаноатмандӣ кард.  

Сарвари давлатамон таъкид намуд, ки Ўзбекистон аз минбаъд вусъат додан ва таҳкими муносибатҳои серҷанбаи Ӯзбекистону Туркия манфиатдор аст.

Президенти Туркия Реҷеп Таййип Эрдоған алоҳида таъкид кард, ки шарикии стратегии миёни ду кишвар, ки ба пояи равобити хонаводагӣ асос ёфтааст, дар ҳама соҳаҳо, дар фазои эътимод ва эҳтироми мутақобила ривоҷ меёбад.

Сарони давлатҳо бо қаноатмандӣ қайд карданд, ки имсол 30-юмин солгарди истиқрори равобити дипломатӣ ва 5-умин солгарди таъсиси муносибатҳои шарикии стратегӣ байни ду кишвар таҷлил мешавад.

Мубодилаи сафарҳои расмӣ ва робитаҳои мунтазами раҳбарони ду кишвар ба таҳкими муколамаи созандаи сиёсӣ мусоидат намуда, барои шарикии судманди амалӣ имкониятҳои васеъ фароҳам овард.

Алокаҳои тиҷоратию сармоягузорӣ босуръат инкишоф меёбанд. Ҳамин тариқ, дар солҳои охир додугирифти мутақобила 2,5 баробар афзоиш ёфта, аз 3,6 миллиард доллари ИМА гузашт. Шумораи корхонахои муштарак 5 баробар афзуда, аз 2000 гузашт. Нишондиҳандаҳои ҳамкории сармоягузорӣ 70 баробар афзуданд.

Ҷонибҳо ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба самтҳои афзалиятноки густариши минбаъдаи ҳамкориро, аз ҷумла дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, нақлиёт, саноати нассоҷӣ, энергетика, кишоварзӣ, тандурустӣ, табодули фарҳангу гуманитарӣ муфассал баррасӣ намуданд.

Дар бораи мустаҳкам намудани ҳамкорӣ бобати татбиқи ислоҳот дар Ўзбекистон, ҳамкории пайваста оид ба ҷорӣ намудани механизмҳои шарикии давлатию хусусӣ, амиқгардонии ҳамкорӣ дар соҳаи илм, таълим, санъат, кино, сайёҳӣ ва иттилоот ба мувофиқа расиданд.   Зимнан зикр гардид, ки дар ҷамъбасти мулоқот санадҳои муҳиме ба имзо хоҳанд расид, ки ҳамкориҳои Ӯзбекистону Туркияро ба сатҳи нав мебароранд. Созишномаҳо оид ба савдои имтиёзнок, рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сохтмон, тандурустӣ, адлия, табодули гумрукӣ ва ғайра аз ҷумлаи онҳост. Қабули «харитаи роҳ»-и муштарак барои татбиқи амалии қарорҳои ҷаласаи Шӯрои ҳамкориҳои стратегии сатҳи олии Ӯзбекистону Туркия ба нақша гирифта шудааст.

Бо дарназардошти миқёси ҳамкориҳои бадастомада ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки муносибатҳои дуҷонибаро ба сатҳи нав – шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ расонанд.

Дар хотимаи музокирот Реҷеп Таййип Эрдоған Шавкат Мирзиёевро барои иштирок дар ҷамъомади навбатии Шӯрои ҳамкории стратегӣ ба Туркия даъват кард.  

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: